Подоши меҳрбонӣ

Рӯзе марг суроғи марде рафт ва гуфт:

Рӯзе марг суроғи марде рафт ва гуфт:
– Имрӯз  охирин рӯзи туст.
Мард гуфт:
– Аммо ман омода нестам.
Азроил гуфт:
– Имрӯз исми ту дар рӯйхати ман дар ҷойи аввал аст.
Мард гуфт:
– Хуб, биё нишин, қабл аз рафтани ту бо ҳам як финҷонӣ қаҳва бинӯшем.
Азроил қабул кард. Мард барои Азроил қаҳва тайёр кард ва дар қаҳвааш чанд қурс доруи хоб андохт. Азроил қаҳваро нӯшид ва ба хоби амиқе фурӯ рафт. Мард рӯйхати ӯро бардошт ва исми худро аз аввалаш ҳазф карда, дар охир гузошт.
Ҳангоме ки Азроил бедор шуд, гуфт:
– Ту имрӯз бо ман хеле меҳрбон будӣ. Барои ҷуброни ин лутфу меҳрбонии ту имрӯз корамро аз охири рӯйхат шурӯъ мекунам...

Дар орзуи инсони комил

Пир (муршид)-е бо дӯсташ суҳбат мекард, ки дӯст аз ӯ пурсид:
– Чаро то ба имрӯз издивоҷ накардӣ?
Пир посух дод:
– Дар ҷавонӣ тасмим ба издивоҷ доштам, вале мехостам барои зиндагӣ зани комилеро пайдо кунам. Дашту саҳро ва шаҳру деҳотро ҷустуҷӯ кардам, то ба Димишқ расидам.
Дар он ҷо бо зани зеборӯе ошно шудам, ки аҳли маънӣ буд, вале мутаассифона дил ба дунё надошт.
Сафарамро идома додам, то ба Исфаҳон расидам. Дар он ҷо бо зане ошно шудам, ки аҳли дунё буд ва ҳам аз олами маънавият баҳра дошт, вале мутаассифона чеҳраи зебо надошт. Аз он ҷо ҳам сафар кардам то ба Қоҳира ворид шудам. Дар он ҷо бо зане ошно шудам, ки аз зебоӣ баҳра дошт, аҳли маънавият буд ва умур (корҳо)-и дунёиро ҳам раҳо накарда буд.
– Пас чаро ӯро ба ҳамсарӣ интихоб накардӣ?
– Дӯсти ман, ӯ ҳам дар интизори марди комил будааст.

Ганҷи ороста 

Низомии ГАНҶАВӢ

Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр,
Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар.
Ҳайфи он умр, ки эй басару по,
Дар раҳи тарбиятат гашт сипар.
Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст,
Бехабар аз падараш кард сафар.
Ранҷ бисёр кашиду пас аз он,
Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар.
Оқибат шуҳрати волое ёфт,
Ҳокими шаҳр шуду соҳибзар.
Чанд рӯзе бигузашту пас аз он,
Амр фармуд ба эҳзори* падар.
Падараш омада аз роҳи дароз,
Назди ҳоким шуду бишнохт писар.
Писар аз ғояти худхоҳиву кибр,
Назар афканд ба сару пойи падар,
Гуфт: – Гуфтӣ, ки одам нашавӣ,
Ту кунун ҳашмату ҷоҳам бинигар.
Пир хандиду сараш дод такон,
Гуфт ин нукта, бурун шуд аз дар:
– Ман нагуфтам, 
ки ту ҳоким нашавӣ,
Гуфтам: «Одам нашавӣ, 
ҷони падар».

Эҳзор – ҳозир кардан.

Таҳияи А. ДУРАНДЕШ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: