«Подоши некӣ – фақат некист»

  • «Подоши некӣ – фақат некист»
  • «Подоши некӣ – фақат некист»
  • «Подоши некӣ – фақат некист»
  • «Подоши некӣ – фақат некист»
  • «Подоши некӣ – фақат некист»
  • «Подоши некӣ – фақат некист»

Дар мактаб-интернати бачагонаи гаронгӯшони рақами 102 ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббию иҷтимоии мамлакат баргузор гардид.

Дар аввали нутқи худ Президент Шавкат Мирзиёев сураеро аз ояти «Раҳмон»-и Қуръони муқаддас ба ёд овард: «Подоши некӣ – фақат некист».

Эҳтиром ба насли куҳансол ва мадад ба муҳтоҷон – сифатест, ки дар шуури миллии мардумамон амиқ реша давондааст. Ҳамин тариқ дар давраи пандемия ҷунбиши умумихалқии «Некӣ ва дастгирӣ» васеъ паҳн гардид, ки иштирокдорони он ба эҳтиёҷмандон кумак расонданд, машаққат ва озмоишро якҷоя пушти сар намуданд.

Гиромӣ доштани қадри инсон, дастгирии аҳолие, ки ба ғамхорӣ ва дастгирӣ эҳтиёҷ дорад, самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлатамон ба шумор меравад.

Намунаи корҳои неке, ки дар ин самт ба амал меояд, фармони Президент аз 25 марти соли гузашта ба шумор меравад, ки дар он чорабиниҳо оид ба дастгирии иҷтимоии куҳансолон ва шахсони ногиро бобати ободонии хонаҳои интернати «Саховат» ва «Мурувват» муайян карда шудаанд. Аз он ҷумла, Агентӣ оид ба рушди хидматрасонии тиббиву иҷтимоӣ, санатория ва пансионатҳо барои собиқадорон чандин муассисаи дигари тиббиву иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Музди меҳнати роҳбарон ва духтурони хонаҳои «Саховат», «Мурувват», пансионати ҷумҳурии собиқадорон 1,5 баробар, музди меҳнати кормандони тоифаи хурд ва миёнаи тиббии ин муассисаҳо ду баробар зиёд карда шуд.

9,4 ҳазор куҳансолон ва шахсони ногиро, ки дар ин хона-интернатҳо иқомат мекунанд ва ҳамчунин 18 ҳазор шаҳрвандони дасттанҳо аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуданд.

Якҷоя бо фонди «Замин» беш аз 2 ҳазор кӯдакони гаронгӯш бо дастгоҳҳои рақамии шунавоӣ, 11 мактаб-интернати махсус бо дастгоҳҳои ёрирасони садоӣ таъмин карда шуданд. 900 нафар кӯдаки ногиро бо ҷиҳозҳои протезу ортопедӣ ва 1100 нафар бо аробачаҳои ногироӣ таъмин гардиданд.

Дар ҷамъомад ҳокимон дар бораи натиҷаҳои боздидашон аз муассисаҳои тиббиву иҷтимоии ҳудудҳои худ, вазъияти кор ва камбудиҳои ифшошуда гузориш доданд.

Аз он ҷумла ногузирии сохтмони бинои иловагӣ дар 12, хобгоҳ, ошхона, шуъбаи тиббӣ, толори варзишгоҳ дар 7, таъмири низоми гармидиҳӣ ва хунукдиҳӣ дар муассисаи 21-уми хонаҳои «Саховат» ва «Мурувват» таъкид гардид. Ғайр аз ин 6 хонаи бачагон ва 11 мактаб-интернати бачагони имконияташон маҳдуд ба таъмир ниёз дорад.

Президент ба шахсони масъул боз як бор ҷиддан омӯхтани ҳолати тамоми муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ ва омода намудани лоиҳаи қарори ҳукуматро супурд, ки баргузор намудани корҳои норгузири сохтмону таъмирро дар солҳои 2022-2024 пешбинӣ менамояд.

Роҳандозии низоми муоинаи пурраи тиббӣ, беҳдошт ва ташкили фароғати куҳансолон, шахсони ногирое, ки дар чунин муассисаҳо иқомат мекунанд, супурда шуд.

Таъкид гардид, ки бисёр тарбиягирандагони хонаҳои бачагон ба оилаҳои худ бармегарданд, 10 хонаи «Меҳрибонлик», 3 шаҳраки бачагон ва 2 хонаи бачагон бинобар зарурат надоштан баста шуданд.

– Кам гардидани миқдори хонаҳои бачагон ва тарбиягирандагони онҳо аз маънавияти баланд ва шарафнокии халқамон гувоҳӣ медиҳад. Аммо хеле хуб мешуд, ки агар дар мамлакатамон умуман ятим набошад! Аз ин рӯ тамоми чорабиниҳоро бояд андешид, ки онҳо аз ҷониби оилаҳои муносиб ба фарзандӣ  қабул карда шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Директорони муассисисаҳои тиббиву иҷтимоӣ пешниҳод ва фикри худро баён намуданд.

Дар ҷамъомад дар бобати ба муҳити обод ва сабз табдил додани маҳаллаҳо, фаъолсозии кори маданиву маърифатӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: