ПОЙ БИБАНД АЗ РАҲИ НОРАФТАНӢ...

Дархости беҳтарине, ки меҳмон ба мизбон таманно мекунад, даст ба дуо бардошта “хонаат тӯйхона шавад”, гуфтан аст.

Воқеан, тӯй амри нек аст. Халқи мо аз қадимулайём бо нияти тӯй иморат мебардораду сарват меғундорад. Тӯйи фарзандонро дидан орзуи олитарини ҳар як падару модар аст...
Суҳбати мо бо яке аз ашхоси обрӯманди маҳаллаи «Фаровон»-и ноҳияи Сайҳунобод, ба қавле муаллими мӯйсафеди мактаби рақами 19-ум, Аълочии таълими халқ Бозорбой Қурбонов дар атрофи ҳамин масъала буд.
– Муаллим, шумо, албатта, аз қарору фармонҳое, ки бобати ба тартиб овардани тӯю маъракаҳо эълон шуданд, хабар доред. Хоҳишмандам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро дар ин бора бо ҳаводорони рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ҳам бинед.
– Пеш аз он, ки банда баъзе мулоҳизаҳои худро иброз намоям, бояд гӯям, ки гуфтаҳоям ҳаргиз маънои «санги ман даҳ ман», ё «ҳамин тавр бояд бошад»-ро надорад. Онҳо танҳо фикру андешаҳои шахсианд, беш не. Албатта ҳар як қарору фармони Президент, ё Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри накӯаҳволии мардуми кишвар аст. Аммо пас аз ҳар қарору фармоне, ки бевосита ба маънавияти халқ дахлдор бошад, вуҷудамро бори гарони хиҷолат фаро мегирад ва фишор меорад ба ақлам, ба шуурам. Ақл ба шӯр меояд: кай мо ба лаби ин вартаи бемаънавиятӣ расидем? Охир, аҷдоди мо, магар маҳз бо маърифату маънавияти хеш аз оламиён як сару гардан боло набуданд? Ба он мероси маънавие, ки насиби мо гаштааст, халқҳои олам то ҳол бо чашми ҳавас нигоҳ мекунанду (зеро на ҳамаи халқҳои дунё чунин ганҷина доранд) аз он (Худоё!) бештар аз мо баҳрабардоранд. Бигирем масъалаи китобхониро. Кор ба ҳадде расид, ки Президент ба он дахл кард, чашми моро кушод... Мо бояд шарм дорем... Ва имрӯз масъалаи тӯю маъракаҳо... Ба назар чунин мерасад, ки ин давоми мантиқии қарор оид ба китобхонист. Охир, ҳамаи ин болопариҳо, манманиҳо, худнамоиҳо, агар меваи бемаънавиятӣ бошад, бемаънавиятӣ самари китоб нахондан аст. Аз мост, ки бар мост!
– Бале, муаллим, рост гуфтед, «аз мост, ки бар мост». Аммо шумо ҳамчун омӯзгор, яъне шахсе, ки бевосита бо маънавияти насли наврас сару кор дорад, баҳри ба мақсад расидан кадом роҳро наздиктар мебинед?
– Роҳи нисбатан наздик ҳамҷиҳатӣ аст. На танҳо муаллимон, балки ҳамаи зиёиён бояд ҳамҷиҳат меҳнат кунем. Фарзандонро, ҳамсоягонро, ҳамдеҳагонро, ҳамватанонро бояд ҳидоят кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки қарорҳои ҳукуматро на аз тарси ҷарима, балки бо дарки моҳияти онҳо ҳурмат кунанд. Ба аҳли доро низ бояд фаҳмонд, ки дабдабабозиҳо, худнамоиҳо аз бедиёнатӣ аст. 
Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Муҳсинӣ» овардааст: «...Ба амонат хиёнат раво нест. Масалан, дида амонатест, ки бад-он ба осори кудрат нанигаранд. Гӯш амонатест, ки суханони ҳақ истимоъ кунанд. Забон амонатест, ки бад-он зикр гӯянд. Даст амонатест, ки бар-он нафъ ба халқ расонанд...» 
Бармеояд неъмате, ки Худо баҳри аҳли дорам арзонӣ кардааст, низ амонат аст, на баҳри худнамоӣ ва исрофкорӣ, балки барои хайру эҳсон ба ниёзмандон. Агар не он, ки қудрати додан дорад, қудрати боз пас гирифтан низ дорад...Ва ба амонат хиёнат, ғояти бедиёнатӣ будааст...
– Аз хайру эҳсон ёдовар шудед, имрӯз вазъияти ҷомеа дар ин бобат дар кадом поя аст?
– Хайру эҳсон як рукни маънавият аст ва дар радифи суннатҳои беҳтарини аҷдодӣ қарор дорад. Бояд эътироф намуд, ки сиёсати оқилонаи Президенти кишварамон дар ин ҷода низ бараъло намоён шуд. Тадбиркорону соҳибкорон ин суннати аҷдодиро ҳоло эҳтиром мекунанд ва боиси хурсандист, ки сафи онҳо торафт меафзояд. Ҳадисе, ки Мавлоно Ҷомӣ назм кардаанд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст, 
–  месазад, ки яке аз шиорҳои рӯзгори имрӯзу фардои мо бошад. Бигирем тавонгаре фалон доллар сарф карда, тӯйи овозадоре дод. Овозаи он тӯй умри кӯтоҳ  дорад. Агар ӯ даҳяки ҳамон сарватро сарф карда, тӯйи як ниёзмандро мегузаронд, чанд авлоди он ниёзманд номи ӯро бо эҳтиром ба забон мегирифт. Боз, савоб амалест, ба чашми Худованд наздик ва беҳтарин воситаи рафъи гуноҳ... Маврид, ки мувофиқ афтод, мехостам боз як мулоҳизаи решапайванди ин мавзӯъро гӯям. Чанд сол пеш тариқи телевизион барномаеро бо иштироки нависандаи шодравон Тоҳир Малик дида будам. Дар рафти барнома нависанда чунин гуфта буд: «...ба масҷиде даромадам, қолинҳои бешуморе таҳ карда монда...» ва мақсади нависанда аз ин наҳ задани ибодатгоҳ набуд. Ин ҷо боз гап дар сари ҳамон маънавият аст, саҳеҳтар гӯем, маънавияти эҳсон. Масҷид даргоҳи муқаддас аст, мардум он ҷо баҳри бо Офарандагор наздиктар шудан раванд ва месазад, ки обод кунем ин маконро. Аммо кош мо ба муҳтоҷон, ба мактабҳоямон низ бо ҳамин чашм нигоҳ кардан, дил ба даст оварданро меомӯхтем. Банда дар тӯли умри шасту ду солаам бори аввал аз даҳони Президент шунидам, ки дар ҷомеаи мо «камбағалон» низ будаанд. Ин ҳақиқати талхро дар 25 соли сипаригашта ягон роҳбар ба забон нагирифта буд. Бармеояд, ки будаанд ниёзмандони эҳсон. «Муъмин бародари муъмин аст».  Пас дасти саховат дароз кунем ба бародари хеш...
– Муаллим, вазъият дар мактаб чӣ гуна аст? Оё шогирдон доир ба тӯю маъракаҳо фикри мустақили худро доранд?
– Мо дар деҳот зиндагӣ мекунем. Мардуми деҳот натанҳо ҳама якдигарро мешиносанд, балки ҳафт пушти якдигарро медонанд. Агар устод ба шогирд чизеро талқин кунаду шогирд дар зиндагӣ акси онро бинад, тасаввур кунед натиҷабардории ӯ чӣ ранг мегирад. Гуфтаниям, ки ин ҷо боз ҳамон ҳамҷиҳатӣ лозим аст, муамморо аз як гиребон сар баровардан ҳал мекунад. Албатта, устодон ҳидоятгари роҳи ростанд, аммо бояд гуфт, ки онҳо ба кӯмаки волидайн ниёз доранд. Ин гапи нав нест, балки муаммои куҳнаи ҳалталаб аст. Бояд иқрор шуд, ки ҳамкории мактабу падару модарон ба дараҷаи бояду шояд нест. Ба ҷуз аз ҷамъомади падару модарон (ҷамъомади модарон гӯем аниқтар аст) кам иттифоқ афтодааст, ки падар ё модаре омада, ба дарсҳо иштирок карда бошад... Чашм ибратгир аст. Пас мебояд зиндагии ҳаррӯзаи тамоми деҳа ибратгоҳи хуб бошад. Танҳо дар ҳамон сурат  дар тарбияи насли наврас  натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд... Биёем ба масъалаи фикри мустақили шогирдон. Албатта, солҳои мактабхонӣ фикри мустақили хонанда то андозае шакл меёбад. Аммо олами романтика хеле мунаққаш аст ва ҷавонон моиланд ба ин олам. Аз ин рӯ табиист, ки фикру ақидаи онҳо тез-тез дигаргун мешавад. Бигирем, ҷавон тарафдори тӯйи пурдабдаба нест. Аммо падару модари ӯ: «мо орзую ҳавас дорем, ту як бор хонадор мешавӣ, аз пул парво накун»  гӯянд, кам дар кам ҷавонон ба ақидаи худ истодагарӣ карда метавонанд. Чи тавре ки дар боло гуфтем, олами романтика хеле рангину...боз оҳанрабо дорад ва мешиканад «фикри мустақил»-ро... Мебинед, ки мо баҳри ҳалли муаммо боз сӯйи маънавият бояд равем...
– Ташаккур, муаллим. Ба ҳаводорони »Овози тоҷик» боз чӣ гуфтаниҳо доред?
– Орзуро айб нест, мегӯянд. Банда мехостам гӯям, ки кош садсолагии «Овози тоҷик»-ро бо даҳҳо ҳазор адади нашр пешвоз гирем. Он гоҳ бо овози баланд гуфта метавонистем, ки маънавияти халқи мо қомат рост кардааст.
– Омин!

Тӯхтамиши БОҚӢ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: