ПОЙДЕВОРИ МУСТАҲКАМИ ҲУҚУҚИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ДИЁРИ МУСТАҚИЛ

Дар даврае, ки нооромӣ ва ҷангу ҷидол дар як қатор нуқтаҳои рӯи замин идома дорад, экстремизм ва терроризм фаъол шудааст, моҷароҳои минтақавӣ барҳам нахӯрдаанд, таъмин намудани амният ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, осудагии ҳаёти халқ, мустаҳкамсозии мудофиаи кишвар, пешгирӣ сохтани таҳдидҳои берунӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

Дар даврае, ки нооромӣ ва ҷангу ҷидол дар як қатор нуқтаҳои рӯи замин идома дорад, экстремизм ва терроризм фаъол шудааст, моҷароҳои минтақавӣ барҳам нахӯрдаанд, таъмин намудани амният ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, осудагии ҳаёти халқ, мустаҳкамсозии мудофиаи кишвар, пешгирӣ сохтани таҳдидҳои берунӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Маҷмӯи ҳуҷ-ҷатҳои ҳуқуқӣ, ки дар асоси қоидаҳои конститутсионӣ оиди фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ офарида шудаанд, дар рӯзҳои мо ба ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳа замина ҳозир намуданд.
Сиёсати Ӯзбекистон дар соҳаи мудофиа ба таъмини суверенитети давлатӣ, якпорчагӣ, ҳифзи манфиатҳои мамлакат, дар навбати аввал, барпои давлати ҳуқуқии демократӣ ва ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон, ҳаёти осуда гузаронидани халқи мо нигаронида шудааст. Асосҳои ҳуқуқии ин сиёсат дар Конститутсия ва як қатор ҳуҷҷатҳои қонунии дигар  ифодаи худро ёфтааст. Акнун баҳри ривоҷи Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти пурсамари он асосҳои меъёриву ҳуқуқии лозима мавҷуд мебошад. Ин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ принсипҳои сиёсати ҳарбӣ ва сохтори ҳарбӣ, низоми таркибӣ ва тартиби идоракунии онро муайян менамояд.
Қабул шудани қонуни конститутсионии «Дар бораи асосҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба солномаи қонунгузорӣ дар соҳаи мудофиа ибтидо гузошт. Бо фармони Нахустпрезидент аз 6 сентябри соли 1991 мақоми ҳуқуқӣ, сохтори ташкилӣ, сохт ва низоми Вазорати дифоъ тасдиқи худ дарёфт.
Дар арзи вуҷуд намудани Қувваҳои Мусаллаҳ дар диёри соҳибистиқлоли мо қарори Шӯрои Олӣ аз 14 январи соли 1992 аҳамияти алоҳида касб намуд. Мувофиқи он тамоми қисмҳо, омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, муассисаву ташкилотҳо ва дигар сохторҳои ҳарбии собиқ иттиҳод, ки дар сарзамини мо ҷой гирифтаанд, ба юрисдиксияи Ӯзбекистон гузаронида ва Қувваҳои Мусаллаҳи давлатамон ташкил карда шуд. Санаи мазкур баъдтар Рӯзи ҳимоятгарони Ватан эълон гардид.
Дар байни давлатҳои ИДМ Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда «Дар бораи мудофиа» (1992), «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбии умумӣ ва хидмати ҳарбӣ» (1992) барин қонунҳои худро қабул кард, ташкили мудофиаи мамлакат, тартибу таомули ҳуқуқии адои хидмати ҳарбӣ ҷорӣ гардид. Дар ҷараёни ислоҳи муттасили Қувваҳои Мусаллаҳ сохторҳои ташкилию штатӣ ва идоракунии ҳарбӣ, ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои навъҳои гуногуни лашкар, механизми таъмини ҳамкории онҳо ташаккул ёфт, оиди беҳсозии омодасозии касбии хидматчиёни ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо корҳои бузург ва аҳамиятнок ба амал бароварда шуданд.
Сохтори омӯзишгоҳҳои ҳарбии олӣ ва умуман нуқтаҳои таълими ҳарбӣ пурмуҳтаво гашт, модели ба худамон хос ва моси омодасозии кадрҳои миллӣ офарида шуд. Дар доираи ислоҳот қисмҳое ташаккул дода шуданд, ки ҳаракатҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин менамоянд. Округҳои ҳарбии махсуси Марказӣ, Тошканд, Шарқӣ ва Ҷанубӣ-Ғарбӣ, мактаби омодасозии сержантҳо, Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуданд.
Баъд аз он Ӯзбекистон ба артиши миллии худ соҳиб гашт, ки он ба таъмини амнияти мамлакат, якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳадҳои мо, ҳифзи ҳаёти осудаи халқ ва ҳалли самараноки вазифаҳои тактикию стратегӣ қодир мебошад.
Имрӯзҳо ба ташкил шудани Қувваҳои Мусаллаҳ 30 сол пур мегардад. Ҷашни муборак ба маънои том ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар қалби ҳар яки мо ҳисси ватанпарварӣ, мардӣ, ҷасурию ифтихорро бедор менамояд. Мустаҳкамсозии базаи мод-дӣ-техникии Қувваҳои Мусаллаҳ дар маркази эътибори роҳбари давлат қарор ёфта, дар натиҷаи чораҳои маҷмӯӣ, ки андешида мешаванд, салоҳияти артиши миллӣ торафт боло меравад.
Ин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ давраи нави рушдро аз сар гузаронида ва маҳорати баланди касбӣ намоиш медиҳад.
Дар давраи кӯтоҳи таърихие, ки гузашт, Кумитаи давлатии саноати дифоъ дар вазъи муттаҳидсозии корхонаҳои ихтисосонидашуда бо таркиби пурра ба фаъолият сар кард. Он айни замон дар ташкили корхонаҳои базавӣ ва азнавҷиҳозонии техникӣ лоиҳаҳои навро ба амал мебарорад.
Боз як самти дигар — муттасил мустаҳкамсозии базаи моддӣ-техникии артиш, ҷиҳозонидани он бо силоҳу техникаи замонавӣ, нигоҳдошт ва модернизатсияи аслиҳаҳои мавҷуда маънои ба дараҷаи баланд омодагии ҷанговарона доштани артиши моро ифода менамояд.
Ба тамоюлҳои асосии Доктринаи дифоъ такя намуда, дар доираи ба амал баровардани Стратегияи рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар риштаҳои рушду навсозӣ чораҳои маҷмӯӣ ба амал бароварда шуданд.
Тавре дар моддаи 52-юми Конститутсия нишон дода шудааст, ҳифзи Ватан вазифаи шарафноки шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳисоб меёбад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳимоятгари кафолатноки осудагии ин мамлакат ва ҳаёти халқи мо мебошад. Айни замон дар боз ҳам баланд бардоштани салоҳияту қудрати Қувваҳои Мусаллаҳ, ки посбони ҳаёти осудаи мост, ба маънии пурра ба ифтихори халқи мо табдил ёфтани артиши миллӣ саҳм гузоштан бояд вазифаи муқаддаси ҳар яки мо қарор гирад.

Маҳмуд МАҲАМАДОВ, 
иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқи инсони ДДҲТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: