ПОЙДЕВОРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Алҳол дар мамлакатамон оид ба соҳаи таълими томактабии бачагон ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Дар вилояти Сирдарё низ барои таъмин сохтани таълими томактабии насли наврас дар асоси нақшаи коркардшуда корҳои назаррас ҳаллу фасл мегарданд. Инро дар мисоли корҳои шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Сайҳунобод метавон мушоҳида кард. 
– Маълум, ки кӯдак дар оила шакл меёбад, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Сайҳунобод Акрам Раҳмонов. – Вазифаи мо, яъне кормандони муассисаҳои таълими томактабӣ ба тарзи муштарак ба роҳ мондани ин тарбия аст. Дар кӯдакистон, пеш аз ҳама, ба ривоҷ додани инстинкти модарзоди кӯдак — мустақилӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Яъне мустақил хӯрок хӯрдан, мустақил фикр кардан ва онро мустақилона баён кардан, бо ҷамоа хӯ гирифтан ва дар он мавқеи худро пайдо кардан... Албатта, ин ҷараён таҳти роҳбарӣ ва кӯмаки тарбиятгарон сурат мегирад. Дар зинаҳои болоӣ бошад, дар замири кӯдакон нисбат ба хондану навиштан меҳр парварида мешавад. Онҳо сабақҳои нахустини саводомӯзиро маҳз дар ҳамин ҷо оғоз мекунанд... 
Бале, рост мегӯяд Акрам Раҳмонов, зеро фарқи кӯдаки аз боғча ба мактабрафта аз онҳое, ки ба муассисаи таълими томактабӣ нарафтаанд, аз замин то осмон аст. 
Бояд иқрор шуд, ки то соли 2017 нисбат ба масъалаи тарбияи томактабӣ фориғболие мушоҳида мешуд. Дар ноҳияи Сайҳунобод танҳо 11 боғчаи бачагона монда буд. Аксари биноҳои боғчаҳои бачагонаи деҳот фурӯхта, ё аз бесоҳибӣ валангор шуда буданд. Пас аз зуҳури Қарори Президент “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани соҳаи таълими томактабӣ дар солҳои 2017– 2021” аз 29 декабри соли 2016 муносибат ба ин соҳа ба куллӣ дигар шуд. Се бинои кӯдакистонро, ки ба тасарруфи ташкилотҳои дигар гузашта буданд, боз ба муассисаи таълими томактабӣ баргардониданд. Сохтмони биноҳои нав оғоз ёфт. Соли 2018 дар ноҳия миқдори муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ ба 18 адад расид. Ғайр аз ин соли гузашта ҳафт нафар соҳибкор дар асоси шарикӣ бо давлат ба сохтани боғчаҳо камар бастанд, ки алҳол чортои онҳо ба кор даромаданд. Имрӯзҳо аҳли маҳаллаҳои “Янгиобод”, ”Гулистон”, ”Бахмалсой” ва ”Иттифоқ”аз фаъолияти муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ мамнунанд. Соли ҷорӣ дар ноҳия боз се боғчаи бачагонаи ғайридавлатӣ ва ду кӯдакистони оилавӣ ба кор сар карданд. 
Агар соли 2017 дар миқёси ноҳия танҳо 22 фоизи бачагон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб  шуда бошанд, алҳол ин нишондиҳанда ба 43,7 фоиз баробар аст ва то охири соли ҷорӣ ба 58 фоиз хоҳад расид. Дар кӯдакистонҳо таълиму тарбия ба се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. 
– Албатта, дар зарфи ду сол ин нишондиҳандаҳо бад нестанд, – мегӯяд ҳамсӯҳбатам Акрам Раҳмонов, – аммо лоиқи таъриф ҳам нест. Дар ноҳияамон 19 маҳалла ва 40 деҳа ҳаст. Дар маҳаллаҳои ”Тӯрон”, ”Синтоб”, ”Фаровон”, ”Ӯзбекистон”, ”Нурли йӯл”, ”Ӯрикзор” ва «Мустақиллик» муассисаҳои таълими томактабӣ нестанд. Бешубҳа, боғчаҳои бачагонаи давлатӣ ҳам сохта мешаванд, аммо мо боз ба кӯмаки тадбиркорони ҳимматбаландамон ниёз дорем.  Соли ҷорӣ ҳашт нафар тадбиркор ният доранд муассисаҳои таълими томактабиро дар асоси шарикӣ бо давлат бунёд кунанд.  Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода шудаанд, танҳо розигии Вазорати таълими томактабиро интизорем. 
Зиндагӣ силсилаест, ки ҳамаи ҳалқаҳои он бояд ба ҳам мустаҳкам пайваст бошанд. Агар аз миён ҳалқае гусаста шавад, холигӣ ба вуҷуд меояд. Тарбияи наслҳо ба ин ҳалқаҳо шабоҳат дорад. Мабодо, ки як насл ба таври бояду шояд тарбия наёбад, дар он сурат ҷамъият низ азият мекашад. 
Ҳокимияти ноҳияи Сайҳунобод, шӯъбаи таълими томактабии ноҳия ин ҳақиқати зиндагиро медонанд, аз ин рӯ саъю кӯшиш доранд, барои тарбияи насли наврас пойдевори мустаҳкам гузоранд. 

Тӯхтамиш БОҚИЕВ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” 
дар вилояти Сирдарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: