ПОЙДЕВОРИ ТАЪЛИМ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Таълиму тарбияи фарзандон аз кӯдакӣ шурӯъ меёбад.

 Бинобар ин нақши муассисаҳои таълими томактабӣ барои пурра ба тарбия фаро гирифтани  хурдсолон назаррас аст. Дар ҷумҳурии мо барои ҳарчи бештар кушодани кӯдакистонҳо аҳамият дода мешавад. Муассисаҳои таълими томактабие,  ки замоне бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд,  дубора ба туфайли ғамхорӣ ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.  Ин ҳол натанҳо хурдсолон, балки волидонро ҳам хеле хушҳол месозад. 
– Дар ноҳияи мо шумораи бачаҳои аз 3 то 7-сола 3587 нафарро ташкил медиҳад, – гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Мирзочӯл Зинура Соҳибназарова.  – Аз ин 2763 нафар ба боғча меравад, яъне, 78,7 фоизи бачаҳои  ин синну солро муассисаҳои томактабӣ  фаро гирифтаанд. 
Дар ноҳия 15 муассисаи таълими томактабӣ  мавҷуд аст. Ду боғчаи бачагона дар асоси шарикӣ бо давлат фаъолият мекунад. Дар мавриди кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳо то ба ҳол мушкиливу муаммо ба чашм намерасад. Ҳар рӯз ҷавонони зиёд дари моро мекӯбанд, ки ба кор гирем. Мо ҳам то қадри тавон мушкилии онҳоро ҳал менамоем. 
Зинура Соҳибназарова сипас ба ходими худ фармуд, ки  моро то муассисаи таълими томактабии рақами дуюми «Бунафша» ҳамроҳӣ кунад. Ин муассисаи таълими томактабии калонтарини ноҳия  дар маҳаллаи Мустақиллики шаҳри Гагарин воқеъ аст. Моро мудираи он Хурсаной Норматова пешвоз гирифт ва ба ҳолати кунунии муассиса шинос кард. Назар ба гуфти ӯ, боғча дорои 340 ҷой аст.  Маҳфилҳои гуногун ба монанди мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, забони англисӣ, шашка ва шоҳмот амал мекунанд,  ки ба инкишофи зеҳнии бачагон хидмат хоҳанд кард. Дар ин муассиса 58 нафар кормандон меҳнат мекунанд. Боғча дорои ҳама гуна шароит мебошад. Моҳи январи соли ҷорӣ Сарвари давлат ҳангоми ба вилояти Ҷиззах ташриф овардан аз ин муассисаи таълими томактабӣ дидан карда буд. 
Муассисаи таълими томактабии рақами 6-уми «Нурли қуёш» дар маҳаллаи Мирзодала ҷойгир аст. Дар ин ҷо 160 нафар бачагон тарбия мегиранд. Тавре ки мудира Наргис Абдувалиева тазаккур дод, роҳбари ноҳия ва намояндагони сектори дуюм ваъда додаанд,  ки пайи беҳ намудани шароити ин муассиса кӯмак мерасонанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: