БА МУНОСИБАТИ НЕК ВА ЭҲТИРОМИ БАЙНИЯКДИГАРӢ ВОБАСТА АСТ
Дар ҷамъиятамон доир ба осудаву хушбахт умр ба сар бурдани одамон ва таҳкими пойдории оилаҳо корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.
Хоссатан, Фармони Президентамон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва таҳким бахшидани идораи оила», аз 2 феврали соли 2018 ва қарори доирнамудаи ӯ «Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи таҳким бахшидани институти оила дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 27 июни соли 2018, ба масъалаи асосӣ – ба афзудани обрӯю нуфузи занону духтарон ва ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардани онҳо дар ҷамъият, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи модару кӯдак ва тавассути таҳкими пойдории оила ноил гардидан ба зиндагии хушбахтонаи ҳар як инсон нигаронида шудаанд.
Биноан, дар мулоқотҳои ошкоро бо халқ доир ба таъмини пойдории оилаҳо корҳои амалӣ анҷом дода мешаванд. Таассуф, бо вуҷуди ин, зану шавҳароне ҳастанд, ки аз якдигар ҷудо шудан мехоҳанд. Дар зер ба сабаби пошхӯрии девори оилаҳо ва ҳолатҳое таваққуф хоҳем кард, ки дар ҷараёни тафтишу таҳлилҳо муайян гардидаанд
Дар аксари ҳолатҳо дуруст ба роҳ монда нашудани мунсибатҳои заношӯӣ сабаби фурӯпошии оилаҳо мегардад. «Сухани аз даҳон барамада, тири аз камон ҷаста» мегӯянд дар урфият. Зоҳиран мебинед, ки оилаҳое бо тарбияи фарзандони қобил машғуланд, муносибаташон низ он қадар бад нест. Вале сухани ноандешида гуфтаи зан ё шавҳар ё ҷавоби дурушту дағалонаи яке аз ҷонибҳо сабаби дарз хӯрдани оила мегардад.
Мисолан, ба падаре, ки се фарзанд дошт, суҳбати телефонии занаш, ки бо ӯ понздаҳ сол боз ба сар мебурд, хуш намеояд, аз ин рӯ, вай носазо мегӯяд, аз даҳони зан низ чанд сухани таҳқиромез мебарояд. Дар натиҷа, сели носазогӯйиҳо пули муносибатҳои заношӯйиро шуста мебарад. Ё зани панҷоҳсолае – модари чор фарзанд, ба сабаби он ки ба баҳонаи ночиз обрӯйи шавҳари маъюбу бешуғлашро дар назди фарзандонаш мерехт, ба фурӯпошии бинои оилааш замина мегузорад.
Тавре ки мегӯянд: «Як сухан кӯтоҳ – олам гулистон», агар як тараф паст меомад, шояд кор то ба сарҳади зиндаҷудоӣ намерасид.
Зеро пойдории оила ба муносибати байни зану шавҳар бастагии зиёд дорад. Сад афсӯс, ки ба сабаби беэътиборию беэътиноӣ бинои баъзе оилаҳо хароб мегардад.
Сабаби дигари дарз пайдо кардани косаи оилаҳо ин аст, ки баъзе мардон саргарми кору бори зиндагӣ лутфи худро аз ҳамсарони худ дареғ медоранд, ин аст, ки ба боғи оила боди сард мевазад. Дар рафти суҳбати ошкоро маълум гардид: марде, ки ду фарзанд дораду аз ҳамсараш ҷудо шудааст, дар ёд надорад, ки тӯли зиндагии заношӯйӣ боре ба занаш сухани нарме гуфта буд ё на. Ҳамчунин ошкор гардид, ки ба модари фарзандонаш боре чизе ҳадя накарда будааст.
Мақолу суханони пандомези халқ: «Ҳар чӣ корӣ, он бидравӣ» ё «Аз рӯйи меҳр – меҳр» беҳуда гуфта нашудаанд.Агар сарвари оила тарбияи фарзандон ва ҳамаи бори зиндагиро ба дӯши зан нагузошта, ба ӯ меҳр монад, ҳеҷ набошад хӯроки пухтаашро таърифкунон хӯрад, муносибати хуб кунад, пеши ҳолатҳои нохуш гирифта мешавад.
Дар ҳадиси Расули акрам низ омадааст: «Ҳаққи занонро риоя намоед. Ба онҳо аз рӯйи шафқат муомила кунед. Дар назди ҳаққи онҳо аз Худо тарсед. Занон барои шумо амонати Худоянд».
Биноан, сардори оила – мардон бояд ба чароғи хонадон – ҳамсар ва модари фарзандони худ арҷ гузоранд, онҳоро эҳтиром намоянд. Ин дар навбати худ ба тарбияи фарзандон таъсири мусбати худро мегузорад.
Бобати таъмини пойдории оила бояд боз ба як чиз рӯйи эътибор гардонд. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки зану шавҳар ба аз нав барқарор кардани муносибатҳои пешина розиянд, вале дар айни ҳол имкони ба маҷрои аввала баргардондани зиндагӣ вуҷуд надорад, мард изҳор менамояд, ки аз ғояти хашму ғазаб ба зан «талоқ» додааст. Ин ҳолат тақозо дорад, ки ҳангоми никоҳ кардани ҷавонон муллоён бояд ба онҳо чӣ будани никоҳ, маҷбурияти зану шавҳар дар назди якдигар ва талоқро фаҳмонанд.
Абдулло Авлонӣ дар рисолаи «Гулистони туркӣ ё худ ахлоқ»-и худ фармудааст: «Оне, ки нафси худро ром кардааст, бо тамкину тааннӣ ҳаракат мекунад. Нафсро аз кибру ғурур ва ҳалокат бозмедорад. Сабр нерӯест, ки шаҳватро ба иффат, ғазабро ба шуҷоат, шиддатро ба ҳилм, кибру манманиро ба тавозӯъ ва бадиро ба некӣ табдил дода метавонад».
Ҳолати дигаре, ки сабаби фурӯпошии бинои оилаҳо мегардад, гапу калочаҳои беасосест, ки аз ҷониби наздикон, дӯстон ва пайвандони домод ё келин дар ҳар ҷо бехгушӣ карда мешавад.
Дар байни халқ сухани пурҳикмате сари чанд вақт ба забон гирифта мешавад, ки ин аст: «Келини хуб гапи хонаро ба кӯча намебарорад». Ин гап беҳуда гуфта нашудааст, зеро ҳар як оила сири худро дорад. Табиист, ки аз ҷониби ягон узви оила ошкор карда шудани ин сир ба ҳисори дӯстию ҳамҷиҳатии оила рахна меандозад.
Суҳбатҳои инфиродӣ бо ҷавонон, бо назардошти арзишҳои миллӣ, фаҳмондани чӣ будани некӣ ва бадӣ, ҳалолу ҳаром, гуноҳу савоб натиҷаи матлуб мебахшад.
Аз шикоятҳое, ки ба Суди олӣ меоянд ва эродҳои баъзеҳо дар қабулҳои сайёр ин маъниро мехонед, ки гӯё ин ё он судя муддати аризаи барои бекор кардани ақди никоҳ (бо додани муддатҳои иловагӣ ба ҷонибҳо) додашударо, беасос, дароз мекунад, бояд барои ин чора дид.
Биёед, меъёрҳои дар қонун пешбинишударо як сӯ гузошта, мантиқан биандешем: зану шавҳар бо сабабҳои ночиз ҷудо шуда истодаанд, чӣ бадӣ дорад, агар судя барои ҳифзи оилаи онҳо ва зиндаятим намондани фарзандонашон саъю кӯшиш ба харҷ диҳад? Дар асл, магар ба баҳонаи мушкили зиндагӣ, ба суд муроҷиат кардан як ҳолати ғайритабиӣ нест?!
Дар суд аз ҷониби шавҳар ё зан гоҳо ибораи «якҷо зиндагӣ кардан ё накардан кори шахсии ман аст» такрор садо медиҳад. Ҷойи баҳс нест, якҷо зистан ё назистан ба хоҳиши дуҷониб бастагӣ дорад, вале оила масъалаи шахсӣ нест. Зеро оиларо аз ҷамъият ва ҷамъиятро аз оила наметавон ҷудо тасаввур кард. Иллатҳои ҷамъият ба оила ҳар қадар таъсир расонад, носозгориҳои оила низ ба ҷамъият ба он андоза таъсиргузор аст.
Дар натиҷаи фурӯпошии оила, сарфи назар аз он, ки мо мехоҳем ё на, масъалаи хонаву ҷой ва мушкилоте, ки аз он бармеояд, ба дарди ҷамъият табдил меёбад. Зиндаятимони дар кӯча монда, занони танҳои ба гирдоби дарёи зиндагӣ афтода, мардони ҳузуру ҳаловатро аз оилаи худ пайдо карда натавониста, саргардон гардида... Ин ҳама натанҳо мушкили оила, балки мушкили ҷамъият низ ҳаст.
Ё бигирем бачаи бе падар ё модар ба воя расидаистодаро. Бо вуҷуди эътибори зарурӣ додан ба тарбияи ӯ, дар ҳаракат ва рафтору кирдораш набудани падар ё модараш эҳсос мегардад. Бале, ҷойи меҳри падару модарро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад.
Имрӯз фурӯпошии оилаҳо ба яке аз дардҳо – мушкили ҷамъият табдил ёфтааст. Тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар судҳои шаҳрвандӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ 27 ҳазору 701 кор дида шуда, имкони аз фурӯпошӣ нигоҳ доштани 16 ҳазору 739 оила пайдо нашуд. Албатта, ин ҳолати ташвишовар аст.
Аризаҳои оиди бекор кардани ақди никоҳ, вақте дар суд мавриди муҳокима қарор мегиранд, сабабҳои ҷудошавӣ басе ночиз ба назар мерасад. Биноан, аз ҷониби судҳо, ба сабаби беасос будани талаби даъвогарон, қариб 11 ҳазор кор мавриди баррасӣ қарор нагирифт.
Тавре ки роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев фармудааст: «Эътибор ба оила, эътибор ба худист. Агар мо оиларо ҳифз нанамоем, худиро аз даст медиҳем».
Воқеан, ояндаи ҷамъият ба пойдории оила ва дар канори падару модар ба камол расидани фарзандон вобастагӣ дорад. Биноан, масъалаи таҳкими пойдории оила ва пешгирии ҷудошавиҳо, мушкилест, ки ба ҳамаи падару модарон, аҳли ҷомеаи васеъ ва ҳар як инсон дахл дорад. Дар ин бобат ҳамаи мо масъулем.
Холмуъмин ЁДГОРОВ,
ҷонишини раиси Суди олӣ (ӮзА).