Шӯрои иҷроияи Кумитаи сиёсии ӮзЛиДеП дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд таҳти мавзӯи «Муносибатҳои Ӯзбекистону Афғонистон: зинаи нави тараққиёти сиёсӣ» мулоқоти кушод ташкил намуд.
Шӯрои иҷроияи Кумитаи сиёсии ӮзЛиДеП дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд таҳти мавзӯи «Муносибатҳои Ӯзбекистону Афғонистон: зинаи нави тараққиёти сиёсӣ» мулоқоти кушод ташкил намуд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳое, ки дар анҷумани байналхалқии бахшида ба Афғонистон 26-27-уми марти соли ҷорӣ дар Тошканд таҳти мавзӯи «Ҷараёни сулҳхоҳона, ҳамраъйӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ» ба миён гузошта шуданд, эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Иштирокчиён дар ҷамъомад маърӯзаҳои аъзои фраксияи ӮзЛиДеП дар Палатаи қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Шарофиддинов, роҳбари маркази институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.Мустафоев ва тадқиқгари илмии кафедраи сиёсати ҷаҳони Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд Р.Расуловро оиди моҳияти ин анҷумани байналхалқӣ шуниданд.
Дар маърӯзаҳо таъкид гардид, ки анҷумани байналхалқии бонуфузи оиди масъалаҳои Афғонистон натанҳо дар таъмини бехатарии Афғонистон, балки дар минтақа ва тамоми дунё ташаббус ва қадами нав буда, музокираҳои ин самтро ба дараҷаи амалӣ баровард. Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҳамсояро, ки яке аз самтҳои устувори сиёсати хориҷии мамлакат мебошад, Президент Шавкат Мирзиёев ҳанӯз дар маъракаи пешазинтихоботии худ таъкид намуда буд. Кишвари моро аз Афғонистон дарёи Аму ҷудо месозад. Чандин асрҳо мардуми ин кишвар якҷо умр ба сар мебурданд.
Баромадкунандагон доир ба муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя – Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон фикр ронда, таъкид намуданд, ки мустаҳкам гардидани ҳамкории мо бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳонӣ низ шоистаи эътибор дониста мешаванд.
Г. КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»