ПОЙДОРИИ САРҚОНУН ВА ҚОНУНҲО – ГАРАВИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

Ба қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 сол пур шуд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Сарқонуни мамлакати мо дар заминаи ҳамаҷониба омӯхтан, таҳлилу таҳқиқи амиқи таърихи донишҳои ҳуқуқии инсоният, таҷрибаи давлатҳои мутараққиву демократии олам, бо назардошти анъанаҳои пешқадами давлатдории миллӣ ва бостониамон ба вуҷуд омада, ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва омили муҳими муваффақиятҳои назарраси Ӯзбекистони соҳибистиқлол нақши таърихӣ мебозад.
«Сарқонуни мо, ки дар аввали солҳои истиқлол қабул шуд, дар муносибатҳои байни шахс, ҷамъият ва давлат ҳуқуқҳои тарафайн ва ӯҳдадориҳо, ҳамчунин кафолати онҳоро дақиқу равшан муайян кард», – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии бахшида ба 27-умин солгарди қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон. «Сарқонуни мо сарфи назар аз ҷинс, ирқ, миллат, дин, баромади иҷтимоӣ баробарҳуқуқии шаҳрвандони кишварамонро эътироф кард ва барои кафолати пешрафти замонавии демократия замина фароҳам овард», – таъкид кард роҳбари давлат.
Дар ҳақиқат самаранокии ҳар гуна ислоҳоти демократӣ, оромиву осудагӣ ва тараққиёти мамлакатро бидуни таъмин сохтани пойдории Сарқонун ва қонунҳо тасаввур кардан аз имкон берун аст. Ҳаёт собит кардааст, ки онҳоро пухта наомӯхта, ба талабҳои гузоштаашон амал накарда, ба натиҷае соҳиб шудан низ имконнопазир мебошад. Сарвари давлат дуруст қайд намуд, ки «дар мамлакати мо ҷараёни корҳо бобати «қалбан дарк кардани муаммоҳои мунтазам, ба муқобили оқибатҳои манфии вайроншавии қонун мубориза бурдан ташаккул додани низоми саривақт бартараф кардани чунин ҳолатҳо бағоят рӯзмарра мебошад».
Донистани Сарқонун ва қонунҳои дарамал ба ҳар яки мо имконият медиҳад, ки дар кору зиндагӣ ҳадди худро донем ва масъулияти худро дар назди давлату ҷомеа дарк намоем. Одатан хушомадгӯии кӯр-кӯрона ба роҳбар ва итоаткорӣ ба супоришҳои ғайриқонунии вай аз заифии дониш ва пастии маданияти ҳуқуқии ин ё он ходим гувоҳӣ медиҳад. Дар акси ҳол дар ҷамоа раванди корҳо бинобар меъёрҳои қонун сурат мегирад ва натиҷаи он ба дилҳо сурур мебахшад. Риояи қонунҳо барои хурду бузург, роҳбару коргари оддӣ, умуман ҳама ҳатмист. Агар савияи ҳуқуқдонии роҳбар паст бошад, ё рафтори ғайриқонунӣ содир кунад, ҷомеа бештар зарар мебинад. Ҳақ бар ҷониби сарвари давлат аст, ки мегӯяд: «Агар вазир ё ки ҳоким мазмуну моҳияти қонунро нафаҳмад, дарк накунад, барои ба ҳаёт татбиқ сохтани он ҷоннисорӣ нанамояд, пешбурди ислоҳот, бедор кардани ташаббускорӣ дар байни мардум душвор хоҳад шуд».
Воқеан, нописандӣ нисбат ба қонун, лоқайдию бепарвоии одамон ба ин масъала боиси дар ҷомеаамон решадавонии иллатҳои манфӣ гаштааст. Ҳол он ки бобати ба зинаи нав бардоштани инкишофи миллӣ, масъулиятшиносӣ, эҳсоси ӯҳдадориҳои худ дар назди ҷамъият ва қонун барои ҳар як шаҳрванди мамлакат хоҳ вай роҳбар бошаду хоҳ коргари оддӣ чун обу ҳаво зарур аст.
Ҳамчун омӯзгор, роҳбари собиқи ҷамоаи педагогӣ ва шаҳрванди оддии мамлакат маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро аз рӯзномаи «Овози тоҷик» мутолиа намуда, аз ташвишу изтиробҳои сарвари давлат, ҷонсӯзию ватандӯстӣ ва халқпарвариҳои ӯ бори дигар огоҳ шудам. Бояд ошкоро эътироф кард, ки се соли охир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон тағйиротҳои куллӣ ба амал меоянд. Камбудиву нуқсонҳое, ки тайи солҳои зиёд садди роҳамон шуда буданд, тадриҷан бартараф мешаванд. Ба назарам, аввалин комёбии мо тӯли ин солҳо муносибати оқилонаву инсонпарварона ба аризаю муроҷиатҳои халқамон аст. Муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя, эътибори махсус ба дӯстии халқҳои маскуни Ӯзбекистон, бартараф гардидани мушкилоти тафовути байни пули нақду кортҳои пластикӣ ҳангоми пардохти нафақаю музди меҳнат, ислоҳоти кулли соҳаҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ, ғамхориҳои бемисл нисбати таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ, камолоти наврасону ҷавонон, ба воситаҳои ахбори оммавӣ роҳ ёфтани ҳақиқати рӯзгор ва ғайра бо орзую омоли мардум ҳамоҳанганд.
Давлатеро, ки пояаш аз адлу инсоф аст, дар ҳимояи Офаридгор хоҳад буд. Солҳои охир ислоҳоте, ки дар соҳаи суду ҳифзи ҳуқуқҳои инсон рух медиҳанд, аз сиёсати олии инсонпарваронаи мо гувоҳӣ медиҳанд. Ратификатсия гардидани конвенсияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат «Дар бораи меҳнати маҷбурӣ» ва «Дар бораи инспексияи меҳнат дар саноат ва савдо» аз ин ҷумла мебошанд. Ман бештар аз сӣ сол директори мактаби миёна будам. Ҳар сол давраи пахтачинӣ барои мо омӯзгорону талабагон мавсими душвору азоб буд. Барномаҳои таълимӣ ихтисор мешуданд. Фермер тӯйхӯрӣ мекарду мо сарварони мактабҳо дар пункти пахтақабулкунӣ пеши ҳоким аз хусуси ҷараёни ғунучини ҳосил ҳисобот медодем. Ҳоло бе омӯзгору талаба, донишҷӯю ҳашарчии шаҳрӣ низ нақшаҳои ғунучини пахта иҷро мешаванд. Ҳоло ба роҳбарону омӯзгорони имрӯзаи мактаб, ба талабагони таълимгоҳҳо бо ҳавас менигарам, зеро онҳо туфайли ғамхории давлат фақат бо касбу кор ва вазифаи қонунии худ машғуланд.
Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки алҳол давлат дар шароити мураккаб имконият ва маблағ пайдо карда, барнома ва лоиҳаҳои бузургро амалӣ менамояд. Дар гирду атрофамон корхона, роҳ, пул, кӯдакистон, мактаб ва бемористонҳои нав, иншооти маданият ва варзиш, иморатҳои истиқоматӣ бунёд мешаванд. Мо бояд барои чунин ҳаёти орому осуда шукрона гӯем.
Ҳамчун собиқадори соҳаи таълиму тарбия бо мақсади инкишоф додани шуур ва маданияти ҳуқуқии ҷамъият таклифи сарвари давлатро бобати «аз низоми таълими томактабӣ шурӯъ кардан ба тарбияи ҳуқуқӣ»-ро хеле муҳим мешуморам. Инчунин дуруст аст, ки бояд ба савияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии омӯзгороне, ки аз фанҳои «Алифбои Сарқонун», «Дарсҳои Сарқонун», «Асосҳои Сарқонун» дарс медиҳанд, эътибори махсус дода шавад.
Оре, давлате, ки шиораш ғояи «Мардум аз мо розӣ бошад – Офаридгор низ аз мо розӣ мегардад» ҳаргиз кам намешавад.

Сайфулло АВЕЗОВ,
Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
фаъоли маҳаллаи «Қӯрғони Вардонзе»-и ноҳияи Шофиркон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: