ПОЙГОҲИ АСОСИИ ДУНЁИ МАЪНАВӢ

Ҳар як халқ забони модарии худро дӯст медорад.

Ҳар як халқ забони модарии худро дӯст медорад. Забонҳои дигарро-чӣ? Ба забони халқҳои дигар низ ба дараҷаи муайян меҳр мондан як ҳолати табиист. Барои мо, тоҷикҳои ӯзбекистонӣ, ҷуз забони модариамон забоне, ки ба қалб ва тафаккуру маънавиятамон наздик, ин забони ӯзбекист.
Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки камина ба дунё омадаву одаму оламро шинохтааст, тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Мактабҳои таълими умумӣ – пурра тоҷикӣ... Яке аз модаркалонҳои нависандаи ин сатрҳо, ки «отинбибӣ» буданд, ғазалҳои рӯҳпарвари Машрабу Увайсӣ, Қул Хоҷаи Аҳмад (Яссавӣ)-ро аз китобҳои «куҳна» мехонданд. Ман ҳанӯз кӯдак ва сар ба зонуяшон гузошта, мисле алла шунида истода бошам, бароҳат хоб мерафтам. Ба маънии суханҳо сарфаҳм наравам ҳам, фарогири як олам мазмунҳои олӣ будани онҳоро мисле қалби кӯчакам ҳис мекард. Аз байн солҳои зиёд сипарӣ шуданд. Аз даврае, ки ақли худ шинохтам ва ба адабиёти халқи бародар то андозае ошно шудам, ба адибоне, ки номашон зикр гашт, меҳрам дигархелтар. Ба назарам чунин мерасад, нахустин донаҳои муҳаббатро нисбати забоне, ки «туркӣ» мегуфтанд дар гузаштаи наздик, дар кӯдакиам модаркалонам пошидаанд бо ҳамон қироатҳои хушгувор. Мегӯянд, меҳр дар чашм. Ва ман мегӯям, «меҳр – дар гӯш» ҳам будааст. Хусусан, панду фармудаҳои Яссавии бузургвор, ки дар тифлӣ мешунидам, ҳанӯз паси гӯшҳоям садо медиҳанд, рӯ-рӯи боли «ҳикматҳо» гӯё ба он олами беғубор парвоз мекунам, насиҳатҳоро, ки воқеан ҳаётианд ва зарбулмасалро монанд, ба мағз ҷой мекунам...
Бале, мактабҳо дар Сӯх тоҷикианд ва моддаи чаҳоруми Конститутсияи Ӯзбекистон амал менамояд, ки дар он гуфта шудааст: «Забони давлатии Ӯзбекистон забони ӯзбекист.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он буду бош доранд, арҷ мегузорад ва ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».
Аз шароите, ки фароҳам оварда шудааст, тоҷикҳо низ баҳраманданд. Забоне, ки бо қонуни 21 октябри соли 1989 қабулгардида мақоми давлатӣ гирифт, дар мактабҳои ӯзбекӣ чун забони модарӣ, дар мактабҳои тоҷикӣ (ҳамчунин қароқалпоқӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) ба сифати забони давлатӣ омӯзонида мешавад.
Ӯзбекӣ ва тоҷикӣ мансуб ба ду оилаи забонҳо бошанд ҳам, ба якдигар наздик. Даҳҳо калимоти туркӣ-ӯзбекӣ дар забони адабии тоҷик дар шакли асл истифода шаванд, як қисми муайяни таркиби луғавии забони халқи бародарро калимаҳои тоҷикӣ ташкил менамоянд. Ин низ имкон медиҳад халқҳоямон забони якдигарро осон омӯзанд, гуфтугӯ кунанд, дар роҳи равнақи он то андозае хидмат намоянд.
Мисли форсӣ-тоҷикӣ таърихи садсолаҳо доштани туркӣ-ӯзбекӣ ва адабиёти хаттии он ба касе сир нест. Ин ду забон ва адабиёт аз қадим робитаи мустаҳкамро ба роҳ гузошта омадаанд. Маҳз тавассути забони бой, рангину ҷилодор ва маънирези мардуми ду халқ дар тамоми дунё хираду бузургвории ниёгонамон намоиш ёфт. Муҳаббат ба забони якдигар буд, ки шоирҳоямон ҳанӯз дар асрҳои миёна бо ду забон шеър мегуфтанд. Анъанаи зуллисонайнӣ ҳанӯз идома мекунад, дӯстии адабии халқҳоямон бошад, ба дӯстии абадӣ табдил ёфтааст. Забони ӯзбекӣ, ки мақоми давлатӣ гирифтанашро 31 сол пур мешавад, ба маънии пурра рамзи худшиносии миллӣ ва истиқлолияти давлатист.
4 октябри соли 2019 қарори Президент «Дар бораи васеъ таҷлил намудани 30-солагии қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гашт. Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии мақоми давлатӣ гирифтани забон бошад, Президент баромад намуд ва, аз ҷумла, таъкид сохт, забони ӯзбекӣ яке аз забонҳои қадимӣ ва ғановатманди ҷаҳон мебошад.
Дар солҳое, ки сипарӣ гашт, барои аҳолии Ӯзбекистон, намояндагони бештар аз сад миллату халқият, ки дар ин сарзамин кору зиндагӣ мекунанд, забони ӯзбекӣ кӯпруки маънавие гардид, ки дар роҳи таъмини сулҳ ва салоҳ дар ҷамъиятамон хидмат менамояд.
Ҳаёти ҳар гуна халқ, мисле дар оина, дар забон ва адабиёти миллии он инъикос меёбад, гуфта буд маърифатпарвари номӣ Абдулло Авлонӣ. Вале нақши забон ҷудогонатар мебошад, зеро забон ҳаст, ки адабиёт (адабиёти хаттӣ дар назар аст) ба бунёд оварда мешавад. Аввалин адабиётҳои хаттие, ки дар роҳи муҳофизат ва такмили забони туркӣ-ӯзбекӣ офарида шудаанд, «Девони луғот-ит-турк»-и Маҳмуд Қошғарӣ ва «Қутатғу билиг»-и Юсуф Хос Ҳоҷиб мебошанд. Баъдтар Навоию Бобур бо асарҳои ҷаҳоншумули худ ин забонро ҳарҷониба равнақ бахшиданд ва ба исбот расонданд маҳз забон пойгоҳи асосии дунёи маънавист.
21 октябри соли сипаришуда Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ» ба имзо расид. Дар ин ҳуҷҷати муҳим нигоҳ доштани тозагии забони давлатӣ ва бойгардонии он, баланд бардоштани нутқи аҳолӣ ба сифати яке аз вазифаҳои асосӣ алоҳида қайд гардидааст.
Оре, нигоҳ доштани тозагии забон барои ҳама ва ҳар кас, ки сокини ин мамлакат аст, зарур. Хусусан, барои рӯзноманигорон ва адибон, ки бо ӯзбекӣ эҷод мекунанд. Аз ҷониби онҳо риоя карда нашудани оддитарин талаботи меъёрҳои ифода ба аҳолӣ, хусусан, ба насли ҷавон таъсири нохуб гузоштанаш мумкин. Зеро насли ҷавон сир ва нозукиҳои забони адабиро нафақат дар дабистонҳо аз омӯзгорон ва омӯзиши китоб, балки аз воситаҳои нашрии оммавӣ, телевизион ва радио меомӯзад.
Мутаассифона, дараҷаи забондонии зумрае, ки ба тозагии забон ва дурустии тарзи баён ҷавобгаранд, то андозае паст. Иллат нафақат дар ифодаи даҳонӣ, балки дар навиштаҷот, ки ба умум пешниҳод мегардад, зиёд ба назар мерасад.
Қоидаҳои имло ва луғатҳои эзоҳии забони ӯзбекӣ кайҳо чоп шудаанд. Дар ҷое, ки нофаҳмӣ ё баҳс сар зад, ба онҳо такя кардан мумкин. Вале ин гуна манбаъҳо начандон муътамад ва аз норасоиҳо холӣ набошанд-чӣ?
Дар ибтидои солҳои бистуми асри гузашта кор карда баромадани қоидаҳои грамматикии забони ӯзбекӣ бо баҳсу мунозираҳо ҷараён гирифт. Забонамонро аз унсурҳои бегона тоза мекунем, гуфтанду аз баҳри бисёр калимаю ифодаҳои аҷдод, дурдонаҳое, ки дар осори Навоию Бобур дучор меомаданд, баромаданд. Ё калимаю ибораҳои пурмаъно дар асл не, дар шакли вайроншудаашон мавриди истифода қарор гирифтанд. Гуфтанд, забон ва адабиётамонро халқӣ, яъне ба халқ наздик мекунем. Ин хуб. Вале дар истифодаи шева ҳамчун яке аз сарчашмаҳои забон ба меъёр чандон риоя нанамуданд. Хатое, ки наздик сад сол қабл аз ин дар кор карда баромадани қоидаҳои имло сар зад, имрӯз низ таъсири ногувори худро мегузорад.
Роқими ин сатрҳо натавонист нисбати ин масъала бетараф бошад. Камина дар ин бобат тавассути мақолот дар рӯзномаҳо бо унвони «Тилнинг адабийлиги нимада?!» («Ӯзбекистон адабиёти ва санъати»), «Бой ӯрнида вой» («Ӯзбекистон овози»), «Ислоҳ устидаги ислоҳ» («Шарқ зиёси»), «Ташриф буюрдим» – эмас, «келдим» денг!» («Жамият»), «Бирор сӯз нишонда адашмасин» («Ҳуррият»), «Сухандон ким?» («Нуроний») ва ғайра фикру ақидаҳои шахсиамро баён намудам. Мурод аз он – роҳ нагузоштан ба лоқайдиҳо дар масъалаи риоя ба тозагии забон, дар асл истифода кардани дурдонаҳое, ки дар офарида шудани осори ҷаҳоншумули ниёгон чун восита хидмат кардаанд, ба саҳлангорӣ дода нашудан дар истифода аз лаҳҷаву шева дар адабиёти хаттӣ. Хуб мешуд ҳар як сухан бо шакли дуруст ба имлои забони адабӣ, ҳар як ифода дар шакли маънодори худ ба таркиби луғати эзоҳӣ дохил мешуд ва ин луғатҳо «конститутсия»-и ба худ хоси забони давлатӣ қарор мегирифтанд, ки риоя ба нишондодашон шарт ва зарур.
Қонуну қарорҳое, ки вақтҳои охир қабул шуданд, дар масъалаи  бартарафсозии норасоиҳо, бовар дорем, чун асоси ҳуҷҷатӣ хидмат мекунанд.
Ислоҳоте, ки солҳои охир татбиқ мегарданд, Ӯзбекистонро ба маънои ҳақиқӣ ба давраи нав ворид сохтанд. Дар силсилаи дигаргуниҳо пурзӯр шудани эътибор ба забони давлатӣ қобили қайд аст. Зеро ин забон танҳо бойигарии маънавии халқи ҷудогона не, неъмати тамоми мамлакат мебошад.

М.ШОДИЕВ,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: