ПОЙГОҲИ ИЛМИ МУСИҚӢ

Мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагона, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, барои пурмазмун гузарондани вақти холии хонандагон, асрори мусиқӣ ва санъати тасвирию амалиро аз худ кардани онҳо нақши муҳим доранд.

Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 19-уми ноҳияи Бӯкаи тобеи Садорати маданияти вилояти Тошканд низ дар рушди қобилият ва истеъдоди наврасону ҷавонони ноҳия, хушу мазмуннок гузаштани вақти холии онҳо, кашфи ҷавонони соҳибиқтидор, ҳунарманд, аз мусиқии миллӣ ва ҷаҳон, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ғайра баҳраманд сохтани наврасон саҳм мегузорад. Дар мактаби мазкур барои хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. 
– Мактаби мо соли 2012 аз нав таъмир гардида, намои замонавӣ касб намуд. Алҳол дар ин ҷо 417 нафар хонандагон бино бар 13 самти мусиқӣ ва санъат таълим мегиранд. Ба онҳо 47 нафар омӯзгор асрори мусиқӣ ва санъати амаливу тасвириро меомӯзонанд, – мегӯяд муовини директори мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 19-уми ноҳияи Бӯка Ҷавоҳир Ҳамидов. – Мактаб бо асбобҳои замонавии мусиқӣ, мебел ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Машғулиятҳо дар ду баст бурда мешаванд. То имрӯз танҳо хонандагони синфҳои 2-юм ва 3-юм таҳсил мекарданд, аз соли хониши 2018/2019, яъне пас аз 11-сола шудани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ синфҳои чорум ва панҷумро низ қабул кардем. 
Бинобар гуфтаи Ҷ.Ҳамидов хонандагони мактаб ҳамасола дар озмун ва ҷашнвораҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, соҳиби ҷоиза ва диплому сертификат мегарданд. Масалан, дар озмун-азназаргузаронии байналхалқие, ки соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳти унвони «Северная Венетсия» («Венетсияи шимолӣ») баргузор шуд, ду нафар шогирди мо ҷойи якумро ба даст оварданд. Шогирдонамон ҳамчунин дар озмун ва тадбирҳои фарҳангие, ки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии худӣ баргузор мегарданд, фаъолона иштирок мекунанд.  
– Боиси ифтихори мост, ки ба наздикӣ сарвари мактабамон Ӯктам Раҳматуллоев мувофиқи Фармони Президент бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардид, – гуфт Ҷ.Ҳамидов. – Албатта, ин эътибори Сарвари давлат ба мо — ҳамкорони устод ва шогирдони мактаб дар фаъолияти минбаъда илҳом мебахшад. 
Боиси зикр аст, ки алҳол хонандагон пас ва ё пеш аз дарсҳо бо мақсади пурмазмун гузарондани вақти холии худ ба ин маскани мусиқӣ омада, навохтани рубобу дутор, доира, фортепиано, гитара, иҷрои рақс, асрори санъати тасвирӣ, амалӣ ва ғайраро меомӯзанд.    

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: