ПОЙГОҲИ МАЪНАВИЯТИ СОЛИМ

Қарор ва иҷро

Қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми таълими томактабӣ барои солҳои 2017-2021» аз 29 декабри соли 2016, дар амалӣ сохтани корҳое, ки дар низоми муассисаҳои таълими томактабӣ татбиқ мешаванд, ҳуҷҷати муҳим гардид. Мувофиқи қарори мазкур дар мамлакатамон ба боз ҳам беҳтар кардани сифати таълими томактабӣ, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ дар ҷойҳо бунёд кардани муассисаҳои нави замонавӣ, таъмири мукаммали муассисаҳои таълими томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Боиси зикр аст, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба рушду равнақи таълими томактабӣ, ки дар низоми тарбияи авлоди наврас зинаи аввал ва муҳим ба ҳисоб меравад, эътибори алоҳида медиҳад. Инро дар мисоли ҷамъомадҳои видеоселектории марбут метавон мушоҳида кард. Аз ҷониби Сарвари давлатамон 30 сентябри соли 2017 Фармон «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани идоракунии низоми таълими томактабӣ» ва Қарор «Дар бораи ташкил кардани фаъолияти Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид, ки дар рушду тараққӣ ёфтани низоми мазкур нақши муҳим мегузоранд. 
Имрӯз мувофиқи қарору фармонҳои Президенти мамлакат дар саросари кишварамон бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ вазифаҳои навбатӣ пешниҳод гардида, нақшаи корҳои васеъмиқёс ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби шуъбаҳои таълими томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёд, таъмиру тармим ва мукаммал таъмир кардани муассисаҳои таълими томактабӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. 
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар мамлакатамон эътибори ҳукумат, аз ҷумла аҳолии кишвар, ба муассисаҳои таълими томактабӣ дигаргун гашт, ки инро дар мисоли ҳар якеи ин муассисаҳо метавон мушоҳида кард. Муассисаи таълими томактабии рақами 4-уми ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд аз ҷумлаи кӯдакистонҳоест, ки соли 1968 ташкил ёфта, то имрӯз дар миқёси ноҳияи мазкур мавқеи ба худ хос дорад. 
– Аз қарору фармонҳое, ки Сарвари давлатамон дар бораи рушду равнақи муассисаҳои таълими томактабӣ қабул мекунад, маъмурияти кӯдакистони мо низ хеле хурсанд, – мегӯяд мудираи муассисаи таълими томактабии рақами 4-уми ноҳияи Пискент Барно Раҳмонова. – Алҳол дар муассисаи мо 109 нафар наврасон тибқи барномаи «Болаҷон» ва технологияи замонавии педагогӣ таълиму тарбия мегиранд. Дар ин бобат тарбиячиён Матлуба Комилова, Зумрад Фозилова, Дилбар Абдусамиева, Нилуфар Абдуллоева, Маҳмуда Мираҳмедова, Зулола Уринбоева, Саодат Маҳкамова ва Наргис Уринбоеваҳо саҳми босазо мегузоранд. 
Бинобар гуфти Барно Раҳмонова  дили бачаро ба коғази сафед ташбеҳ медиҳанд, ба он аз хурдсолиаш ҳар чӣ, ки навиштед, боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар агар аз хурдсолии бача таълиму тарбияи он хуб ба роҳ монда шавад, дар оянда вай чун инсони комил ба воя мерасад. Дар муассисаи мо наврасон мувофиқи синну солашон дар чор гурӯҳ таълиму  тарбия мегиранд. Маҳфилҳои «Забони русӣ», «Забони англисӣ», «Расмкашӣ», «Мусиқӣ», «Шиносоӣ бо муҳити зист» фаъолият мебаранд, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳои мазкур дар ин бора корҳо мунтазам бурда мешаванд. Дар ҳар як хона гӯшаи китоб ташкил карда шудааст, ки китобҳо мувофиқи синну соли гурӯҳҳо мавҷуданд. Аз ҷониби маъмурияти муассиса ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта «Рӯзи дарҳои кушод» эълон шудааст, ки падару модарон метавонанд он рӯз омада оиди таълиму тарбияи фарзандони худ бо тарбиячиён суҳбат кунанд, бо дар маҳфилҳо чӣ гуна иштирок кардани бачаҳои худ ва тарзи хӯрокхӯрии онҳо шинос шаванд. 
Тавре ки Б.Раҳмонова мегӯяд, имрӯз дар муассиса давра ба давра баланд бардоштани малакаи тарбиятгарон, аз ҷиҳати моддӣ рағбатнок кардани тарбиячиёни пешқадам, ба тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ ва сифати маҳсулоти хӯрока ва ғайра эътибори алоҳида дода мешавад. 
– Имрӯз муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ҳаёти маънавӣ, ҷаҳонбинӣ, таълиму тарбияи наврасон нақши муҳим мегузоранд. Дар ин ҷо бачаҳо бо ҳамсолони худ шинос мешаванд, бо онҳо бозӣ мекунанд, навиштану хондан, расмкашӣ, забонҳои хориҷиро меомӯзанд,  – мегӯяд тарбиятгари муассисаи мазкур Матлуба Комилова. – Ба фикри ман, тарбиятгар набояд бо корҳои дигар машғул шавад, балки бештар бо бачаҳо кор барад, барои онҳо чизеро омӯзонад, онҳоро танҳо нагузорад. Дар таълиму тарбия ва пурмазмун гузарондани вақти холии онҳо саҳм гузорад. Чанде қабл қарори Президент «Дар бораи чораҳои такмил додани шароити пардохти меҳнати табақаҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои давлатии таълими томактабӣ» қабул гардид, ки ин эътибор  масъулиятамонро дар фаъолияти минбаъдаи мо дучанд мегардонад ва ман кӯшиш мекунам, бо ҳамкасбонам тамоми донишу маҳорати худро дар таълиму тарбияи наврасон сарф намоям. 
Боиси зикр аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълими томактабӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ин бобат корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Албатта, ин эътибор дар оянда аз рушду нуфузи таълими томактабии мамлакат дарак медиҳад. Воқеан, муассисаҳои таълими томактабӣ ё худ кӯдакистонҳо дар рушду ташаккул ёфтани маънавият, шууру тафаккури наврасони хурдсол нақши муҳим мегузоранд. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: