ПОЙИ КАЛОН ДАР РӮИХАТИ «8 МӮЪҶИЗАИ СҲШ»

Дар доираи ҳамоиши тантанавие, ки ба муносибати рӯзи СҲШ дар шаҳри Пекин гузаронида шуд, муаррифии «8 мӯъҷизаи давлатҳои СҲШ» баргузор гардид.

Чорабинӣ аз тарафи Котибияти СҲШ ташкил гардида, дар он дипломатҳо ва намояндагони доираҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва соҳибкорон ширкат варзиданд.
Чи тавре ки саркотиби СҲШ Владимир Норов таъкид кард, қароре, ки 18 сол қабл доир ба ташкил намудани созмони мазкур қабул гардида буд, барои осудаҳолии мамлакатҳои аъзо роҳи муҳими стратегӣ гардид.
Меҳмонони чорабинӣ бо ҳамроҳии саркотиб аз намоишгоҳи «8 мӯъҷизаи давлатҳои СҲШ»-ро дидан карданд. Аз намоишгоҳ фотоматериал, видеоролик ва дастурҳо бахшида ба табиати мамлакатҳои СҲШ, урфу одат, маҳсулоти ҳунармандӣ, либос ва хӯрокҳои миллии онҳо ҷой дошт.
Ҳар як аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби табиати нотакрор ва ёдгориҳои маданиву меъмории хоси худ мебошад.
Таъкиди он ҷоиз аст, ки аз рӯихати «8 мӯъҷизаи давлатҳои СҲШ» маҷмӯи меъмории Пойи Калони Бухорои Шариф низ ҷой гирифта,  муаррифии маҷмӯи мазкур низ баргузор шуд.
Ансамбли Пойи Калон гирду атрофи Манораи Калонро дар бар мегирад. Маҷмӯъ аз 3 иншооти бузург – Манораи Калон, Масҷиди Калон ва Мири Араб, ки дар асрҳои XII-XIV сохта шудааст, иборат мебошад.

(Мухбири худамон).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: