ПОКИЗАКОРӢ НИСФИ ИМОН АСТ

Ҳар субҳ аз истгоҳ то ба ҷойи кор тавассути кӯчабоғи маркази шаҳр, ки то ба хиёбони Амир Темур мерасад, мегузарам.

Ҳар субҳ аз истгоҳ то ба ҷойи кор тавассути кӯчабоғи  маркази шаҳр, ки то ба хиёбони Амир Темур мерасад, мегузарам.
Пеш аз пандемияи коронавирус ин ҷо аз меҳмону сайёҳон пур буд. Ҳоло низ қадами одамон канда нашудааст.
Биноҳои баланду замонавӣ ва кабудизори атрофи он баҳри дилатонро мекушояд. Чор сӯ гулу гулзор. Дарахту буттаҳои хушманзара ба зебоии он меафзояд. Аммо гоҳо гувоҳи манзараи нозеб мешавам, аз чӣ сабаб бошад, қуттиҳои сементию оҳании партов, ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷо гузошта шудааст, чаппа шуда хоб мераванд, ё шикаставу порашуда, партови он пошхӯрда. Ва вақти бозгашт аз кор мебинам, ки қуттиҳо ба ҷойи худ гузошта шудаасту атроф саранҷому саришта.
Баъди чунин воқеа саволе пайдо мешавад: чӣ гуна инсонҳое ҳастанд, ки меҳнати пурмашаққати ҳаррӯзаи фаррошонро зери пой мекунанд?
Моҳи майи соли ҷорӣ пули сеқабата ва дар назди он нахустин табобатхонаи миллии бачагона дар ноҳияи Яшнободи пойтахт сохта, ба истифода супурда шуд.
Пӯшида нест, ки агар дар ягон қисми роҳ кори сохтмон ё ки тармиму таҷдид бурда шавад, дар дигар роҳҳо муаммоҳо ба вуҷуд меоянд. То ба охир расидани сохтмони ин пул низ аҳолӣ аз зичиву тирбандии нақлиёт азияти зиёдеро паси сар карданд.
Намуди зебо, рангҳои омехта бо ландшафти он машаққати порсоларо фаромӯш сохт. Аммо дар ин ҷой низ алҳол бастаҳои яхмосу писта, коғазпораву баклажкаҳоро мебинем, ки таассуфовар аст.
Ба фикрам, нафароне бегоҳии тобистон истироҳат мекунанд ва ғундоштани партовро «фаромӯш».
Дар як филми ҳуҷҷатие, ки ба рушди маданият ва иқтисоди босуръати Ҷопон бахшида шудааст, сухан дар бораи манбаи асосии тараққиёт – тарбияи кӯдак меравад. Дар Ҷопон ба тарбияи кӯдак баробари волидон устоду мураббиён низ масъул шуморида мешаванд. Дар кӯдакистон ва мактаб фаррошҳо қариб, ки нестанд. Ба тозакорӣ хонандагон ва муаллимони онҳо ӯҳдадоранд. 
Ҷопон яке аз мамлакатҳои рушдёфтаи дунё ба шумор меравад. Мардум дар сатҳи баланди иқтисодӣ умр ба сар мебаранд, аммо волидон қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ монеъ намешаванд, ки фарзандашон баъди таҳсил ба тозакорӣ банд шавад. Бо ин роҳ ба хонанда аз овони кӯдакӣ баробари қадр кардани меҳнати худ, қадр кардани меҳнати атрофиён низ омӯзонида мешавад. Дар охири филм фикри мутахассисоне шунавонида шуд, ки чунин усули тарбияро тарафдорӣ мекарданд.
Ҳоло вақти дар мо низ ҷорӣ кардани намуди чунин тарбия расидааст, ки ин ҳам ба фоидаи насли наврас ва ҳам ба фоидаи ҷамъияту табиат мебошад.
Ғайр аз ин, ҷопонҳо бо эътиборашон нисбат ба покизакорӣ аҳли оламро дар ҳайрат гузоштаанд. Баъди ба охир расидани  ҳар як бозии  дастаи миллиашон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2018 дар Русия баргузор шуд, тамошобинони ин кишвар гирду атрофи стадион, иштирокдорони он хонаҳои либоспӯширо ба саранҷом меоварданд, ки барои ҳамаи мо намунаи ибрат шуда метавонад.
Дар ислом низ покизакориро нисфи имон гуфтаанд ва боз аз роҳ гирифта партофтани чӯб, партов ва шоху пасмондаҳои ба одамон халалрасонро намуди оддитарини савоб шуморидаанд. Бинобар чунин ақидаҳои диниву миллӣ аҷдод ба покизакорӣ эътибори алоҳида нигарониданд, ки хуб мешуд мо низ давомдиҳандаи он бошем.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: