Ҷонишини имом-хатиби вилояти Самарқанд ҳоҷӣ Яъқубхон Мансуров бо фатвои раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ таъин гардид.
Ҷонишини имом-хатиби вилояти Самарқанд ҳоҷӣ Яъқубхон Мансуров бо фатвои раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ таъин гардид. Мо ба ҳамин муносибат бо ӯ вохӯрда, ба чанд пурсиши худ ҷавоб гирифтем.
– Вақте бори нахуст ҳамчун имоми масҷид ба минбар баромадед, вуҷудатонро чӣ ҳиссиёт фаро гирифт?
– Шукр ва сипоси беҳад Парвардигори меҳрубонро. Насриддин Убайдуллоҳ Хоҷа Аҳрори Валӣ намояндаи машҳури тариқати Нақшбандия буда, ҳамчун авлиёи замони худ ва ҳимоятгари халқи одӣ дар олами ислом шуҳрати хосса доштанд. Алломаҳои Шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишери Навоӣ ва ҳукмдорон Абӯсаид Мирзо ва Султон Аҳмад ӯро пири рӯҳонии худ донистаанд. Хоҷа Аҳрори Валӣ аз худ асарҳои нодир мерос гузоштаанд. Дар замони ҳукумати шӯроҳо баъзеҳо кӯшиданд, ки номи мубораки ӯро сиёҳ кунанд. Баъзе адибони аз таърих бехабар асарҳои бардурӯғ навишта, исбот карданӣ шуданд, ки гӯё бо фатвои вай олими ситорашинос Мирзо Улуғбек ба қатл расида, пайраву шогирдонаш ба азобу шиканҷа гирифтор шудаанд. Хушбахтона, бо дахолати равшанфикрон масъала ранги дигар гирифт ва номи ӯ боз вирди забонҳо гашт. Хоҷа Аҳрори Валӣ дар олами дини мубини ислом шуҳрати бузург доранд. Қариб ҳар рӯз фавҷ-фавҷ мусулмонон барои зиёрату намозгузорӣ ба ин масҷид меоянд.
Шумо ҳамчун хабарнигори собиқадор ва сокини ҳамин гузар хабар доред, ки солҳои ҳокими вилояти Самарқанд будан сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев борҳо ба ин ҷо ташриф оварда, барои обод ва зебо шудани масҷид кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расондаанд. Ҳоло камина, ҳангоми амри маъруф дар рӯзи намози ҷумъа, дар ҳаққи эшон дуои хайр карда, аз Ҳақ таоло ба он кас комёбиҳо орзу мекунем.
– Мегӯянд, ки бе хости Ҳақ касе, ҳатто дар бозори чорво даллол ҳам намешавад...
– Дуруст аст. Дар панҷ ё шашсолагӣ падари бузургворам (илоҳӣ ҷояшон дар ҷаннат бошад!) оятҳои Қуръони каримро ёд медоданд. Солҳои мактабхонӣ китоби муқаддасамонро аз ёд медонистам. Баъди ба даст гирифтани номаи камол талабаи мадрасаи Мири Араби Бухорои шариф шудам. Сонӣ дар Тошканд мактаби олии диниро дар бахши «Таҳлил-ул Қуръон» хатм кардам. Бо диплому роҳхати донишгоҳ ба зодгоҳ омада, чанд муддат дар масҷиди ҷомеи Хоҷа Исҳоқи Валӣ, баъд дар идораи динии вилоят фаъолият бурда, ҳоло вазифаи имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валиро дар ӯҳда дорам.
– Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд...
– Барои ба ин зина расидани ман хидмати падари бузургворам Мансурбобо, шайх Муҳаммад Юсуф Муҳаммад Содиқ, Ҳоҷӣ Мустафоқул Меликзода, Эркин домулло, Ҳоҷӣ Қурбон Алӣ, Саид Ҷамол ва дигар устодон хеле бузург аст. Бояд таъкид кард, ки ҳар як инсон – талаба ё шогирд, ҳунаромӯз ё косиб, қатъӣ назар аз кӣ ва чикора буданаш устоду роҳнамо дорад. Бобати такмили дониши динии камина хидмати устодон хеле бузург буд.
Ғайр аз ин, мутолиаи пайвастаи китоб ҳам аҳамият дорад. Китобро “аниси кунҷи танҳоӣ”-и худ интихоб карда, пайваста бо мутолиа машғул гардидем.
Бояд гуфт, ки солҳои охир бо ташаббус ва ғамхории Президентамон ба китобхонӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳатто ба беҳтарин китобхонҳои ҷавон мукофоти гаронбаҳо, автомобил низ ҳадя мекунанд.
Алҳол мо барои дарёфти асарҳои зарурӣ ва омӯхтани мероси гузаштагон имкониятҳои зиёд дорем. Мо солҳои таҳсил дар мадрасаи Мири Араб, ҳангоми мутолиаи панҷ китоби муътабари мазҳаби ҳанафӣ – “Мухтасари Қудурӣ”, “Викоя”, “Канз-уд дақоиқ” ва “Мухтор”, “Маҷмаъ-ал баҳрайн”, ки ба забони арабӣ таълиф шудаанд, душворӣ мекашидем. Ҳоло бошад, танҳо дар осорхонаи маҷмӯъи Имом ал-Бухорӣ ҳазорҳо ҷилд асарҳои ноёб маҳфузанд. Марҳамат, гиред, хонед, соҳиби илму дониш шавед. Дар ҳадис оварда шудааст, ки “ҳар як муслим бояд аз гаҳвора то гӯр илм биомӯзад”.
Роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис таъкид карданд, ки дар пешрафти ҳар як ҷомеа рушди солим ва ҳамоҳанги насли ҷавон, ки ояндаи ҷомеа ба вай вобастагӣ дорад, нақши ҳалкунанда мебозад. Аз ин рӯ, дар масъалаҳои афзоиши минбаъдаи самаранокии ислоҳоти худ мо ҷавонони серғайрат, ташаббускор, ҳамаҷониба рушдёфтаи дорои дониш ва малакаҳои муосирро такягоҳи худ мешуморем. “Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккули заминаи эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад мо бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем», – таъкид кардаанд Президенти муҳтарами кишварамон. – Вазифаи афзалиятноки мо бояд фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон гардад, то ки онҳо дар назди худ ҳадафҳои азим гузоранд ва ба он муваффақ гарданд. Танҳо дар он сурат фарзандони мо соҳиби он нерӯи воқеие хоҳанд шуд, ки орзуҳои деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонад”.
Ҷавонон ояндаи ҳар як ҷамъият, давлат ва халқ мебошанд. Дар дини муқаддаси мо низ масъалаи тарбия алоҳида зикр гардидааст, ки мо дар ҳар як амри маъруф ба ин диққати махсус медиҳем. Афсӯс, ки ҳоло дар байни умматҳои мусулмон шахсони фитнаангез ҳастанд, онҳо оятҳои Қуръони карим ва маъноҳои ҳадисро бо сохтакорӣ дигар карда, афкори ҷавононро вайрон мекунанд.
Вазифаи мо — имом-хатибҳо аз он иборат аст, ки ҷавононро аз раҳгум задан нигоҳ дорем, огоҳ созем, ки дӯстро аз душман, савобро аз гуноҳ, некро аз бад фарқ карда тавонанд.
– Боз як иллате, ки ҳоло миёни мардум бештар мушоҳида мешавад, молпарастии баъзе одамон аст. Гувоҳ мешавем, ки модарон аз пайи сарватҷӯйӣ фарзандони худро гузошта, ба хориҷа мераванд. Оё ин кирдори онҳо аз нуқтаи дини ислом дуруст аст?! Шоире ба ҳамин маъно фармудааст:
То ҳаст туро ғайрати мардӣ дар сар,
Магзор аёли хеш аз хона бадар.
Шохе, ки зи девор бурун орад сар,
Аз меваи ӯ тамаъ кунад роҳгузар.
– Ман ҳам бо гӯши гунаҳкорам борҳо шунидаам, ки баъзе занҳои бешарму ҳаё ба ҳирси моли дунё афтода, ба роҳи бад рафта, на танҳо ба миллат, инчунин ба номи Ватан нангу лаънат меоваранд. Тааҷҷуби мо аз он аст, ки шавҳари хонашеру майдонғариби онҳо дар чойхона сархуш аз машрубот асту зани беҳаёи даҷҷолашон дар ишратхона машғули номусфурӯшӣ! Ин гуна мардум гунаҳкори азиманд! Зеро занро бе маҳрами тан, яъне ҳамсар ба сафар фиристодану бад-ин тариқ пул ёфтан кори ношоиста ва ҳаром аст.
Шоири маҳбуби мо Хоҷа Ҳофиз ҳамчун марди бебок, ҳақгӯ эътироф шудааст. Дар мадрасаҳо ғазалиёти шӯрангезу баландмазмунаш ҳамчун рамзи эътиқоди мусалмонӣ ва садоқат ба тасаввуф тафсир мешудаанд. Ашъори дилписанди ӯ то ҳол на танҳо дар байни аҳли адаб, балки созандаю навозандагони тоҷик шуҳрат доранд. Вале таъкид кардан ҷоиз аст, ки шолӣ бе курмак намешавад ва афсӯс, ки баъзе намояндагони динамон «чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд», ки нангаш ба мо ҳам мерасад. Иншооллоҳ, онҳо чун хасрӯбаҳои рӯйи оби баҳр бо мавҷҳои пурзӯр ба соҳил партов мешаванд...
– Домуллои арҷманд, мехоҳам тавассути рӯзнома ниятҳои шуморо ба мухлисони он расонам.
– Инак, Соли нави милодӣ дар мекӯбад. Аз фурсат истифода бурда, ба мардуми сарбаланди Ӯзбекистон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам ва шиори пешвоёни тариқати Нақшбандия “Дил ба ёру даст ба кор”-ро такрор мекунам, ки мароми зиндагиашон бошад.
Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.