ПОКӢ – НИШОНАИ ИМОН

Ислом – дини покизакорӣ.

Ислом – дини покизакорӣ. Покизакорӣ бошад, нишонаи имон ба ҳисоб меравад. Дар олам ҳеч дин ё сохти иҷтимоӣ ба покию покизакорӣ мисли дини ислом эҳтиром намегузорад.
Бале, агар инсон пок набошад, ибодати ӯ қабул намешавад. Шарти аввалини қабул гардидани ибодат тозагии ният ва қалби муъмин аст. Ва талаби дигар покизагии ҳамаи узвҳо ва пок будани ҷойи ибодат аст.
Аз дасти одаме, ки дилу нияти пок дорад, кори бад намеояд. Дар Қуръони карим гуфта шудааст: «Дар он касоне ҳастанд, ки покизагиро дӯст медоранд. Аллоҳ покизакоронро дӯст дорад». Дар ояти дигари Каломи шариф омадааст: «Аллоҳ муъминҳоро дар ҳолати ҳозираи шумо намегузорад. Ӯ поку нопокро аз ҳам ҷудо мекунад. Аллоҳ шуморо аз илми ғайб воқиф накард. Аммо қисматеро аз байни паёмбарон (барои қисман хабардор кардан аз илми ғайб) хоста гирифт. Пас, ба Аллоҳ ва паёмбарони ӯ имон оред. Тақводор бошед, ба шумо (дар охират) мукофот ҳаст» (ояти 179-уми сураи «Оли Имрон»).
Бузург доштани покӣ ва покизакориро аз ҳадиси зерин низ метавон донист: «Аллоҳ нармдил (самимӣ) аст, самимиятро дӯст дорад, покиза аст, покизакориро дӯст дорад, сахӣ аст, саховатмандонро дӯст дорад, олиҳиммат аст, кушодадастонро дӯст дорад».
Барилова, дар таълимгоҳҳо, автобус ва метро барин ҷойҳои ҷамоатӣ ба тозакорӣ бояд риоя намоем. Бо партов олуда насозем. Зеро, «Поккорӣ аз имон аст».
Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Хона ва саҳни хонаводаро пок, саранҷому саришта нигоҳ доред» (ривояти Тирмизӣ). 
Партовро дар кӯча ё ҷойи равуои одамҳо набояд партофт. Ҷамъ карда гаштани партов низ кори хуб нест. Даруни хона, зарфҳои ошхона, либосворӣ ва ҷиҳозҳоро тоза бояд нигоҳ дошт.
Дини ислом ба тоза нигоҳ доштани оби нӯшокӣ, гирду атроф ва узвҳои бадан даъват мекунад. Тавре ки дар Қуръони карим омадааст, мусулмонон дар давоми асрҳо ба пок нигоҳ доштани ҷӯйбор, дарёву баҳрҳо худро масъул мешумориданд. Дар акси ҳол моҳӣ аз неъмат ба моддаи заҳролуд табдил меёбад.
Аллоҳи таоло дар Қуръони карим ба бандаҳои худ гуфтааст: Ӯ барои шумо заминро «пояндоз», осмонро «бино» кардаву ва аз осмон об фуровард, ба сифати ризқу рӯзӣ меваҳо (дарахтҳои мевадор)-ро рӯёнд (ояти 22-юми сураи «Бақара»).
Дар вақти нӯшидан нафаси инсон набояд ба даруни зарф афтад. Аз он, ки дар натиҷаи ҷамъшавии микроб бемориҳои зиёд пайдо мешавад, дар зарфҳои шикаста ё дарзрафта истеъмоли таом мумкин нест.
Ғусл ва таҳорат кардан низ қоидаҳои қатъии ба худ хос доранд, ки ба саломатии инсон нигаронида шудаанд.

Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: