ПОЛОИШГОҲИ «УЗУНБУЛОҚ» ОРЗУИ ҶИЗЗАХИЁН БУД

Иншооти полоиши оби «Узунбулоқ», ки рӯзе иқтидори 100 ҳазор метр мукааб обро дорад, ҳангоми пурра ба кор даромадан 625 ҳазор аҳолии вилояти Ҷиззахро бо оби поки ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.

Иншооти полоиши оби «Узунбулоқ», ки рӯзе иқтидори 100 ҳазор метр мукааб обро дорад, ҳангоми пурра ба кор даромадан 625 ҳазор аҳолии вилояти Ҷиззахро бо оби поки ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.
Ин маълумот ба туфайли боздиди хабарнигорон аз ин иншоот, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» ташкил намуд, ба даст омад. Мувофиқи қарори Президент аз моҳи майи соли 2018 «Чорабиниҳо дар бораи беҳтар намудани таъмини аҳолии вилояти Ҷиззах бо оби ошомиданӣ» лоиҳаи аз ҳисоби оби дарёи Зарафшон беҳтар намудани таъминоти оби ошомидании вилояти Ҷиззах ба амал татбиқ мегардад, ки қимати он қариб баробари 580 млрд. сӯм мебошад.
То ҳанӯз 68 фоизи кори лоиҳа ба ивази қариб 395 млрд. сӯм анҷом дода шудааст. Бояд гуфт, ки дар сурати пурра ба охир расидани лоиҳа шаҳри Ҷиззах ва ноҳияҳои Бахмал, Ғаллаарал, Шароф Рашидов, Пахтакор, Дӯстлик ва Мирзочӯл, яъне қариб 50 фоизи аҳолии вилоят бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мегардад.
То ҳол аз ҳавзаи насоси якум то «Узунбулоқ» беш аз 16 км. ва дар хати «Узунбулоқ – Гагарин» беш аз 77 км. хати нави қубур кашида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар лоиҳаи мазкур иваз кардани қубур ва ё аз нав гузарондани хати он хеле вақт ва меҳнат тақозо менамояд. Дар айни ҳол 30 фоизи онҳо куҳнаву фартут гаштааст.
Иншооти обполии «Узунбулоқ» дар 60 гектар бунёд гаштааст, ки аз маркази вилоят 60 км. аст.  Муовини директори ҶММ «Сувтаъминот»-и Ҷиззах Дилшод Зиёев мегӯяд, ки дар айни ҳол дар иншоот 55 нафар коргару мутахассисон меҳнат мекунанд. Дар кабинетҳои реагент, лабораторияи озмоиши об, маҳалли идораи механизмҳо ва ҳавзаи таҳшинии он кормандон шабонарӯз андармони кор бо дастгоҳҳои Русия мебошанд. Дар маҳалли мушоҳидаи мониторинги ҷараёни кор ҳатто мутахассис аз Русия Элдор Гареев масруфи кор буд.
– Моддаҳои поксозии об ба таври автоматӣ ба об омехта мешаванд, – мегӯяд лаборант Раъно Ҷамолова. – То касифии он ба 15 фоиз нарасад, реагент, яъне моддаҳои кимиёии поксозии об истифода намешаванд.
Бояд гуфт, ки об ба «Узунбулоқ» аз ҳудуди ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд аз канале, ки аз дарёи Зарафшон меояд, оварда шудааст. Он канал, ки Туятортар ном дораду замони Абдуллохони II дар асри XIX канда шудааст, то «Узунбулоқ» беш аз 50 км. ҷорӣ мегардад.
Хуллас, ин орзуи аҳли вилояти Ҷиззах, ки онро қариб 30 сол интизор буданд, ҳоло ба воқеият табдил ёфтааст ва дар назар аст, ки охири соли 2022 ба амал татбиқ намудани лоиҳа пурра ба поён мерасад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: