Полша: бар асари обхезӣ на камтар аз 9 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар қисми ҷанубӣ-ғарбии Полша на камтар аз 9 нафар бар асари обхезӣ нобуд гардиданд.Дар ин бора пулиси ҷумҳурӣ хабар дод.

“Дар давоми корҳои тозакунии баъд аз обхезӣ дар ноҳияҳои Колдзко ва Ниский ду ҷасад ёфт шуд. Ҳолати марги онҳо аз он далолат медиҳад, ки мумкин аст онҳо ҳаштум ва нӯҳумин шахсони дар ҳудудҳои обхезӣ ҳалокгардида бошанд”, омадааст дар хабар.

Ҳоло шахсияти нафароне, ки ба ҳалокат расидаанд муайян мегардад, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: