ПОРАИ ДИЛИ САМАРҚАНД

Оромгоҳи Лучоб дар баландии барҳавои шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.

 Ин ҷо аксари бузургони илму адаб, ситораҳои санъат, арбобони давлатӣ манзили абадӣ ёфтаанд. Аз соҳили дарёчаи шӯхи Лучоб дар фарози оромгоҳ санги мазори шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода ба назар мерасад. Гӯиё ин шоири тавоно аз номи ба хоби абадӣ рафтагон, ки ҳама аҳли фазлу адабанд, мисраи обдори худро такрор месозад:
«Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор!»
Чун вориди оромгоҳ гардидем, рӯ ба рӯямон мақбараи ду шахси азизу бузург – Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров бо салобати ба худ хос гӯё моро хайрамақдам мегуфтанд. Аз ҷониби рост ду қабри нав – шоирон Бозор Собир ва Муъмин Қаноат ҷой гирифтааст. Баробари ба тарафи чапи мазор тоб хӯрдан, сафи қабрҳо аз устодон Лоиқ Шералӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Малика Собирова, Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Камол Айнӣ, Муқаддама Ашрафӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Қутбӣ Киром, Нигина Рауфова, Шодон Ҳаниф, Фотеҳ Ниёзӣ гузашта, ба мазори файзосори фарзанди фарзонаи Самарқанд, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки агар дар қайди ҳаёт мебуд, алоқамандони адабиёт 96-солагии мавлудашро ҷашн мегирифтанд, расидем. Дар ин лаҳзаҳо ба ёд меояд, ки оғози фаъолияти меҳнатии устод, даврони наврасиву ҷавонии ӯ дар ноҳияи мо гузаштааст. Аниқтараш, Фазлиддин Муҳаммадиев дар хоҷагии ҷамоавии «Париж Коммуна» (сонитар колхози ба номи Куйбишев), ки раисаш яке аз хешовандони ӯ – Қиёмраис Ашӯрови Мӯлиёнӣ буд, табелчигӣ кардааст.
Агарчӣ устод дар гузари Ялангбек таваллуд ёфта, дастпарвари мактаби миёнаи рақами 15-уми шаҳри Самарқанд буд, худро миёни дӯстони деҳотиаш ва кишоварзони хоксору хокпош озод ҳис мекард. Чи тавре ки устод дар асари тарҷумаиҳолии худ – «Писари газета» менигорад, ӯ соли 1946 ба Сталинобод – Душанбеи имрӯза ҳамроҳи бародараш, аввалин нотиқи радиои тоҷик Абдулҳамид Муҳаммадиев рафтааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (минбаъд – «Тоҷикистони советӣ», ҳоло – «Ҷумҳурият», 1947-1949) сар кардааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи Горкий (Москва)-ро хатм карда буд (1962). Минбаъд дар вазифаҳои котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон», 1951-1954), мудири шуъбаи маданият ва маърифати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза»), «Хорпуштак» (1955-1957), мудири шуъба, котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ», 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони киностудияи «Тоҷикфилм» (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Кумитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978-1981) кор кардааст. Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри сипаришуда чоп шуда, дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабку соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони куҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1982), «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд. Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз беҳин намунаҳои жанри мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Осори ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
«Тоҷикфилм» аз рӯйи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи «Арӯси охирини амиралмуъминин»-ашро (1963) Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. 
Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғайраро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар бораи забон, услуб ва ҳунари баланди эҷодии устод Фазлиддин Муҳаммадиев инҷониб ҳангоми дифои рисолаи хатмии донишгоҳ, ки мавзӯъ «Писари газета»-и Фазлиддин Муҳаммадиев – асари тарҷумаиҳолӣ» буд, баҳои олимони суханшинос С.Табаров, К.Раҷабов, А.Сайфуллоев, М.Муллоҷоновро хуб дар ёд дорам:
«Дар очерк аксаран ҳамон ҷавҳари зиндагӣ асоси мавзӯъро ташкил мекунад, ки онҳоро худи нависанда бевосита дида, мушоҳида карда, дар бораи онҳо тасаввуроти муайяни худро дорад ва ба онҳо Фазлиддин Муҳаммадиев дуруст баҳо дода метавонад».
«Фазлиддин Муҳаммадиев оиди масъалаҳои иқтисодиёти колхозӣ» сухан ронда, зимни таҳлили онҳо «характер ва хусусиятҳои каҳрамононро мекушояд».
«Баъзе қаҳрамонони асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ягон корнамоии фавқулода ва ягон хидмати бузург нишон надиҳанд ҳам, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият сазовори пайравию эҳтиром мебошанд»
Дар радифи ин баҳоҳо хонандаи нуктафаҳм Фазлиддин Муҳаммадиевро Чингиз Айтматови адабиёти тоҷик меҳисобад.
Сад дареғ, ки Фазлиддин Муҳаммадиев 16-уми октябри соли 1986 бар асари зарбаҳои муҳлики чанд тан авбош дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ ҷон дода, ҷасадаш дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шудааст. Ва ин хоки Лучобе, ки чанде аз бузургфарзандони пурсамари Самарқандро ба оғӯши худ гирифтааст, бешак пораи дили Сайқали рӯйи замин аст.
То ба наздикиҳо мактаби рақами 38-уми ноҳияамон (81-уми собиқ) номи устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дошт. Умед аст, ки оянда дар Самарқанд кӯчае ба номи ин адиби нотакрор гузошта мешавад.

Озод ҲАМИДЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: