ПОСБОНИ САЛОМАТӢ

Субҳи барвақт, ки Самарқанд оҳиста аз хоб бедор мешуд, мошини сабукрави ӯ ба роҳ даромаду чашмони пуроби модари азизу чеҳраи изтиробноки падари бузургвор, насиҳату таъиноти онҳо, суханони дилбардоронаи хоҳару додарон пайваста дар зери гӯши вай садо медоданд.

Субҳи барвақт, ки Самарқанд оҳиста аз хоб бедор мешуд, мошини сабукрави ӯ ба роҳ даромаду чашмони пуроби модари азизу чеҳраи изтиробноки падари бузургвор, насиҳату таъиноти онҳо, суханони дилбардоронаи хоҳару додарон пайваста дар зери гӯши вай садо медоданд. 
– Шавкатҷон, нағз хон, – таъкид намуд қиблагоҳаш, – аз ту умедам калон аст. 
– Худо ба паноҳаш нигоҳ дорад, – дуо кард волидаи мукаррамааш, – роҳат бехатар бод!
Мошин боғоту токзори ноҳияҳои Тайлоқ ва Самарқандро қафо гузошта, ба шоҳроҳи Тошканд – Тирмиз расид. Аз болои пули Зарафшон мегузашт, ки насими дарё ба машомаш зада, айёми бачагиашро ба ёд овард. 
Дар синфи шашум мехонд. Як гурӯҳ ҳамсолон назди соҳили болооби Зарафшон рафта буданд. Ҳанӯз шиновариро намедонист ва аз дарёи саркашу тезҷараён меҳаросид. Бо вуҷуди ин, ба шарикдарсон нигариста, далер шуда ба оби сарду лойолуд даромад. Дар оғози саратон «ангур ало шуд, дарё бало шуд» гуфтагӣ барин оби пуршиддат соҳилро лесида мерафт. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё бо аҷал бозӣ мекунӣ.
Ӯ ғарқи хаёлот беихтиёр оҳе кашид. Зеро фардои номаълум ба худ ҷазб мекарду дунёи равшан ба назараш торик гардида, ба тақдир тан медод. 
Шавкат роҳҳои фарозу нишеб, вале ҳамвору мумфарш, шаҳру деҳот, киштзори сарсабзу ободро қафо гузошта, ба тайёрагоҳи Тошканд омад, аз рӯйхат гузашт ва ба мурғи нуқрафоми оҳанин нишаста, сӯйи Алмаато парвоз намуд. Ҳавопаймо ӯро дар тӯли беш аз як соат ба пойтахти собиқи Қазоқистон овард. Ба таксӣ нишаст ва манзилро гуфт:
– Донишгоҳи Академияи  давлатии тиббӣ.
Дар як нафас байни онҳо суҳбат тасфид. Шавкат ба ронанда фаҳмонд, ки ба донишкада дохил шудаасту акнун барои таҳсил омадааст. Онҳо саргарми суҳбат ба назди бинои зебову муҳташам расида, хайрхуш намуданд.
Ходимони донишкада меҳмони самарқандиро хуш пазируфта, дар куҷо таҳсил гирифтан ва дар кадом хобгоҳ зистанро фаҳмонданд. 
Дар мусофирӣ кас ҳамеша ба сахтию мушкилиҳо дучор меояд. Вай мушкилиҳои сафарро «ҳар куҷо дарде расад, аз най навое мерасад» гуфта паси сар намуд. Вақти холии худро бештар дар китобхона гузаронида, асрори табобатро омӯхт. Алалхусус аз асари безаволи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино «Ал-қонун» дарк намуд, ки «Тиб илмест оид ба омӯхтани тани инсон дар ҳолати саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатие, ки рӯ ба заъф овардааст...» Воқеан, тиб барои беҳбудии зиндагӣ, меҳнату истироҳат, хобу хӯрок тадбиру тавсияҳои илмии судманд меандешад. Ба қавли адиби рус Антон Чехов «Пешаи табиб – ҷасорат буда, он ҷонфидоӣ, қалби пок ва фикрҳои тозаро тақозо мекунад».
Шавкат Шарофзода дар тӯли чор соли таҳсил аз устодони меҳрубон, вале сахтгир бисёр чизҳоро омӯхт. Аммо аз он дар ҳайрат монд, ки тиб ва табобат чун уқёнуси беохир интиҳо надорад, ки сабаби тарзи пайдоиш, ҷараён, аломат, илоҷ ва пешгирии бемориҳоро дар бар мегиранд. Дар натиҷаи равнақи илм шохаҳои тиб ба соҳаҳои мустақил табдил ёфтаанд. Ба туфайли пешравии он усулҳои ташхис ва муолиҷаи бемориҳо такмил ёфта, боиси аз байн рафтани баъзе бемориҳо гашт.

ПЕШРАВӢ ДАР НАВОВАРӢ АСТ

Шавкат Абдураҳмонович пас аз бозгашт ба зодгоҳ муддате дар табобатхонаи Тайлоқ фаъолияти меҳнатиро оғоз карда, дарк намуд, ки барои шифои судманди беморон таъминот бо доруворӣ аҳамияти калон дорад. Вай дар Самарқанд маркази фармасевтика ташкил кард. Риштаҳои ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ мустаҳкам намуд. Муҳимаш, дар дорухонаи ӯ нарх нисбат ба дигар ҷойҳо арзону дастрас гардид.
Боре бо ҳокими ноҳияи Самарқанд суҳбат ороста, гуфт, ки нияти маркази замонавии табобат барпо кардан дорад.
– Замин аз мо, сохтмон аз шумо, Шавкатҷон, – гуфта буд ҳоким, – лозим шавад, бо техника кӯмак мекунем.
Онҳо аҳду паймон бастанд ва бо салоҳдиди сартабиби иттиҳодияи тиббиёти ноҳия Фурқат Валиев бинои кӯҳна ва фатароти таваллудхона барои сохтмони бинои сеқабатаи маркази табобат ҷудо карда шуд. Дар асоси лоиҳа, ки ба меъёри байналхалқӣ ҷавобгӯ аст, сохтмон оғоз ёфт. Бинокорони гулдаст ду сол меҳнат карда, сохтмонро ба поён расониданд. Шавкат Абдураҳмонович барои бо асбобу ускунаҳои хориҷӣ таъмин намудани он ду маротиба ба Олмон азми сафар кард. Ҳоло марказ на танҳо ба мардуми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, инчунин ноҳияҳои Нуробод, Тайлоқ, Ҷомбой, шаҳри Самарқанд ва ҳатто вилоятҳои Қашқадарё, Ҷиззах, Сурхондарё хидмати беминнат мерасонад.
Чанде пеш мо ба маркази табобатии мазкур рафтем. Аҷибаш ҳамин буд, ки ҳангоми кас ба остона наздик шудан дар фавран кушода мешавад. Мо низ аз қудрати пешравии илму фан дар тааҷҷуб афтода, вориди толори васеъ, хушҳаво гардидем. Ходими кордидаю чолок, хушрафтору хушгуфтор матлаби меҳмонро фаҳмида, ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданро фаҳмонда медиҳад. Духтараки миёнақади шаҳлочашм, ки ниқоб баста буд, аз мақсади мо огоҳ гашта то қабати савум – ӯтоқи кории асосгузор ва директори маркази табобат роҳбалад гардид. Дар болои дари он «Шавкат Абдураҳмонович Шарофов» сабт ёфта буд. Ходим аз ташрифи мо соҳибкорро огоҳӣ дод. Сипас аз лутфу меҳрубонии Шавкат Абдураҳмонович – марди миёнсоли болоқади кушодчеҳра, ки самимона қабул кард, хурсанд шудем. Ӯ аз мақсадамон огоҳӣ ёфта, бо табассуми малеҳ шарҳ дод:
– Дар маркази мо барои ташхис ва табобати бемориҳои гуногун томографияи компутерӣ, варзиши шифоӣ, рентгенология ва инчунин доруҳои махсус барои бонувон, ҷарроҳӣ, урология, педиатрия, аллергология ва ғайра тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Беҳтарин ҳакимону ҳамшираҳои меҳрубон дар хидмати мизоҷон мебошанд. Аз ҳама муҳимаш қариб сад нафар бо ин кор банд шудаанд. Саодат Турсунова, Рафиқ Раҳимов, Насиба Эшонқулова, Зебо Шарифова барин табибони соҳибтаҷриба корафтодагонро қабул карда, хидмати беминнат мерасонанд.
Мақсади мо нигаҳдории саломатии мардум аст. Зеро Президент назди мо – посбонони саломатӣ вазифа гузошт, ки барои сиҳатмандии мардум ҷоннисор бошем. 
Мо суҳбат мекардему садои телефони дастӣ баланд мешуд ва гоҳ-гоҳ кормандонаш аз дар сар халонда маслиҳат мепурсиданд, мушкилотро мефаҳмонданд. Албатта, ба қадри вақти ӯ расидан ва илтифоташро сӯйиистеъмол накардан фазилати инсони соҳибмаданият аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: