25 октябр ба муносибати Рӯзи ходимони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қасри маданияти вазорат ҷашни тантанавӣ баргузор гардид.
Ба намояндагони соҳа табрики роҳбари давлатро мушовири Президент Хайриддин Султонов қироат намуд.
Дар табрик хидмати бомашаққат ва бошарафи ходимони қаторӣ ва сержантҳо, афсар ва генералҳо, собиқадорони муҳтарам, ки дар роҳи таъмини осудагӣ ва осоиштагии диёр, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон анҷом додаанд, муносиб эътироф гардид.
Бинобар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хизмати босамари бисёрсола дар мақомоти корҳои дохилии мамлакат, таъмини осудагии халқ ва бехатарии ҷамъият, ҳиссаи муносиб барои мустаҳкам намудани оромӣ ва барқарорӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, баланд бардоштани самаранокии пешгирии поймоли ҳуқуқу тартибот, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои қонунии онҳо, зуҳури мардӣ ва ҷасорат зимни иҷрои қарзи бошараф, дар бобати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ки хидмати алоҳида нишон додаанд, як гурӯҳ ходимон бо мукофотҳои баланди давлатии Ватанамон тақдир гардиданд.
Мукофотҳоро муовини мушовири Президент оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назорат Дониёр Қодиров ва ҳам вазири корҳои дохилӣ Пулот Бобоҷонов супурданд.
Ҳамзамон як гурӯҳ ходимон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо нишонҳои сарисинагии идоравӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ рағбатнок гардонда шуданд.
Пас аз он мутасаддиёни мақомоти давлат ва ташкилотҳои ҳамкор табрикоти худро ба ходимони корҳои дохилӣ расонданд.
Бо ташаббуси роҳбари давлат солҳои охир барои таркиби шахсии мақомоти корҳои дохилӣ шароити муносиби хидмат фароҳам оварда шуда, бо замонавитарин воситаҳои техникӣ таъмин намуда, барои бо ҳимояи бовариноки иҷтимоӣ фаро гирифтани аъзои оилаи онҳо чораҳо пурзӯр гардонда шудаанд, ки дар ин хусус алоҳида таъкид гардид.
Дар ин ҳамоиш баромади ҳунармандон идро ҳусн бахшид.
Н. Абдураимова,
хабарнигори ӮзА.