ПОСДОРИ МАКТАБИ ФАРҲАНГНИГОРИИ САМАРҚАНД

Фарҳангнигорӣ ё луғатсозӣ яке аз соҳаҳои басе муҳим ва заҳматталаби забон аст.

Бо назардошти ин, муаррихи қарни XVI франсуз Скалагер фармудааст:
Касе, ки бар ҷазо маҳкум бигардад:
Ба марзи дил кунад тухми ҷафо кишт.
Мабин бар ӯ раво оҳангариро, 
Мабар аз сохтмон бар кони ангишт.
Бифармояш, ки фарҳанге нигорад...

Мо дар сарлавҳа ба ҷойи вожаҳои луғатшинос ва луғатнигор вожаҳои «фарҳангшинос» ва «фарҳангнигор»-ро мавриди корбурд қарор додем. Сабаб ин аст, ки вожаи «фарҳанг» дар фарогирии маъно нисбат ба вожаи «луғат» серғунҷоиштар буда, дар таълифоти қадимиён ва забони умумифорсӣ мустаъмал будааст. 
Суоле пайдо мешавад, ки кист ин фарҳангшинос ва фарҳангнигори шинохта? Умри ӯ бо худмуаррифӣ гузаштааст ё тавре ки мегӯянд: «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд», таълифоти пурарзишаш ӯро ба аҳли илму адаб шиносондаанд? То он ҷойе, ки медонем ин марди бурдбору таҳаммулпазир ва фурӯтан ҳамеша аз худнамоӣ  ва худмуаррифӣ дар канор будааст. Ин дар худ ғайбзада, яке аз мураттибони шоҳкории қарни XX – «Фарҳанги забони тоҷикӣ», профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов мебошад.
Амон Воҳидов, баъди аз Душанбешаҳр ба зодгоҳ баргаштан, чил соли умри пурбаракати худро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, бо ковишҳои илмӣ, тадрис ва тарбияи кадрҳо – филологҳои оянда пушти сар гузошт. Дар тӯли ин солҳо хеле мақола, рисола ва китобҳои таълимию услубии ин марди хирад доир ба фарҳангнигории форс-тоҷик ва сайри таърихии он рӯйи чопро диданд.
Чанде қабл Донишгоҳи давлатии Самарқанд монографияи пурарзиши олимро таҳти унвони «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» ба дасти чоп супурд.
Ба монография адабиётшиноси номӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев пешсухан навиштааст, ки «Бонии мактаби луғатшиносии Самарқанд» ном дорад. Дар ин унвон ҳисси эътибор, эътироф, эҳтиром ва ифтихори эшон нуҳуфтааст.
Садрӣ Саъдиев хеле дуруст таъкид намудааст, ки «Агар ҳадаф ва вазифаи илм ошкор намудани чизу ҳодисаҳои номаълум бошад, роҳу равиши чун Амон Воҳидов олимоне имтиёз дорад, ки дар як риштаи илм тадқиқот мебаранд, аз соҳа ба соҳаи дигари илм «намеҷаҳанд»... 
... Профессор бештар аз 40 сол дар соҳаи луғатшиносӣ заҳмат мекашад. Чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар Тоҷикистон ӯ дар ин соҳа чун босалоҳияттарин мутахассис ба мақоми олӣ соҳиб шудааст... ӯро яке аз поягузорони илми нисбатан нави луғатшиносии тоҷик шумурдан аз рӯйи даъво ва муболиға нест».
Арзиши монографияи олими нуктасанҷ танҳо дар сайри он ба гузаштаҳои дуру наздики фарҳангнигории форс-тоҷик нест. Муаллиф дар баробари ба забон гирифтани номи ин ё он фарҳанг услуб, қимат, хусусият ва аҳамияти онро дар фарҳангнигории форс-тоҷик мӯшикофона муайян намудааст. 
Монографияи мавриди назар пешсухан, муқаддима ва се бобро, ки «Фарҳангнигории форсӣ- тоҷикӣ дар асрҳои X-XV», «Ташаккули фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳиндустон (асрҳои XIII-XV)», «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои XVI-XIX» унвон доранд, дар бар мегирад.
Дар муқаддима муаллиф ба хидматҳои Н. Маъсумӣ, А. Маниёзов, Р. Ҳошим, М. Фозилов, В. А. Капранов, Т. Зеҳнӣ, Ҳ. Рауфов, А. Сангинов, Қ. Муҳиддинов, Ҳ. Аҳадов, А. Отахонова, А. Нуров ва дигарон бобати тадқиқу таҳлили асарҳои лексикографии пешина ва таҳияи фарҳангҳои навини тоҷик баҳои баланд медиҳад.
Бино ба фикри олим фарҳангнигории форс-тоҷик, мисли забон ва адабиёти он таърихи бисёр қадима дорад. Мо ба фикри Садрӣ Саъдиев ҳамроҳ мешавем, ки дар пешсухан овардааст: «Дар ҳар ҳол намунаи аввалини луғат, аниқтараш луғати тафсириро ба шакли манзум устод Рӯдакӣ ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, бунёдгузори забону адабиёти нави форсии дариро дар асри X асосгузори фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ ба шумор овардан мумкин аст.
Рӯдакӣ фармудааст:
В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Мовароуннаҳр хон».

Фарҳангнигор бар он аст, ки дар оғози садаи X аз ҷониби шоир Абӯҳафзи Суғдӣ луғате тартиб дода шуда бошад ҳам, то ба замони мо омада нарасидааст.
Фарҳанги «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ (асри XI) аз фарҳангҳои машҳуртарине будааст, ки то замони мо омада расидааст.
Дар монография доир ба солу қарни таълиф, арзиш, усулу услуб, ҳаҷму гунҷоиш, монандӣ ва фарқи фарҳангҳое аз қабили «Фарҳанги Оим-евак», «Фарҳанги паҳлавӣ», «Луғати фурс», «Сиҳоҳ-ул-фурс», «Нахҷувонӣ», «Меъёри ҷамолӣ», «Маҷмӯъат-ул-фурс», «Фарҳанги Қаввос», «Дастур-ул-афозил», «Донишномаи Қадархон», «Адот-ул-фузало», «Уммон-ул-маонӣ», «Мифтоҳ-ул-фузало», «Шарафнома», «Муҷмал-ул-аҷам», «Туҳфат-ус-саодат», «Муайяд-ул-фузало», «Фарҳанги Ҳусайни Вафоӣ», «Туҳфат-ул-аҳбоб», «Мадор-ул-афозил», «Маҷмаъ-ул-фурс», «Кашф-ул-луғот в-ал-истилоҳот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Дурри дарӣ», «Латоиф-ул-луғот», «Бурҳони Қотеъ», «Баҳори Аҷам», «Сироҷ-ул-луғот», «Чароғи ҳидоят», «Мусталаҳот-уш-шуаро», «Шамс-ул-луғот», «Ҳафт қулзум», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги онандроҷ» мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтаанд.
Муҳаққиқ доир ба таърихи фарҳангнигории форс-тоҷик дар Аврупо ва Ҳиндустон низ ба хонанда маълумоти пурқимат пешниҳод менамояд.
Аз натиҷагириҳои олим бармеояд, ки фарҳангҳои қадима якдигарро такмил додаанд. Дар онҳо, дар баробари шарҳу тафсири вожаҳои мушкилфаҳм, аз шеъри шоирони пешин намунаҳо оварда шудаанд. Муаллиф ҳангоми маълумот додан доир ба «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, аз ҷумла менигорад: «Дар нусхаи қадимтарини «Луғати фурс» зиёда аз 1000 калима ва дар нусхаҳои дигари он 2000 калима шарҳу маънидод шудааст. Луғат нафақат барои дуруст хондани ашъори шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросони асрҳои X-XI, балки барои ба зудӣ ёфтани калимаҳои матлуб низ хидмат кардааст...
Муаллиф барои таъкиду таъйиди маънои калимаҳо аз ашъори шоирони машҳури асрҳои X-XI мисолҳо меорад. Рӯйихати шоироне, ки муаллиф аз ашъори онҳо истифода бурдааст, зиёда аз 100 нафаранд, ки машҳуртарини онҳо Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Мунҷиқи Тирмизӣ, Лабибии Хуросонӣ ва ғайра мебошанд».
Амон Воҳидов дар таълифоти хеш ба ҷуғрофияи фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ рӯйи эътибор гардонда, дар саҳифаи 46-уми монография аз ҷумла овардааст: «Аз асри XIII сар карда то асри XIX маркази фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ Ҳиндустон ба шумор меравад».
Сипас дар давраи ҳукмронии темуриёни ҳинд доир ба арзи ҳастӣ кардани фарҳангномаҳое, мисли «Фарҳанги Қаввос», «Донишномаи Қадархон», «Фарҳанги зуфонгӯё ва ҷаҳонгӯё», «Фарҳанги Иброҳимӣ», «Маҷмаъ-ул-Аҷам»... ва муҳтавои онҳо фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳоди хонанда мегардонад.
Бино ба маълумоти муаллиф, дар баъзе фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ калимаҳои арабӣ ва туркӣ-ӯзбекӣ низ мавриди шарҳу тафсир қарор гирифтанд. Мисолан, вақте сухан аз фарҳанги «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» меравад, муаллиф аз ҷумла, менигорад: «Дар бахши ҳафтум» калимаҳои оддии гуфтугӯйии забони туркӣ низ шарҳ дода мешаванд: ато – падар; ано – модар; оғо – бародари бузург; эни – бародари кеҳтар; тӯрт – чаҳор; қирқ – чиҳил; етмиш – ҳафтод; туз – намак; бутмоқ – кафш; тоғ – кӯҳ; тил – забон; ултӯнчи – заргар; бӯри – гург; сатмақ – фурӯхтан; келди – омад».
Сухан кӯтоҳ, маҳсули меҳнати олими нуктасанҷ – «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» дар омӯхтани таърихи фарҳангнигорӣ барои филологҳо, омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ва пажӯҳишгарони ҷавон, ки рушди минбаъдаи фарҳангнигорӣ ба ковишҳои илмии онҳо вобаста аст, чун дастуруламал хидмат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки монографияи пурарзиши устод бо муқоваи тунук ва теъдоди кам чоп шудааст. Онро бо муқоваи ғафс ва теъдоди бештар чоп кардан суди зиёде дар пай дорад. Зеро дар он таҷрибаи қариб ҳазорсолаи фарҳангнигорӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтааст, ки барои наслҳои оянда чун сарчашмаи бебаҳо ба кор меояд.

Нишонбой ҲУСАНОВ, 
доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои ӯзбекӣ ва русии Донишкадаи молияи Тошканд.
Абдулло СУБҲОН, 
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: