ПОСГОҲҲОИ МОБИЛӢ – ГАРАВИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Андиҷон бобати таъмин кардани ҳаёти барқарори мардум ва ҷилавгирӣ аз халалдоркуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ истифодаи посгоҳҳои мобилиро ба роҳ монд.

Дар айни ҳол кормандони раёсат муваффақ шуданд, ки дар ду минтақаи серодами маркази вилоят чунин ситодҳои мобилӣ ташкил кунанд. Дар  онҳо кормандони идораи интизомӣ ҳар рӯз навбатдорӣ мекунанд. Хусусан, шабона барои расонидани хабарҳои фаврӣ хеле зарур мебошад.
Яке аз онҳо дар майдони Заҳириддин Муҳаммад Бобур арзи вуҷуд намуд. Ин майдон ҳамеша серодам мебошад ва ҳангоми вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ин пост ҳар як раҳгузар метавонад тугмачаи бонги изтиробро пахш кунад. Дигарро дар майдони Хотира ва қадршиносӣ гузоштанд. Ин ҷо низ аз минтақаҳои серодами шаҳр аст.
Дар фасли тобистон шабонгоҳҳо ин ду майдон ба ҷойи сайру гашти мардум табдил меёбанд. 
–Ин иқдом барои пиёда кардани корҳои профилактикии байни мардум низ хеле мусоидат менамояд. Бошандагон ва меҳмонони шаҳр ҳамеша аз фазои барқарору осудаи ин минтақаҳо баҳраманд шуда метавонанд, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти садорати корҳои дохилии вилоят.
Дар ояндаи наздик чунин посгоҳҳои мобилӣ дар марказҳои маъмурии ноҳияҳои вилоят низ гузошта мешаванд. Ба воситаи баландгӯяк ва телефоне, ки дар онҳо мавҷуданд, одамон дар бораи вазъияти ногувори бамиёномада, ҳолатҳои фаврӣ саривақт ба ташкилотҳои зарурӣ хабар дода метавонанд.
–Ин таҷрибаи хеле хубест, ки садорати корҳои дохилии вилояти мо ҷорӣ кардааст. Ин чорабиниҳо мусоидат менамоянд, ки ҳаёти осоиштаи мардуми шаҳр ва меҳмонони он таъмин бошад, – мегӯяд сокини шаҳри Андиҷон Аҳмадалӣ Шукурови мӯйсафед.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: