ПОСИ ХОТИРИ БОБУР

  • ПОСИ ХОТИРИ БОБУР
  • ПОСИ ХОТИРИ БОБУР

Дар Андиҷон бахшида ба 539-умин солгарди зодрӯзи намояндаи барҷастаи адабиёти классикии ӯзбек, арбоби бузурги давлатӣ, саркардаи моҳир, олим ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур чорабинии адабӣ баргузор шуд.

Дар чорабиние, ки бо ҳамдастии ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон баргузор шуд, шоиру нависандагон, олимони бобуршинос, намояндагони аҳли ҷомеаи васеъ ва ҷавонон ширкат ҷустанд. Пеш аз оғози чорабинӣ иштирокдорон барои поси хотири шоири бузург дар пояи ҳайкали ӯ гулчанбарҳо гузоштанд.
Дар чорабинӣ раиси Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хуршедабону Қучқорова, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Қамчибек Кенҷа ва дигарон нутқ эрод намуданд. 
Онҳо таъкид намуданд, ки осори илмию адабие, ки Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигар бузургони илму адаб офаридаанд, ба рушди илму фан, тафаккури илмии бани башар, баланд бардоштани маънавияти халқ, хоссатан ҷавонон, нақши муҳим доранд. Хусусан, нақши ҳаёт ва эҷодиёти Бобур, осори мондагори ӯ ва бобуриён дар рушди Ҳиндустон алоҳида ёдрас карда шуд.
— Эҷодиёти серпаҳлӯи Заҳириддин Муҳаммад Бобур аҳамияти калони илмию таърихӣ дорад, — гуфт роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов. — Бахусус, бунёдкориҳои ба сифати шоҳ анҷомдодаи ӯ, саҳми гузоштааш ба рушди илму маърифат, шуҳрати оламгири вай ба сифати шоиру эҷодкор дар дили ҳар як ҳамватани мо ҳисси ифтихор меангезад. Осори таълифнамудаи ӯ доир ба адабиёт, забоншиносӣ, мусиқӣ, ҷуғрофия ва ҳуқуқшиносӣ, дар баробари маълумот додан аз рӯзгори мозӣ, бобати омӯхтани дастхатҳои ҳамон давр чун манбаи муҳим хидмат мекунанд.
Дар чорабинӣ аз кишварҳои Туркия ва Афғонистон низ бобуршиносон ширкат ҷуста, доир ба омӯхтани мероси маънавии Бобур фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
— Бобур ва бобуриён ба дин, урфу одат ва анъанаҳои мардумони кишварҳои забткардаашон арҷ гузоштаанд, — изҳор дошт бобуршиноси афғонистонӣ, профессор Шафиқа Ёрқин. — Ин аст, ки на танҳо дар Афғонистон, балки дар соири кишварҳое, ки ба тасарруфи салтанати бобуриён даромадаанд, Бобур чун шоҳи оқилу доно ва адлпеша маҳбубият дорад. Дар назди бобуршиносон вазифаи амиқу дақиқ омӯхтани ҳамин ҷиҳатҳои Бобур ва ба аҳли ҷомеаи васеъ расондани онҳо истодааст.
Дар поёни гирдиҳамоӣ аз ҷониби ҳунарпешагон доир ба рӯзгори Бобур саҳнаҳо намоиш дода шуданд. Хонандагони мактаби эҷоди  Муҳаммад Юсуф аз ғазалҳои Бобур намунаҳо қироат намуданд. Дар Бунёди ҷамоатии ба номи Бобур ба муносибати ин сана бо иштироки олимони бобуршинос конфронси байналхалқии онлайн баргузор шуд.

Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.
Дар акс: маросими гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Бобур. 
Аксбардор З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: