Ғояи «Модар ва тифл солим бошад, оила хушбахт, оила хушбахт бошад, ҷамъият мустаҳкам мешавад» дар доираи Стратегияи ҳаракатҳо ҷиҳати ба амал баровардани ислоҳот чун мизони асосӣ хидмат менамояд.
Хусусан, оиди боз ҳам такмил додани сохтори ҳифзи оила, модар ва тифл, ташаккули муҳити ҳурмату эътибори алоҳида нисбати модарон дар ҷамъият, тарбияи авлоди солим ва баркамол, пурзӯрсозии ҳамкории мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва созмонҳои ҷамоатӣ як қатор чораҳо ба амал бароварда шуданд.
Ҷиҳати эътибор он аст, ки ислоҳоти дар доираи ин стратегияи ҳаракатҳо оғозшуда идомаи рушди муттасили Стратегияи тараққиёти ба пешравии Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026 нигарондашударо низ муайян намудааст. Хусусан, таҳти Стратегияи тараққиёт дар минтақаҳои дурдаст ба дараҷаи баланд ташкил кардани сохтори кумаки тиббии мақсаднок, баланд бардоштани самаранокии хидмати тиббие, ки ба модарон ва кӯдакон расонда мешавад, боз ҳам беҳсозии кумаки амбулаторӣ, рушди кӯмаки тиббии таъҷилӣ ва ихтисосонидашуда, ҷорӣ сохтани барномаи генетикаи тиббӣ ва скрининги замонавӣ барин мақсадҳо ниҳон мебошанд.
Бо қарори Президент «Дар бораи пурзӯрсозии ҳифзи модар ва тифл дар солҳои 2022-2026», ки ба наздикӣ қабул гашт, самтҳои устувори мустаҳкамсозии саломатии модарон ва кӯдакон дар панҷ соли оянда муайян карда шуд.
Баъд аз ин дар зинаи кумаки аввалин сохтори тандурустӣ профилактикаи бемориҳо байни модарон ва кӯдакон, барномаи барвақт муайян кардани беморӣ ва солимгардонӣ ба амал татбиқ карда мешавад. Баробари ҳамин, оиди масъалаҳои тавлиди фарзанди солим, ривоҷ ва тарбияи тифл корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр шуда, тавассути таъмини бепули кӯдакон, занҳои ҳомила ва кӯдакдор бо витамин ва минералҳо, чорабиниҳои скринингии пешбурди мақсадноки профилактикаи бемориҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар натиҷаи ин комёбиҳо ҷиҳати пешгирии фавти модарон ва кӯдакон бештар мегардад. Ба он ноил мегардем, ки бачаҳо, ки соҳиби фардои мо буда, ба оила хурсандӣ ҳадя мекунанд, бенуқс ба дунё меоянд ва ба камол мерасанд.
Баробари ҳамин, дар солҳои 2022-2026 объектҳое, ки навсозӣ гаштаанд, аз таъмири пурра баромада, базаи моддӣ-техникиашон мустаҳкам мешавад.
Дар он аз усулҳои баландтехнологии диагностикӣ ва инноватсионӣ самаранок истифода бурда мешавад. Ин дар навбати худ ба баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
То ҷамъбасти соли 2023 дар шаҳри Нуқус «Кластери тиббии бачагон» ташкил карда мешавад. Дар 46 маркази перинаталии байниноҳиявӣ, ки аз нав ташкил мегарданд, шуъбаи реаниматсияи кӯдакона на камтар аз 6 ҷой, аз 1 майи соли 2022 бошад, поликлиникаҳои марказии бисёрсоҳавии ноҳиявӣ-шаҳрӣ, ҳамчунин дар поликлиникаҳои оилавии шаҳри Тошканд шуъбаҳои бачагона ташкил карда мешаванд. Дар ин асос, дар иттиҳодияҳои тиббии ноҳиявӣ-шаҳрӣ дар доираи воҳидҳои штатии амалкунанда шуъбаҳои анестезиологӣ-реаниматсионӣ, ҳамчунин постҳои педиатрии хидмати шабонарӯзи кумаки таъҷилии тиббӣ, дар Маркази тиббии илмӣ-амалии педиатрии ихтисосондашудаи ҷумҳурӣ оиди ташхиси барвақти ирсӣ-генетикӣ, аз ҷумла, бемории орфан лабораторияи Референс ва дар ҳудудҳо 17 лабораторияи минтақавии он ташкил карда мешавад.
Ин низ баҳри кам шудани фишори барзиёде, ки бинобар набудани шуъбаҳои реаниматсионии кӯдакона дар ноҳия ва шаҳрҳо ба шуъбаҳои воқеъ дар маркази вилоятҳо расонда мешавад ва пешгирии оворагиҳои модароне, ки фарзанди бемор доранд ва дарёфти шифо хидмат менамояд.
Хусусан, аз 1 майи соли 2022 ба роҳ гузошта шудани сохтори хӯроки бепул ба шахсоне, ки фарзандҳояшон дар Маркази гемотология, онкология ва иммунологияи клиникии бачагона муолиҷа мегиранд, бешубҳа, ба ҳазорҳо қалбҳои маҷруҳ равшанӣ мебахшад. Зеро, муолиҷаи давомноки бачаҳои бемор дар ин давр ба нигоҳубинкунандагон тазйиқи иқтисодӣ ва рӯҳӣ меоварад.
Албатта, дар ҷараёни ин ислоҳот ба масъалаи кадрҳо низ эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Аз ҷониби нуқтаҳои шифокор ва поликлиникаҳои оилавӣ, ҳамчунин поликлиникаҳои марказии бисёрсоҳаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) барои фарогирии занҳои ҳомила ва занҳои синни таваллуд бо хидмати боз ҳам сифатноки тиббӣ аз 1 июли соли 2022 ба таркиби «бригадаҳои тиббиёт» барилова 3600, аз 1 январи соли 2023 сар карда боз 4900 штати ходимони тиббии миёна ҷудо карда мешавад. Бо мақсади дар вақташ ва сифатнок таъминсозии вазифаҳое, ки дар қарор муайян карда шудаанд, штаби ҷумҳуриявӣ «Оиди саломатии репродуктивӣ, масъалаҳои модар ва тифл», ҳамчунин фаъолияти 14 штати ҳудудӣ ба роҳ гузошта шуда истодааст.
Хулоса, вазифаҳое, ки дар қарор муайян шудаанд, дар баробари он ки дар кишварамон ислоҳотро бобати ҳифзи модар ва тифл ба зинаҳои нав мебароранд, бештар аҳамият касб менамоянд.
Мавлуда
АДҲАМҶОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.