ПОЯГУЗОРИ МАКТАБИ ДРАМАТУРГИЯИ ТОҶИК

Китоб, хоссатан китоби бадеӣ, дар ташаккули забону одобу рафтор ва рушду такомули тафаккуру маърифат ва худогоҳию худшиносӣ кӯмакрасон аст.

Китоб, хоссатан китоби бадеӣ, дар ташаккули забону одобу рафтор ва рушду такомули тафаккуру маърифат ва худогоҳию худшиносӣ кӯмакрасон аст. Китобҳои бадеиро адибон меофаранд. Адибоне, ки осори мондагор доранд, ангуштшуморанд. Номи онҳо дар қалби мардум ҳамеша зинда буда, зодгоҳи онҳо дар саҳифаи таърих сабти абадӣ ёбад. Ҳарчанд онҳо бо забони модарӣ осори гаронмоя меофаранд, он осор ба забонҳои гуногун тарҷума мешаванд. Ин гуна адибон натанҳо фарзанди як халқ, балки аҳли башаранд.
Яке аз сутунҳои адабиёти навини тоҷик Сотим Улуғзода фаъолияти эҷодиашро солҳои донишҷӯӣ аз навиштани мақолаҳои илмӣ, тарҷумаи осори бадеӣ ва драматургия оғоз намудааст. Чандин мақолаҳояш доир ба ҳаёт ва  осори намояндагони адабиёти мумтоз, мақолаҳои алоҳидааш дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ рӯйи чопро дидаанд. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии асосгузори маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна – Аҳмади Дониш яке аз аввалин рисолаҳои илмии ҷиддиро навиштааст. Рисолаи  “Пири ҳакимони Машриқзамин”, ки байни хонандагон хеле машҳур гардида буд, тадқиқоти мондагорест доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абӯалӣ ибни Сино. Ин мақолаю рисолаҳои илмӣ Сотим Улуғзодаро чун мунаққид ва адабиётшинос муаррифӣ намудаанд.
Саҳми Сотим Улуғзода ба рушди тарҷума дар адабиёти навини тоҷик беқиёс аст. Ӯ аллакай солҳои донишҷӯйӣ дар шаҳри Тошканд романи “Занбӯр” (тафсири дуюмаш “Ғӯрмагас”, 1982)-и Этел Лилиан Войничро тарҷума кардааст. Минбаъд “Дон Кихот”-и Сервантес, ”Тил Уленшпигел”-и Шарл де Костер, “Ҳамлет” ва «Якпула савдо – садпула ғавғо»-и Уилям Шекспир, ”Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А. Н. Островский, “Модар” ва “Егор Буличев ва дигарон”-и Максим Горкий ва боз чандин асарҳои дигарро аз нависандагон ва драматургони  ҷаҳон ба забони тоҷикӣ гардонда буд.
Соли 1975 вақте донишҷӯ будам, бори аввал дар шаҳри Душанбе ба театр даромадам. Ва ҳунармандони касбиро низ он ҷо дидам. Онҳо асари С. Улуғзода “Алломаи Адҳам ва дигарон”-ро ба саҳна гузошта буданд. Толори театри давлатии ба номи А. Лоҳутӣ пур буд аз тамошобин. Зиёд таассуроти маънавӣ гирифтам, гӯё дар муҳити асри XIX-и аморат бо Аҳмади Дониш дар мулоқот будем... 
Намоиш охир шуд. Тамошобинон аз ҷо бархеста ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. Ҳамон ҷо  дар ташаккули  маънавияти инсон мавқеи муҳим доштани театрро амиқ эҳсос намудам.
Барҷастатарин драманависи тоҷик Сотим Улуғзодаро метавон чун асосгузори мактаби драматургияи адабиёти навини тоҷик  пазируфт. Улуғзода дарк намуда буд, ки дар адабиёти тоҷик мактаби драматургия ташаккул наёфтааст. Бинобар ин, драманависиро аз тарҷумаи асарҳои драматургияи адабиёти ҷаҳон оғоз намуд. Ин ҷараён ду ҷиҳат дошт: нахуст, халоъ, яъне холигии соҳа пур мешуд; сониян, тарҷумон ба таҷриба меафзуд. Дар ин ҷараён ӯ камари ҷиддӣ баст. Аллакай, драматург солҳои 30-40-уми асри ХХ дар мавзӯи рӯз драмаҳои “Шодмон”, “Калтакдорони сурх”, ”Дар оташ”-ро офарид.
Дар соли 1958 ба рӯйи саҳна омадани драмаи “Рӯдакӣ” ҳодисаи фавқулодда буд дар соҳаи драматургияи тоҷик. Бори аввал дар ин соҳа шахсияти конкрету машҳури таърихӣ – Рӯдакӣ, ки сифатҳои инсони комилро зоҳир мекунад, ба тасвир омадааст. Дар асоси ин драма филми “Қисмати шоир” ба навор гирифта шуд ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд. Филми мазкур дар фестивали кинои кишварҳои Осиёву Африқо сазовори ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” гардидааст.
Дониш ва ҷаҳонбинии васеъ, таҷриба ва ҷустуҷӯҳои пайваста Улуғзодаро кор дод. Ӯ ба таълифи асарҳои саҳнавии таърихӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода, дар ин соҳа комёб гардид. Киноповести “Ибни Сино” (бо ҳамқаламии В. Виткович), “Темурмалик”, “Алломаи Адҳам ва дигарон” ва чанди дигар маҳсули ҷустуҷӯҳои босамари Улуғзода буданд. Ин драма ва киноповестҳо ба хазинаи тиллоии адабиёти тоҷик ворид гардидаанд. 
Муҳаққиқон собит намудаанд, ки Улуғзода устоди насри муосири тоҷик буда, баъд аз устод Айнӣ дар рушди насри бадеӣ саҳми чашмгире доштааст ва мақоми ӯро адабиётшиносон дар ҷойи аввал гузоштаанд. 
Ҳифзи хотираи таърихӣ, бо чашми амиқбин нигаристан ба зиндагии халқ ва моҳияти таърихии хурдтарин падидаҳои ҳастии ӯро ҷустан аз муҳимтарин хусусиятҳои эҷодкории Улуғзода мебошад. Дар осори илмӣ, наср, драматургия ва киноповестҳои нависанда лаҳзаҳои асосии таърихи халқи тоҷик аз асри VII то давраи зиндагии муаллиф инъикос ёфтааст. Академик Бобоҷон Ғафуров таърихи халқи тоҷикро ба тариқи илмӣ собит карда бошад, Улуғзода муҳимтарин лаҳзаҳои ин таърихро ба тариқи бадеӣ дар осори худ инъикос намудааст. 
Аз ин ҷиҳат, осори Улуғзода таърихномаи бадеии халқи тоҷик аст дар оинаи таърих. “Ривояти суғдӣ”, драма ва киноповестҳои “Рӯдакӣ”, ”Ибни Сино”, ”Темурмалик”, ”Восеъ”, «Ҷавонии ибни Сино», “Алломаи Адҳам ва дигарон”, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо», романҳои “Восеъ”, ”Фирдавсӣ” ва ”Навобод” саҳифаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро инъикос менамоянд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 
30-юми ноҳияи 
Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: