ПОЯГУЗОРИ ВИДЕОФИЛМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Аввалин намоянда ё худ асосгузори режиссураи спектаклҳои телевизионӣ дар Осиёи Марказӣ, Арбоби санъати Ӯзбекистон, соҳиби Мукофоти байналхалқии Бобур Мақсуд Юнусов мебошад, ки агар ҳаёт мебуд, ба зинаи навадуми умр қадам мениҳод.

Вақте номи ин коргардони забардаст ба забон омад, филмҳои тасвирии бисёрқисматае пеши назарамон меоянд, ки дар «оинаи ҷаҳон»-и ҷумҳурӣ намоиш ёфта, эътибори миллионҳоро ба худ кашидаанд. «Гирдоб», «Хонадомод», «Алишер Навоӣ», «Бобур», «Шаб ва рӯз», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хазинаи Улуғбек» барин шоҳасарҳо, ки дар бойгонии телевизион чун ганҷинаи бебаҳо маҳфуз дошта мешаванд, алъон низ намоиш ёфта, тавре ба назар мерасад нав ба навор бардошта шуда, ба муаммову масъалаҳои давр, рӯҳи замоне, ки ба сар мебарем, ҳамоҳанг мебошанд ва куҳан шудан надоранд.
М.Юнусов соли 1932 дар деҳаи Қаросуви вилояти Тошканд таваллуд ёфта, соли 1946 мактаби ҳафтсоларо ба итмом расондааст. Бинобар он ки дар атрофи Қаросув мактаби даҳсола набуд, ба шаҳри Тошканд омад ва таҳсилро идома дод. Баъди хатми техникуми хоҷагии ҷангал ба факултаи филологии САГУ (Донишгоҳи Осиёи Миёна) ҳуҷҷат супурд. Аммо холҳояш нарасиданд.
Вақте афтодарӯҳ аз ҳавлии донишгоҳ мебаромад, тақдир ӯро ба устоди Институти рассомӣ ва театрии Тошканд Михаил Фаттоҳов рӯбарӯ кард. Дар суҳбати сарироҳӣ Фаттоҳов таскиномез гуфт, «театршиносиро хатм карда ҳам адабиётшиноси хуб шудан мумкин».
Бо дастгирии ӯ Юнусов донишҷӯи Институти театрию рассомӣ гардид. Баъди итмом ба театри шаҳри Янгийӯл роҳхат доданд. 
Баъдтар Юнусов ба пойтахт баргашт ва соли 1959 дар телевизиони Ӯзбекистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Аввалин намоишҳое, ки омода сохт, теленовеллаҳое мебошанд, ки дар асоси «Хирс», «Илтимос», «Ҷашн» барин асарҳои Антон Чехов саҳнавӣ шудаанд.
Тавре ба назар метобад аз рӯйи асари тайёр телеспектакл омода сохтан кори мушкил нест. Вале ин кор душвориҳои ба худ хос дорад. Сенариянавис ва коргардонро лозим меояд маҳз ҷойҳои даркориро пеши назари бинанда ҷилвагар созад, ба асаре, ки дар болояш кор мекунад, эҷодкорона муносибат намояд. М.Юнусов чун коргардон ва муаллифи сенария вазифаи базиммагирифтаашро ба хубӣ ӯҳда кард ва ба эътирофи умум сазовор гардид. 
Аксарияти асарҳое, ки М.Юнусов ба саҳна гузошт, таърихи ба худ хос доранд. Рӯзе драматург Ҳ.Расул, ки дӯсти наздикаш буд, пурсид, ки қиссаи хубе бо номи «Хонадомод» чоп шудааст дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи», хондед ё не?
Нахондаам, гуфт М.Юнусов ва дар дил ният кард, модоме Ҳ.Расул таъриф месозад, он воқеан асари хуб. Дере нагузашта қисса дар шакли китоб чоп гашт. Бо диққат хонда баромад. Мехост бо муаллиф шинос шавад. 
Шоир Юсуф Шомансур номзадӣ ҳимоя кард ва зиёфат дод. Гирди дастархон – асосан аҳли илму адаб. «Ҳо, ана он шахси қадбаланд Турғун Пӯлод», – гуфт нафаре, вале бо хаёли он ки безобита насозад, Мақсудака ба назди вай нарафт. Яке аз рафиқонаш гуфт, агар хоҳед худи пагоҳ шуморо ба нависанда шинос мекунам.
Аммо гуфтаи хона ба бозор рост наомад. Баъди як ҳафта хабари вафоти Т.Пӯлод паҳн гашт. Андӯҳгин шуд, ки мехост ба вай аз наздик шинос шавад ва қиссаашро ба саҳна гузорад. Бо вуҷуди ҳамин аз адабиётшинос Умаралӣ Норматов маслиҳат пурсида, дар болои сенарияи «Хонадомод» кор кард. Вале дар муҳокимаи сенарий ғайр аз Ҳ.Расул ҳамаи аъзои шӯрои бадеӣ ба М.Юнусов зид баромаданд. Кадоме гуфт, ки «Ман чизе нафаҳмидам». Дигаре изҳор кард ғояи асар ба сохтор мувофиқ нест. Ҳамин тавр,  корҳо оиди видеофилм бозистоданд. Сенарий дар ҷевон хеле хобид.
М.Юнусов рӯзе онро ба Иттиҳодияи адибон бурд, муҳокима кунед, гуфт ба муовини раиси онвақта Ӯ.Усмонов. Насими ошкорбаёнӣ, ки мевазид, ин дафъа ба рӯйи саҳна шудани қисса, ки ғояи асосиаш танқиди норасоиҳо ва фошгӯист, иҷозат доданд. Видеофилми чаҳорқисматаро бинандагон бо ҳисси мамнунӣ қабул карданд. Дере нагузашта, иҷрокунандаи нақши асосӣ Ё.Саъдиев, наворбардор Т.Қурбонов, коргардон М.Юнусов ва муаллифи қисса (марҳум) Т.Пӯлод ба Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза (соли 1987) сазовор шуданд.
Соли 1984 М.Юнусов дар асоси романи «Шабҳои ситоразор»-и Пиримқул Қодиров хост бо унвони «Бобур» видеофилми бисёрқисмата омода созад. Ӯ ва рассом Саидакмал Расулов ба кор шурӯъ карданд. Рӯзе котиби КМ оиди мафкура ба идораи телевизион омад. Вақте студияҳои телемарказро давр мезад, тасодуфан декоратсияҳоеро дид, ки барои видеофилм сохта буданд. М.Юнусовро ба ҳузур хонд ва сахт коҳиш намуд: «Навоӣ»-ро ҳам шумо гузоштаед? Чаро ҳама қаҳрамонҳоятон бо ҷомаву салла? Кӣ будани Бобури забткорро медонед? Кӣ рухсат дод, ки образи ӯро офаред?»
Котиб ба директори киномарказ фармуд, ки эскизҳоро оташ зананд. Бо хеле меҳнат ва маблағ омода шуда буданд эскизҳо. Думоҳа маоши коргардон ва рассомро дошта монданд...
Баъди чаҳор сол Наим Ғоибов ба телерадиоширкат раис шуду аз хусуси видеофилм дар бораи Бобур пурсон шуд. Супориш дод корро давом диҳанд. Мебоист нақши Бобурро Ёдгор Саъдиев бозад, вале бинобар серкорӣ вай ба «киносанҷиш» омада натавонист. Нақши асосӣ ба актёр М.Абдуқундузов насиб кард, ки нав аз театри Сурхондарё ба пойтахт омада буд.
Видеофилм дар вилояти Ҷанбули Қазоқистон, вилояти Ӯши Қирғизистон, соҳилҳои баҳри Сиёҳ ва асосан дар шаҳри Қӯқанд ба сурат бардошта шуд. Кори соли 1984 оғозёфта, ҳамин тавр, баъди 6 сол, дар охирҳои соли 1990 ба фарҷом расид. То асареро ба саҳна гузорад, чӣ қадар ранҷ, изтироб ва маҳрумиятҳо кашид коргардон ва сенариянавис. Иродати мустаҳкам, ки дошт, аз кор дилхунук нашуд, баръакс, ҳар қадар садди роҳ шаванд, ҳамон қадар ба пешравӣ ҳаракат кард ва ба кӯи мақсуд расид.
Дорандаи ордени «Эл-юрт ҳурмати» (2002) Мақсуд Юнусов, ки видеофилмро ҳамчун жанр дар телевизиони Ӯзбекистон асос гузошту ба он ривоҷу равнақ бахшид, соли 2020 дар синни 88 аз олам гузашт. 

М. ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: