ПОЯГУЗОРИ ЗАБОНИ АДАБӢ ВА АДАБИЁТИ ӮЗБЕК

Шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишер Навоӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон низ маҳсуб меёбад.

Эҷодиёти ӯ на танҳо қуллаи баланди санъати сухани ӯзбек, балки дунёи туркӣ низ мебошад. Сатҳи  осори форсӣ-тоҷикии ӯ низ баланд аст.
Навоӣ дар асри XV умр ба сар бурдааст. Ин садсола нуқтаи баландтарини бакамолрасии фарҳанги Шарқ, аз ҷумла, маданияти ӯзбек буд. Мисли дигар намояндагони аҳди бедорӣ (замони ҳукумати Темуриён) Навоӣ низ кору фаъолияти густурдае дошт.
Шоир дар осори хеш инсонро ба сифати сарвари ду олам, ки мақсад аз офаридани  олам ӯ буд, қаламдод кардааст. Агар чунин аст, инсон бояд як умр ба дунболи некӯкорӣ гардад. Умеди Офаридгор аз ӯ ин аст. Пас, соҳиби қалби бузурге, ки чунин ғояҳоро тарғиб менамояд, табиист, ки дар  ҳаёт мутобиқ ба ин ғояҳо кору амал мекунад. Навоӣ ба сифати як арбоби донишманду адолатпеша ба шахси бузурги замони хеш табдил ёфт. Ӯ ба рушди фарҳанги форсию туркии қарни XV саҳми назаррас гузоштааст. Намояндагони соҳаҳои мухталифи илму маданияти Хуросон дар атрофи ин нобиғаи даврон ҷамъ омада буданд. Ба қавли Заҳириддин Бобур: «Ҳар касе, ки  бо коре машғул буд, ҳиммату ғаразаш (ният) ин буд, ки он корро ба камол расонад». Барои ба камол расидани аҳли илму  адабу ҳунар саҳми Навоӣ  назаррас будааст. Танҳо теъдоди ёдгориҳои таърихие, ки аз ҳисоби маблағи ин бузургвор бунёд гардидаанд, ба 400-то наздик аст. 
Алишер Навоӣ аз зумраи он нобиғагони илму адаб аст, ки дар тӯли садсолаҳои зиёд як бор ба дунё меоянд.
... Ҳокими шаҳри Ҳирот Абӯсаид дар аввали солҳои 1469 дар яке аз ҷангҳое, ки барои ба даст даровардани Эрони Ғарбӣ  бурда мешуд, кушта шуд. Дар байни темуризодагон, барои ба тахт нишастан, муборизаҳо боз авҷ гирифтанд. Дар ин муборизаҳо Султон Ҳусайн Мирзо, ки чанд сол боз мехост ҳокимиятро ба даст дарорад, пирӯз гардид. Ӯ соли 1469 ба тахти Ҳирот нишаст.
Ҳусайн Бойқарою Алишер Навоӣ, ки дар як мактаб таҳсил гирифта, дар саройи Абулқосим Бобур якҷо хидмат карда буданд, дӯстони қадршинос буданд. Онҳо аҳду паймон карда буданд, ки: «Ҳар гоҳ ки бахт ба рӯяшон хандад, ба якдигар содиқ мемонанд, ҳамкорӣ мекунанд». Бино ба ҳамон аҳд, Ҳусайн Бойқаро ба дӯсташ Алишер Навоӣ, ки дар Самарқанд буд, нома ирсол дошта, ӯро ба Ҳирот, барои хидмат дар сарой даъват менамояд. Навоӣ ба зодгоҳаш — Ҳирот бармегардад. 
Фаъолияти шадиди адабӣ ва иҷтимоию сиёсии Навоӣ аз баҳори соли 1469 шурӯъ гардида, то охири умраш пайгирона идома меёбад. Навоӣ «Хамса»-ашро дар фурсати хеле кӯтоҳ анҷом медиҳад. Коре, ки дар аввали соли 1483 оғоз ёфта буд, соли 1485 ба охир мерасад. «Хамса» танҳо қуллаи баланди эҷодиёти  Навоӣ ва адабиёти ӯзбек нест. Он яке аз обидаҳои бадеии муҳташами адабиёти Шарқ ва ҷаҳон низ мебошад. Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Хусрави Деҳлавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ шеърҳояшонро дар се девон тадвин кардаанд. Навоӣ ин анъанаро идома дода, «Хазоин-ул-маонӣ»-ро дар чаҳор девон тартиб дод. Дар онҳо 2 ҳазору 600 ғазал гирд оварда шудаанд. Аз ӯ мероси бузурге ба ёдгор монд.
Мероси Навоӣ, нисбат ба мероси адабии дигар шоиру нависандагони  гузаштаи мо, дақиқтар аст. Зеро ӯ таълифоташро худ ҷамъоварӣ карда, ба насли оянда дар шакли китоб боқӣ гузоштааст. Дар «Муҳокимат-ул-луғатайн»-и ӯ рӯйхати осори таълифнамудааш оварда шудаанд. Ва ҳамаи осори ин рӯйхат то ба мо омада расидаанд. Мероси  мутафаккир бори аввал тӯли солҳои 1987-2003, иборат аз 20 ҷилд, тавассути нашриёти «Фан» рӯйи чопро дид.
Олимоне, ки лирикаи Алишер Навоиро тадқиқ намудаанд, бар онанд, ки ӯ дар 16 жанр асари ғаноӣ офаридааст. Аз ин рӯ, онҳое, ки тавассути радио, телевизион ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ баромад мекунанд, изҳор менамоянд, ки: «Навоӣ дар 16 жанр эҷод кардааст». Ҳол он ки ин рақам танҳо ба осори лирикии Навоӣ тааллуқ дорад.
Пайдост, ки осори ғаноии форсӣ-тоҷикии ӯ бо тахаллуси «Фонӣ» дар «Девони Фонӣ» ҷамъоварӣ гаштааст. Дар ин девон ду асари жанри лирикии ӯ, ки дар девонҳои «Хазоин-ул-маонӣ» вонамехӯранд, мавҷуданд. Онҳо марсияю таъриханд. Биноан, мо бояд гӯем, ки Навоӣ ба забони туркию форсӣ, ҷамъ, дар 18 жанри лирикӣ шеър эҷод кардааст. 
Бад-ин тариқ, агар дақиқ ҳисоб кунем, ошкор мегардад, ки Алишер Навоӣ дар 31 жанри адабӣ асар офаридааст. Шоир дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки дар ҳамаи жанр ва вазнҳое, ки дар адабиёти форс-тоҷик роиҷ буданд, қувва меозмояд ва ин вазифаро шарафмандона ӯҳда кард. 
Хулоса, Навоӣ бо осори мондагори худ забони адабии ӯзбекро ба як зина боло бардошт. Ин адабиёт бошад, ба туфайли ин мероси бузург дар ҷаҳон шинохта шуд. Биноан, мо Алишер Навоиро поягузори  забони адабӣ ва адабиёти ӯзбек меномем. Забони адабӣ ва адабиёти имрӯз низ бо роҳе меравад, ки дар сароғози он Навоӣ  истодааст.

Султонмурод ОЛИМ,
сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: