Дар шумораҳои №25 (22 марти соли 2019), №32 (13 апрели соли 2019) рӯзномаи «Овози тоҷик» оиди ҳолати мактабҳои тоҷикии мамлакатамон мақолаҳо пешкаши омма гардиданд.
Маълум аст, ки дар ҷумҳурии мо қариб 250 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Дар якчанд донишгоҳ факултетҳои забон ва адабиёти тоҷик амал мекунанд. Дар як қатор ноҳия ва шаҳрҳо рӯзномаҳо ё саҳифаҳои алоҳидаи рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ нашр мешаванд. Марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон дар вилоят ва пойтахтамон мавҷуданд. Вақтҳои охир чопи китобҳои бадеии тоҷикӣ низ бисёр шуда истодааст.
Ин ҳама барои худшиносии миллӣ, барои равнақи забон ва маданияти мо имконият фароҳам меоварад.
Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта дар шаҳру ноҳияи Чуст мактабҳои тоҷикӣ бисёр буд, аммо имрӯз фақат дар деҳаҳои Варзик ва Варзигон 5 мактаби тоҷикӣ мондааст. Дар ин мактабҳо ҳам таълим дузабона шудааст. Ҳолати моддӣ ва педагогии мактабҳои тоҷикии ноҳияи Чуст ҳам чун дигар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ташвишовар аст. Яке аз муаммоҳои асосӣ ин ниҳоят кам будани адабиёти бадеии тоҷикӣ бошад, дигар муаммо риоя накардан ба забони адабии тоҷикӣ аст. Ҳатто кӯшишҳои гузаштани дарси баъзе фанҳо бо забони дигар дида мешавад.
Обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам дар ин мактабҳо табъи дил нест. Дуруст аст, ки обуна кори шахсии ҳар як фард аст, аммо дар рӯзномаи номбурда мақолаҳо оиди услуби таълиму тарбия ва маълумотҳои иловагӣ аз ҳаёти адибони тоҷик нашр шуда меистад ва барои муаллимон ҳамчун манбаъ хизмат мекунад.
Мактаби рақами 13-уми деҳаи Варзик барои мамлакат кадрҳои сазовор тарбия кардааст. Беш аз 20 нафар номзад ва докторҳои илм, се нафар адибони тоҷик – Сотим Улуғзода, Мутеъулло Наҷмиддинов, Ҳабибулло Имодӣ, санъаткорон Ҳалим Ҷӯраев, Носирҷон Маҳмудов, Матлуба Дадабоева дастпарварони ин мактаб мебошанд.
Як қисми биноҳои мактаби номбурда фарсуда шудааст. Умед дорем, ки консепсияи ба наздикӣ аз тарафи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев қабулшуда муаммоҳои мавҷудаи мактабҳоро бартараф менамояд.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи ЧУСТ.