Ба воқеаи ба маънои пурраи сухан бузург – истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тӯли асрҳо орзуву омоли халқ буда, оқибат дар поёни садаи ХХ вай ба ин орзуи деринааш муваффақ гардид, сӣ сол пур мешавад.
Ба воқеаи ба маънои пурраи сухан бузург – истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тӯли асрҳо орзуву омоли халқ буда, оқибат дар поёни садаи ХХ вай ба ин орзуи деринааш муваффақ гардид, сӣ сол пур мешавад.
Аслан ин муддат дар ҷараёни таърих чандон тӯлонӣ нест, вале он ба ҳаёти мардуми мо таъсири муносиб гузошт. Чунончи, ин солҳо барои мо солҳои дигаргуниҳои фавқулодда бузург, эҳё ва ислоҳотҳо, аз ҳама муҳимаш, солҳои худшиносии халқи ҷафокашамон гардиданд.
Боз як ҷиҳати муҳиме, ки касро мамнун месозад, он аст, ки тӯли солҳои истиқлол дар шуури халқи сермиллати Ӯзбекистон ва дар дилҳои онҳо ҳам бевосита ва ҳам бавосита ҷаҳонбинии нав ташаккул ёфт. Зиёда аз он мо иштирокдори фаъоли ин ҷараёнҳо шудем.
Тавре ки бидуни заҳмату машаққат ба ягон натиҷа расидан мушкил аст, мустаҳкамсозии истиқлол низ осон набуд. Халқи мард ва пурматонати мо бо вуҷуди душвориҳои мураккаб ва имтиҳонҳои душвор иродаи мустаҳками худро зоҳир кард, дар роҳи истиқлолият содиқ монд. Бахусус тӯли панҷ соли охир бинобар самараи ислоҳоти беқиёс ва серҷанба дар Ӯзбекистони нав насле ба камол расид, ки фикру андешаи нав дорад, ба талабу тақозои замон ҳамнафасу ҳамқадам мебошад.
Мавриди таъкид аст, ки алҳол таъбири «Ӯзбекистони нав» дар тамоми ҷаҳон вирди забон шудааст. Бидуни шубҳа ин эътирофи байналмилалии иқдомҳои куллан нави мо барои пешрафту тараққиёт ва натиҷаҳои шоистаамон дар ин роҳ мебошад. Зеро Ӯзбекистони кунунӣ ин Ӯзбекистони дирӯза нест, халқамон низ мардуми пешина нестанд.
Воқеан, тӯли солҳои сипаришуда ба ҳар комёбиву муваффақият ноил шуда бошем, барои ин, пеш аз ҳама, ба нирӯву салоҳияти мардум такя кардем, аз сарватҳои табиӣ оқилона истифода бурдем, сӯйи мақсадҳои бузург ва рӯзҳои дурахшон дилпурона қадам ниҳодем.
Ҳамаи мо гувоҳ ҳастем, ки тӯли панҷ соли охир дар идоракунии давлат ва ҷамъият, такмил додани низоми суду ҳуқуқ, мустаҳкам сохтани нирӯи мудофиаи мамлакат, гузаштан ба иқтисодиёти воқеан бозаргонӣ, муборизаи беамон ба муқобили тамаъгарӣ ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ гардиданд. Барои соҳиби мулки хусусӣ шудану соҳибкорӣ шароит ва имкониятҳои беш аз пеш фароҳам оварда шуданд. Истиқрори макроиқтисодӣ таъмин карда шуд.
Мо имрӯз бо ифтихор ва эътимод гуфта метавонем, ҷараёнҳои демократие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, доимӣ ва мустақиманд, роҳи бозгашт нест.
Пандемияи коронавирус ва инқирози иқтисодӣ, ки инак ду сол боз дар миқёси ҷаҳон ҳукмрон мебошанд, ирода ва сабру матонати халқи моро боз як бор аз имтиҳони ҷиддӣ гузарониданд. Ҳамватанони мо дар чунин рӯзҳои душвор ҳам нирӯву қудрат ва меҳру оқибат, ҳамчунин меҳнатдӯстии шоёни таҳсини худро зоҳир карданд, ба нирӯи бузурги зидди пандемия табдил ёфтанд.
Бубинед, ки духтараки сӣ сол муқаддам таваллудшуда имрӯз соҳиби хонаву дар ва кӯдак гардид, писараки дар он гоҳ ба дунёомада сазовори номи падар шуд. Агар ба як сухан ифода намоем, дар кишварамон насли куллан нави даврони истиқлолият ташаккул ёфт. Саволе ба миён меояд, ин насл, пайравони мо чӣ гуна ба воя мерасанд?
Маълум аст, ки дар мамлакати соҳибистиқлоли мо барои пешрафти ҷавонон роҳи васеъ кушода шудааст, эҳтиёҷ ва талаботи онҳо таъмин мегарданд, барои ба ҳаёт татбиқ сохтани қобилият ва истеъдодашон, ҷойгоҳи худро пайдо кардани онҳо кумак расонида мешавад, вазифаҳои масъул маҳз ба дӯши ҷавонон вогузор мешаванд. Ҷавононе, ки ба эътибори баланди халқу кишвар сазовор мегарданд, бо салоҳиятнокии худ ва садоқаташон ба ғояҳои миллӣ Ӯзбекистони азизи моро ба тамоми олам маъруфу машҳур хоҳанд кард.
Боз як воқеияти бузурге, ки дилҳои ҳамаи моро ба ваҷд меоварад, он аст, ки ба шарофати истиқлол дар Ӯзбекистони нав ба эҳёи нав – даврони Эҳёи Сеюм замина гузошта мешавад. Бунёдкорони ин иншооти муҳташам, ки дар болои ин пойдевори мустаҳкам сохта хоҳад шуд, мову шумо ва албатта, дар навбати аввал, ҷавонони кунунӣ мебошанд. Ин вазифаи бузурги таърихиро бо сари баланд ва пуршарафона адо намудан қарзу фарзи ҳар кадоми мост.
Комёбиву муваффақиятҳои беназире, ки дар даври сӣ соли истиқлоли бузург ба даст омаданд, шаҳодати миқёс ва вусъати корнамоиҳоямон мебошанд. Аз ҷумла, дар ҷамъият устувории қонун ва мустақилии судҳо таъмин гардида, мақомоти ваколатдори роҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳисоботи онҳо дар назди ҷамоаҳо ба роҳ монда шуд. Барои ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ислоҳоти ҷиддӣ ба амал бароварда шуданд.
Ҳамчунин дигаргуниҳое, ки ба бозсозии мамлакат, беш аз пеш афзудани сифат ва самаранокии низоми идоракунии давлат ва ҷамъият, мубориза алайҳи тамаъгарӣ, пурқувват кардани нақши идораи ҷамоатҳои шаҳрвандӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ нигаронида шудаанд, татбиқ гардиданд. Ғайр аз ин дар пояи тамоюлҳои «Манфиати инсон – аз ҳама бартар», «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хизмат кунад» барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон, таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо ба натиҷаҳои бузург муваффақ гардидем.
Дар ҳоли ҳозир иқтисодиёт озод карда шуд, таъсири маъмурӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт кам гардид, иқтисодиёти рақамӣ ҷорӣ мегардад, ба ҳифзи ҳуқуқи мулки хусусӣ ва пурзӯр кардани устувории он эътибори махсус дода мешавад, бозори асъор озод гардид, минтақаҳо аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҷмӯъ инкишоф меёбанд.
Аз тариқи ба ҳаёт ҷорӣ намудани тамоюли «Халқ сарватманд бошад, давлат ҳам сарватманд ва қудратманд мегардад» аҳолӣ ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб карда шуд, шартҳои ба роҳ мондани тиҷорати шахсӣ сабуктар гардида, барои рағбатноксозии соҳибкории оилавӣ, косибӣ ва ҳунармандӣ имкониятҳои нав фароҳам омаданд. Лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Панҷ ташаббуси муҳим», «Як миллион барномарез» ба ҳаёт ҷорӣ гардиданд, барои таъмин сохтани шуғли аҳолӣ, мунтазам зиёд кардани даромадҳои воқеии ӯ, куллан инкишоф додани соҳаҳои таълиму тарбия, илму фан, маданият, санъат, адабиёт ва варзиш саъю ҳаракат карда мешавад.
Дар ҷамъият бинобар баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи занону духтарон, беҳтар намудани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии онҳо низ комёбиҳои бузург ба даст омаданд. Чунончи, барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бонувон, ҳифзи ҳамаҷонибаи оила, модару кӯдак, кӯмакрасонӣ барои соҳиби илм ва касбу ҳунарҳои замонавӣ шудани духтарон, аз ҷиҳати молиявӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намудани бонувони соҳибкор корҳои васеъмиқёс татбиқ гардиданд.
Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ки маҳз ба шарофати истиқлол ба дунё омада, беш аз чоряк аср фаъолияти мунтазам дорад, бинобар дар майдони сиёсӣ татбиқ сохтани ғояҳои халқпарваронаву ҳаётӣ сазовори мақом ва обрӯ гардид, бобати куллан беҳ сохтани ҳаёти халқ, таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, устувории қонун ва адолати иҷтимоӣ, беш аз пеш инкишоф додани тараққиёти инноватсионӣ саҳми худро мегузорад.
Ҳизби мо барои ба амал татбиқ сохтани тамоюлҳои барномаи пешазинтихобии худ «Адолат барои ҳар як инсон!», «Муваффақ шудан ба пойдории қонун ва адолат – мизони саъю ҳаракатҳои мо!» фидокорона саъй менамояд. Мо, аъзои ҳизб, фаъолон, депутатҳои тамоми дараҷаҳо, бидуни шубҳа, минбаъд низ барои пешрафти Ватан, дар роҳи истиқболи хуррами он тамоми саъю кӯшишҳои худро сафарбар менамоем, бо ниятҳои пок фидокорона меҳнат мекунем.
Зуҳро ИБРАГИМОВА,
муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, роҳбари фраксияи ҲХД «Адолат».
(ӮзА).