ПОЯИ ҲУҚУҚИИ ТАРАҚҚИЁТИ МО

Халқи Ӯзбекистон ба туфайли истиқлолият ба манбаъи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва соҳиби ягонаи он табдил ёфт.

Халқи Ӯзбекистон ба туфайли истиқлолият ба манбаъи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва соҳиби ягонаи он табдил ёфт. Ба қабули Конститутсияамон, ки ифодаи қонунии хоҳишу иродаи мардуми мо, рамзи ҳуқуқии истиқлолияти давлатиамон, кафолати муътамади ҳақ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонамон мебошад, 29 сол пур гашт. Дар даврае, ки  сипарӣ гашт Қонуни асосиамон дар қарор ёфтани давлати ҳуқуқии демократӣ ва ҷамъияти шаҳрвандии адолатнок ҳамчун пойдевори ислоҳоти васеъмиқёс дар роҳи ин мақсад хидмат менамояд. 
Маълум, ки ҷамъияте, ки танҳо дар ҳақи манфиат ва эҳтиёҷи инсон ғамхорӣ менамояд, ба шукуфоӣ рӯй оварда, ба оянда бо чашми нек менигарад, торафт бештар соҳиби обрӯ шуда ва дар майдони байналхалқӣ ба назар намоён мегардад. Ҷиҳати барпои давлати демократии ҳуқуқбунёд дар Ӯзбекистон ҳамин ниятҳо мавриди эътибор гирифта шуда, қоидаҳои муқаддасе, ки дар Конститутсияи ҷумҳурии мустақиламон ифода ёфтаанд, ба амал татбиқ карда мешаванд. 
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки нафақат қиёфа ва тарзи ҳаёти имрӯзаи давлат ва ҷамъиятамон, балки ояндаву пойдевори ҳуқуқии мақсадҳои неки онро муайян менамояд. Қонуни асосӣ беҳтарин фазилатҳои мардуме, ки дар ин замини табаррук ва муқаддас зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла инсонигарӣ, кушодадилӣ, эҳтироми якдигар, рағбат ба омӯзиши илму фан, ору номус, имон, донишмандӣ барин ҷиҳатҳои ба хислатҳои ҳамдиёронамон хосро дар худ муҷассам менамояд. Дар он аз ҷумла дигаргуниҳои ҳокимияти халқӣ, сохтори давлатӣ, зинаҳои гуногуни идоракунии иҷтимоии ҷамъият қайд карда шудааст.
Тавре дар моддаи 13-уми Қонуни асосиамон нишон дода шуда, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон демократия ба принсипҳои умумиинсонӣ асоснок ёфтааст, назар ба онҳо, инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ ва қадру қимати инсону кулли ҳуқуқҳои дахлнопазираш арзиши олӣ ҳисоб меёбад. Ӯзбекистон оиди ҳуқуқҳои инсон ба бештар аз 80-то ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, 6 шартномаи асосии СММ ва 4 протоколи факултативӣ ҳамроҳ шудааст. Дар мамлакат бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани соҳаи ҳуқуқҳои инсон таҳти фармони Президент 22 июни соли 2020  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди ҳуқуқҳои инсон ва баҳри ба амал баровардани он Харитаи роҳ тасдиқ карда шуд. Ӯзбекистон дар таърихи худ бори аввал дар Шӯрои Сарассамблеяи СММ оиди ҳуқуқҳои инсон ба муддати се сол ба узвият пазируфта шуд, ки дар он эътиборан аз 1 январи соли 2021 дар қатори 47 давлати дунё фаъолият пеш мебарад.
Солҳои гузашта ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қонунҳои нав қабул гардида, бисёр ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ офарида шуданд ва амалиёти истифодаи ҳуқуқи давлатамон сол то сол такмил меёбанд. Принсипҳои демократӣ нафақат ба ҷамъият фаро рафта ва қадру қимати инсонӣ ва шаъни он эътироф меёбад, балки ана ҳамин ҳуқуқҳо дар зеҳну шуури одамон ҷойгузин шуда, ҷиҳати тарбияи инсонҳо дар рӯҳи эҳтироми қонун ва қоидаҳо низ мавриди эътибор мегарданд.
Шаҳрвандони мамлкатамон ба ҳуқуқу озодиҳои якхела соҳиб буда, сарфи назар аз ҷинс, ирқ, нажод, забон, баромади иҷтимоӣ, эътиқод, шахс ва мавқеи иҷтимоӣ дар назди қонун баробаранд. Мувофиқи моддаи 22-уми Конститутсия, шаҳрвандони Ӯзбекистон чи дар дохил ва чи берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кафолатнок таҳти ҳимоя гирифта мешаванд.
Дар моддаи 35-ум қайд шудааст, ки ҳар шахс бевосита ё якҷо бо дигарҳо ба мақомоти ваколатноки давлатӣ, муассисаҳо ва ё вакилони халқӣ ҳуқуқи таклиф ва муроҷиат кардан дорад. Баробари ҳамин механизми ба амал баровардани чунин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ” ва дигар қонунҳои дахлноку ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мустаҳкам карда шудааст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба тамоюлҳои ҳифзи манфиатҳои он такя намуда, имрӯзҳо дар асоси ин гуна мақсадҳои нек корҳои шоён ба амал бароварда мешаванд. Солҳои охир дар ҳар шаҳру ноҳия Қабулхонаҳои халқ ва қабулхонаҳои вертуалӣ ташкил ёфта, механизми ҳалли мушкилоти мардум ташаккул меёбад. Айни замон механизми муроҷиати шаҳрвандон ба ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ корбаст гардидааст.
Дар Конститутсияамон мероси бойи ҳуқуқии мо ва принсипу меъёрҳои эътирофёфтаи ҳуқуқии замонавӣ пурра инъикос гардидааст. Масалан, мақоми конститутсионӣ додан ба институти маҳалла, ки дар он мероси миллии ҳуқуқиамон инъикос ёфтааст. Дар моддаи 40-уми Қомуси мо қайд шуда, ки ҳар шахс ба ҳуқуқи аз хидмати тиббӣ истифода кардан ё худ дар моддаи 41-ум  ба ҳуқуқи дониш гирифтан молик мебошад. Ин гуна асосҳои ҳуқуқии мустаҳкам дар сохтори тандурустӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ислоҳоти таълим дар ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд. Сохтори тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ дар вазъи ҳамоҳангӣ бо андозаҳои байналхалқии эътирофшуда ташаккул ёфт. Масканҳои нави табобатӣ барпо гардида, онҳо мувофиқи талаботи имрӯз ҷиҳозонида шуданд, ба раванди беҳтар гардондани саломатӣ ва муолиҷаи инсон комёбиҳои илму фан васеъ ҷалб мегарданд.
Дар Ватанамон бобати тарбияи авлоди ҷавон корҳои бузург ба амал бароварда мешаванд. Нафақат дар дохил, балки барои дар беруни он таҳсил ва кор кардани ҷавонон имкониятҳои васеъ мавҷуд. Зеро оянда дар ҳамҷамъияти ҷаҳон мавқеъи муносиб пайдо кардани диёрамон ба салоҳияти фарзандон, маънавият ва камолоти ҷисмонии онҳо вобаста мебошад. Дар ин самт давлат ва ҷамъият барои аз нигоҳи маънавӣ ва ҷисмонӣ ташаккул ёфтани ҷавонон чораҳои маҷмӯӣ ба амал мебарорад.
Дар мамлакат ҳуқуқҳои ҷавонон дар як қатор моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолатнок гардонда шудааст. Хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон”, ки соли 2016 қабул карда шудааст, давоми мантиқии ин гуна корҳои нек қарор гирифт.
Ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон ба амал бароварда мешаванд, ба беҳсозии тарзи зисти одамон нигаронида шуда, хусусан манфиати камтаъминҳоро бештар ифода менамояд. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба манфиати халқ ва тараққиёти истиқболии мамлакат, барои фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон механизми муҳими иқтисодӣ офарида шуд.
Дар асоси қоидаҳои конститутсионӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон муносибатҳои байналхалқиро дар асоси баробарҳуқуқӣ ривоҷ медиҳад, ки ба манфиати тарафайн нигаронида шудааст. Имрӯзҳо Ӯзбекистон бо бештар аз 130 кишварҳои дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Дар Тошканд 44-то сафоратхонаҳои хориҷӣ, як консулгарии генералӣ, 8-то консули фахрӣ, 17-то ваколатхонаҳои созмонҳои байналхалқӣ, 13-то ваколатхонаҳои ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ ва ташкилотҳои ҳукуматӣ, як ваколатхонаи тиҷоратии молик ба мақоми дипломатӣ фаъолият мебаранд. Дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ 55-то ваколатхонаҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуд мебошад. Ӯзбекистон узви бештар аз 100 созмони байналхалқӣ буда, ин  мамлакат бо сохторҳои ҳамкориҳои ҳарҷониба робитаҳои шарикии байниякдигариро ривоҷ мебахшад.   
Яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии берунии Ӯзбекистон дар атрофи ҳудуди худ ташаккул додани осудагӣ, барқарорӣ ва муҳити амният мебошад. Зеро, Президент Шавкат Мирзиёев ривоҷ додани робитаҳои дӯстонаву ба ҷонибҳо манфиатбахш, некҳамсоягиро ба сифати самти устувори сиёсати хориҷӣ муайян карда дод. Муносибатҳо дар рӯҳи шарикии стратегӣ бо мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо аз ҷиҳати сифат ва мазмун  ба дараҷаи нав бардошта шуд. Имрӯзҳо бо иштироки намояндагони халқҳои мо – олимон, санъаткорон, арбобони маданият ва дин, коршиносҳо ва ҷавонон, ташкилотҳои варзишию сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ “димломатияи мардумӣ” низ торафт фаъол мегардад. Ҳамаи ин баҳри ба макони барқарор ва молик ба имкониятҳои бузург гардидани Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.
Тавре дар моддаи чаҳоруми Конститутсия мустаҳкам карда шудааст, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳурмат кардани забон, урфу одат ва анъанаҳои тамоми миллат ва халқиятҳоеро, ки дар қаламраваш истиқомат менамоянд, таъмин ва баҳри ривоҷи онҳо шароит фароҳам меофарад. Рангорангии миллӣ-мадании Ӯзбекистон дар роҳи дарки худшиносӣ, навсозии ҷамъият ва кушодии он чун омили қудратнок хидмат намуда, баҳри ба ҷомеаи ҷаҳон ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ шароитҳои қулай фароҳам меоварад.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вакилони бештар аз 130 миллат ва халқият чун аъзои як оила, паҳлӯ ба паҳлӯ умр ба сар мебаранд. Онҳо дар сохторҳои гуногуни иқтисодӣ, таълим ва тандурустӣ, илму фан ва соҳаҳои иҷтимоӣ  самаранок меҳнат карда, баҳри шукуфоии Ватан, мустаҳкамсозии истиқлолияти он, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори ҷумҳурӣ дар майдони байналхалқӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд. Ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои васеъ, ки Конститутсия кафолат додааст, ба қувваи онҳо қувва зам карда, баҳри ноил шудан ба зафарҳои нав илҳом мебахшанд.

Омонулло 
МУҲАММАДҶОНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: