ПРЕСС-ТУР – БА МАКОНИ НУР

Бо ташаббуси вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ ва шуъбаи вилоятии он дар Самарқанд ба нахустин стансияи фотобарқи офтобӣ, ки дар қаламрави Намангон, Самарқанд ва Навоӣ бунёд меёбад, пресс-тур ташкил карда шуд.

– Қуввати стансияи фотобарқи офтобӣ, ки дар ноҳияи Кармана соли гузашта ба истифода супурда шуд, 100 мегаваттро ташкил мекард, – гуфт вакили вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Отаҷонов, – онро бо ҳамкорони Аморати Араб бунёд карда будем. Стансияи фотобарқи офтобии Самарқанд бо кумаки ширкати фаронсавӣ «tofal eren» сохта мешавад.
Барои он дар ноҳияи Нуробод  353 гектар майдони бекорхобида интихоб шуд ва сохтмон оғоз ёфт.
Арзиши он беш аз 100 миллион доллар аст, ки инвеститсияи он аз ҷониби Фаронса аст. Дар стансия қариб 300 ҳазор панели таҷҳизотӣ гузошта мешавад.
Дар натиҷаи он 260 миллион киловатт соат неруи барқ истеҳсол гардида, 80 ҳазор хонадон бо нерӯҳои барқӣ таъмин хоҳанд шуд.
– Истиқболи стансияи мазкур бузург мебошад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори ширкати фаронсавӣ Ҷорҷ Диаб, – чунин стансия дар Қазоқистон сохта ба истифода дода шуд.
Стансияи фотобарқи офтобӣ, ки дар асоси тамоюли шартномаи ҳамкории дуҷониба бунёд мешавад, дар Ӯзбекистон дуюмин, дар Самарқанд аввалин маротиба сохта мешавад.
Стансия ба офатҳои табиӣ тобовар буда, ҳатто рӯзҳои абрнок низ барқ истеҳсол мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: