Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард

  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард
  • Президент ба корхонаи бузурги кимиёвии Қўқанд ташриф овард

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии «Indorama Kokand Fertilizers and Chemicals» шинос шуд.

Дар мамлакати мо саноати кимиё босуръат тараққӣ мекунад. Дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа қариб ду баробар афзуда, ба 45 триллион сӯм расид. Аз ҷумла, аз ҳисоби иқтидорҳои нав истеҳсоли нуриҳои маъданӣ 17 фоиз афзуда, соле аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна гузашт. Дар ин бобат лоиҳаҳои самарабахши сармоягузорӣ нақши калон мебозанд.

Бо мақсади солимгардонии молиявӣ ва диверсификатсияи собиқ заводи суперфосфати Қӯқанд дар соли 2019 он ба ширкати сингапурии "Indorama Holdings BV" бо ӯҳдадориҳои сармоягузорӣ фурӯхта шуд. Дар заминаи он корхонаи «Indorama Kokand Fertilizers and Chemicals» ташкил карда шуд. 70 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда, истеҳсолот модернизатсия карда шуд. Таҷҳизоти замонавии ширкатҳои бонуфузи Испания, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Туркия ва Русия насб карда шуданд. Ба таври илова 150 ҷои кор ба вуҷуд оварда шуд.

Соли 2021 дар доираи марҳилаи аввали корҳои навсозӣ истеҳсоли суперфосфати аммиакдор, нуриҳои минералии комплексии зудмаҳлулшаванда, нуриҳои минералии азотӣ-фосфорӣ-калиӣ (NPK) ба роҳ монда шуд. Иқтидори корхона дар як сол аз 75 ҳазор то ба 450 ҳазор тонна расонда шуд.

Ашёи хомро корхонаҳои ватанӣ интиқол медиҳанд. Масалан, аз Қизилқум хокаи фосфорит, кислотаи сулфат — аз Олмалиқ, сулфати аммонӣ — аз Чирчиқ, аммиак — аз "Фарғонаазот" ва «Навоиазот» оварда мешаванд. Ин барои арзон кардани арзиши аслии маҳсулот нақши калон мебозад.

Ҷиҳати муҳими дигар ин аст, ки дар натиҷаи навсозӣ хароҷоти неруи барқ ​​ва гази табиӣ 35-40 дарсад коҳиш ёфт. Ғайр аз ин, барои пешгирӣ кардани ифлосшавии муҳити атроф дар сехҳои асосии истеҳсолӣ ба ҷойи системаи пештараи дузинадор низоми тозакунии чорзинадор ҷорӣ карда шуд.

Корхона қодир аст соле  30 миллион долларина маҳсулот содир кунад. Имрӯзҳо нуриҳои маъданӣ ба 16 мамлакати ИДМ, Аврупо, Африқо ва Осиё содир карда мешаванд.

Сарвари давлат корхонаро аз назар гузаронида, бо рафти истеҳсолот шинос шуд. Таъкид гардид, ки корхона бояд ба кластери бузурги кимиёвӣ табдил дода, на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ намуна гардад. Дар ин ҷанба дар бораи пешомадҳои сохтмони манзилҳои ҳозиразамон, мактабу беморхонаҳо барои коргарони завод ва оилаҳои онҳо мубодилаи афкор барпо гардид.

Корхона пайваста ривоҷ меёбад  ва дар марҳилаҳои минбаъда кор идома дорад. Дар доираи марҳилаи дуюм 50 миллион доллар сармоя азхуд карда шуд. Таҷҳизоти замонавии технологии Швейсария, Германия, Ҳиндустон, Чин, Италия насб карда шуд. Дар ин марҳала соле 24 миллион долларина сулфати калий, кислотаи сулфат ва нуриҳои хлориди аммонӣ истеҳсол карда мешавад. 120 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Марҳилаи сеюм барои солҳои 2025-2028 пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли фосфатҳои моно ва дикалсӣ, нитрати калӣ, нуриҳои комплексии минералии азотӣ-фосфорӣ-калиӣ (NPK), хлориди калсӣ, фосфати моноаммонӣ, монофосфати калӣ ба роҳ монда мешавад. Арзиши лоиҳа 100 миллион долларро ташкил медиҳад. 235 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: