Президент ба мактаб-интернат ташриф овард

  • Президент ба мактаб-интернат ташриф овард

Роҳбари давлат аз мактаб-интернати махсуси бачагони гаронгӯши №102-и ноҳияи Олмазор боздид ба амал овард

Ин муассиса соли 1966 ташкил ёфта, соли 2016 таъмир гаштааст. Ҳоло ҳозир дар ин ҷо 221 нафар таълим мегирад. Ба онҳо дефектологҳо ва педагогҳои соҳиби маълумоти олӣ дарс медиҳанд. Соли гузашта се нафар аз 21 хатмкунандаи мактаб ба мактабҳои олии таълимӣ дохил гардиданд.

Интернат 4 бинои таълимӣ, хобгоҳ барои 280 ҷой, ошхона, китобхона ва толорҳои варзишиву маҷлисӣ дорад.

Роҳбари давлат бо муаллимон суҳбат намуда, ҷараёни дарсро аз назар гузаронд.

Ба ҳокимияти шаҳри Тошканд таъмир намудани ошхона ва кабинети технологияи мактаб-интернат, ташкили маҷмӯаи варзишӣ ва устохонаи истеҳсолӣ супурда шуд.

Дар назди Вазорати маорифи халқ вазифаи якҷоя бо Фонди «Замин» баргузор намудани муоинаи тиббии беш аз 2,6 ҳазор кӯдаки гаронгӯш, бо дастгоҳҳои шунавоӣ таъмин намудани онҳо ва зина ба зина гузарондани кӯдакон ба мактабҳои таълимоти умумӣ, ки дараҷаи шунавоиашон барқарор гаштааст, гузошта шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: