Президент ба маҳаллаи ноҳияи Бухоро ташриф овард

  • Президент ба маҳаллаи ноҳияи Бухоро ташриф овард

Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи Работиқалмоқи ноҳияи Бухоро ташриф оварда, бо ҳаёти аҳолӣ шинос шуд.

Дар ин ҷо бештар аз 9 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Натиҷаи кори мақсаднок дар сатҳи поёнӣ дар ин маҳалла низ инъикос ёфтааст – соҳибкорӣ фаъолона инкишоф ёфта, ҷойҳои корӣ зиёд мешавад. Аз ҷумла, дар қитъаи замине, ки пеш холӣ буд, корхонаи дӯзандагӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 30 нафар занон дар маҳаллаи худ ба кор даромаданд. Корхона сарфи назар аз ба қарибӣ ба кор сар карданаш, аллакай барои 100 ҳазор маҳсулоти трикотажӣ фармоиш қабул кард.

Сарвари давлат бо фаъолияти ин корхона шинос шуда, бо коргарон суҳбат кард.

– Дигаргуниҳои дар маҳалла ба амал омада, соҳиби кор шудани шуморо дида, шод шудам. Ин натиҷаи хурди ҷидду ҷаҳди якҷояи мо бо халқ аст. Агар ҳокимият ва ташкилотҳо шароит фароҳам оваранд, ҳар як оила дар бораи беҳбудии худ ғамхорӣ карда тавонад, ман худамро ба мақсади худ расида мепиндорам. Он гоҳ оилаи бузурги мо – давлати мо тавоно мегардад,  – гуфт Президент.

Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандону соҳибкорони вилоят аз назар гузаронида шуд. Онҳо нақл намуданд, ки дар истеҳсолот ва устохонаҳои хонагӣ  чӣ гуна занонро бо кор таъмин мекунанд. Сарвари давлат ба масъулин ҷиҳати дастгирӣ намудани талошҳои онҳо супоришот дод.

Дар маҳаллаи Работиқалмоқ зиёда аз 10 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ воқеъ гардида, инчунин Маркази хизматрасонӣ ба соҳибкорон низ мавҷуд аст. Бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳалла аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои истироҳати пурмазмуни сокинон чойхона, китобхона, майдончаи варзишӣ, ҳаммом ва хиёбонҳо ташкил карда шудаанд.

Сарвари давлатамон бо ин шароит шинос шуда, меҳмони оилаи Бахтиёр Пӯлотов шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: