17 июни соли ҷорӣ Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти Маркази бачагонаи гематология, онкология ва иммунологияи клиникӣ ба номи худ мактубҳоеро гирифт, ки аз ҷониби бачаҳое, ки дар ин муассисаи тиббӣ муолиҷа мегирифтанд, навишта шуда буд.
. Роҳбари давлат гуфт, ки ҳамаи мактубҳоро мехонад ва албатта ҷавоб медиҳад.
Дар байни ин мактубҳо паёме ба номи Президент буд, ки аз ҷониби Марҷона Муродуллоева аз ҷамоати шаҳрвандони «Ғалаба»-и ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон навишта шуда буд. Шавкат Мирзиёев ба ин мактуб ҷавоб навишт.
Ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов аз хонаводаи Марҷона боздид намуда, мактуби ҷавобии Президентро қироат кард.
Ҳамзамон проректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлати шарқшиносии Тошканд Авазбек Воҳидов орзуи Марҷонаро қариб ҷомаи амал пӯшонд, ки ӯ дар номааш навишта буд – проректор ба ӯ сертификатро дар бораи қабул гардидан ба донишҷӯии донишгоҳ супурд.
Марҷона ашки шодии худро ниҳон карда натавонист. Шодии самимӣ қалбҳои падару модари ӯро низ лабрез намуданд, ки дар тӯли чандин моҳ барои саломатии ӯ мубориза мебаранд.
ӮзА.