ПРЕЗИДЕНТ БА ОИЛАИ ӮКТАМ БАРНОЕВ ҲАМДАРДӢ ИЗҲОР КАРД

Тавре ки маълум аст, 20 сентябр пас аз бемории вазнин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди соҳаҳои аграрӣ ва озуқаворӣ Ӯктам Барноев вафот кард.

Тавре ки маълум аст, 20 сентябр пас аз бемории вазнин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди соҳаҳои аграрӣ ва озуқаворӣ Ӯктам Барноев вафот кард.
Президент Шавкат Мирзиёев 21 сентябр ба хонаи марҳум ташриф овард. Сураҳо аз Қуръон қироат карда шуданд.
Ӯктам Барноев фаъолияти меҳнатиашро дар зодгоҳаш  — вилояти Бухоро оғоз кардааст. Баъд ӯ дар Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии об, Девони Вазирон вазифаҳои масъулро бар ӯҳда дошт. Солҳои 2008-2010 ба вилояти Самарқанд,  2016-2020 ба вилояти Бухоро роҳбарӣ кардааст. Аз соли равон ӯ вазифаи муовини Сарвазир оид ба масъалаҳои рушди соҳаҳои аграрӣ ва озуқаворӣ буд.
Қариб тамоми фаъолияти Ӯктам Барноев бо кишоварзӣ ва хоҷагии об иртибот дошт. Вай яке аз иҷрокунандагони асосии ислоҳоти давлати мо дар ин самт буд. Ба ин кор тамоми дониш, таҷриба ва нерӯи худро сафарбар намуд. Вай дар диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои бозор ва системаи кооператсия, беҳтар намудани муносибатҳо дар соҳаи истифодаи замин ва об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рушди саноати хӯрокворӣ саҳми назаррас гузошт.
Сарвари давлат ба модар, ҳамсар ва фарзандони марҳум изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил орзу кард.
– Ӯктамҷон инсони олиҷаноб, тавоно, фидокор, ватандӯст, намунавӣ буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мо ҳатто вақте ки ман Сарвазир будам, якҷоя кор мекардем. Аз рамузи гапам маро сарфаҳм мерафт. Соҳиби чунин тарбия будан, чунин шахс шудан ҳодисаи нодир аст. Хусусан, вақтҳои охир як соҳаро ба ӯ супурда, хотирам ҷамъ шуда, корҳои зиёдеро оғоз карда будем. Мутаассифона, ин офат тамоми дунёро фаро гирифт. Мо барои шифо ёфтани ӯ тамоми имкониятҳоро ба харҷ додем. Аммо ҳама мемирад. Ин хости Аллоҳ аст. Ин мусибати ҳамаи мост. Бигузор, ҷойгоҳаш аз ҷаннат бошад!
Президент қайд кард, ки ба оила ва фарзандони марҳум ҳамеша ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Аъзои оилаи Ӯктам Барноев ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, ба халқамон сулҳ, тинҷӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: