Президент ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт

  • Президент ба  пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт

Президент Шавкат Мирзиёев дар боғи «Янги Ӯзбекистон» ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт.

Маҷмааи мазкур соли 2021 ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст. Дар муҷассама воқеаҳои муҳимтарини таърихи мамлакати мо, образҳои олимон ва саркардагони бузурги мо тасвир ёфтаанд. Муҷассамаро мурғи Ҳумо зери болҳои худ гирифтааст.

Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки «муҷассамаи Истиқлолият рамзи бузурги таърихи қадима ва фарҳанги бой, инсонпарварӣ, мардонагӣ ва шуҷоати халқи мост».

Дар маросим инчунин намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, Девони Вазирон ва намояндагони ҷамъияти шаҳри Тошканд иштирок намуданд ва ба пояи муҷассама гулчанбарҳо гузоштанд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: