ПРЕЗИДЕНТ: БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР МО ТАМОМИ ЗАХИРАВУ ИМКОНИЯТҲО ҲАСТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 14 июл баргузор гардид, бори дигар вазъияти эпидемиологии мамлакатро баррасӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 14 июл баргузор гардид, бори дигар вазъияти эпидемиологии мамлакатро баррасӣ намуд.


Дар бораи кӯшишҳо бобати ҷилавгирӣ намудани пандемияи COVID-19 ҳарф зада роҳбари давлат таъкид намуд: 
– Тавре ки маълум аст, аз сабаби дар мамлакатамон зиёд гардидани ҳолатҳои сирояти коронавирус мо водор гардидем, ки карантинро пурзӯртар созем. Чунки, агар ошкор бигӯем, тамоми ҷаҳон имрӯз дар ҳолати ҷанг бар зидди ин душмани ноаён қарор дорад.
Ҳар як давлат, ҳар як миллат, ки ба ин мубориза мепардозад, барои ҳимояи мамлакат ва аҳолии худ тамоми чораҳоро меандешад. Дар навбати аввал бар зидди ин таҳдид садд гузошта шуда, интизоми қатъӣ барқарор карда мешавад. Ҳаёт ва кор ба низоми омодагии баланд гузаронда мешавад. Имрӯз мо низ дар чунин вазъият қарор дорем. 
Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ вазъиятро мунтазам таҳлил менамояд ва барои боздоштани инфексия тамоми чораҳоро меандешад. 
Мо тамоми захира ва имконотро барои мубориза бо ин беморӣ дорем. Аз ҳама муҳим‘аш, кормандони шуҷоъ ва далери тиббиётамон кори худро бо садоқат ва мардонагӣ иҷро мекунанд.
Ман такрор мекунам: мо бояд дар шароити пандемия зистан ва кор карданро омӯзем. Чунки ҳаёт идома дорад. Он тақозо мекунад, ки мо оқилона, бо таҳаммул ва интизоми қатъӣ зиндагӣ кунем.
Мо худ мебинем, ки аз пандемия мамлакате бо талафи кам фориғ мегардад, ки соҳиби маданият ва тартиби пурзӯри тиббӣ мебошад. 
Мо низ бояд бо ин роҳ равем. Бешубҳа, дар чор моҳи охир одамони мо бисёр чизҳоро омӯхтанд. Дар мо таҷрибаи муайян ташаккул ёфт. Таҳлил тақозо дорад, ки стратегияи нави профилактикаи инфексияи коронавирус, ифшои бармаҳали беморӣ ва ба амал ҷорӣ намудани чораҳои табобатӣ ва назоратӣ нисбати бемор, ки бемориҳояш бе аломат ва дар шакли сабук мегузарад, корбаст шавад.
Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ тамоми чораҳои ногузирро дар ин самт бояд таъҷилан таҳия намояд ва ба амал татбиқ созад. 
Бо ин мақсад муовини Сарвазир Беҳзод Мусаев ва вазири тандурустӣ Алишер Шодмонов тартиби ҷории тест-таҳлилро таҷдиди назар намуда, низомеро таҳия намоянд, ки барои аҳолӣ қулай мебошад. 
Боз як масъалаи муҳим – шӯроҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти ҳокимият ва идораҳо дар маҳалҳо вазъияти ҳудудашонро дақиқан таҳлил намоянд ва дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи ҷумҳурӣ қоидаи карантинро пурзӯр ва ё нарм намоянд. 
Тамоми чораҳои эҳтиётиро андешида, мо аз рӯйи имконот бояд иқтидорҳои истеҳсолиро ба кор андохта, боздеҳи маҳсулотро зиёд намоем.
Масалан, дар деҳот аҳолӣ он қадар зич зиндагӣ намекунад, мисли ин ки дар шаҳрҳо. Ҳудудҳое вуҷуд доранд, ки беморӣ паҳн нагаштааст.
Дар ин маҳалҳо имрӯз ҳама бо кори саҳро беист машғул мебошад.
Дар чунин ноҳияҳо мо бояд тамоми шароитро фароҳам оварем, то ки деҳқонон озод кор кунанд ва маҳсулоти худро ба истеъмолгарон расонанд. Чунки як рӯзи тобистон даҳ рӯзи зимистонро мехӯронад. 
Пӯшида нест, ки аз ин сол эътиборан мушкилоти озуқаворӣ дар ҷаҳон масъалаи хеле муҳим мегардад.
Пеш аз ҳама муқовимат бар зидди коронавирус ва ҳам таъмини фараҳмандии одамон, мустаҳкам намудани сулҳ ва субот дар ҷамъият аз ин вобастагӣ дорад.  
Маҳз барои ҳамин ҳам мо ҳамеша бояд захираи семоҳаи озуқавориро дошта бошем. Аз фурсат истифода намуда, ба фермер ва деҳқонони меҳнатқаринамон, боғбонҳои соҳибкорамон ва тамоми ҳамватанон, ки дар саҳро имрӯз шуҷоатмандона меҳнат мекунанд, миннатдории амиқ изҳор менамоем. Ба онҳо нерӯ ва ҳосили фаровон таманно дорем.
Ҳамзамон, вобаста аз вазъият, мо бояд талаботи карантинро дар ҳар ҷое, ки зарур аст, пурра риоя намоем. 
Ҳамаи мо ба хотири саломатии оилаамон, фарзандонамон, солхӯрдагони муҳтарам таҳаммул кунем ва қоидаи карантинро қатъиян риоя намоем. 
Каме сабр кунем, ин рӯзҳо зуд мегузаранд. 
Мардумамон мегӯяд «сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад». 
Боварӣ дорам, ки одамони мо тараддудашонро бо хусусияти ба худ хоси сабр ва матонат меандешанд, озмоиши имрӯзро сарбаландона пушти сар намуда, ба мақсадҳои неки худ ноил мегарданд. 

ӮзА.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: