Президент бо арбобони кино суҳбат кард

Шавкат Мирзиёев бо корҳое, ки дар киностудияи "Ӯзбекфилм" анҷом дода шуданд, шинос шуд.

Шавкат Мирзиёев бо корҳое, ки дар киностудияи "Ӯзбекфилм" анҷом дода шуданд,  шинос шуд.

Сарвари давлат дар Муроҷиатномаи имсолаи худ ба Олий Маҷлис зарурати эҷоди филмҳои дараҷаи баланди бадеӣ, рушди саноати муосири киноро, аз ҷумла тавассути бунёди кинотеатрҳо қайд кард.

Бо ин мақсад соҳа маблағгузории калон гирифт. Тамоми павилонҳои "Ӯзбекфилм" таъмир карда шуданд ва шароити эҷоди филмҳои нав беҳтар карда шуд. Киностудия ва студияи филмҳои ҳуҷҷатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Дар ин ҷо Президент бо собиқадорон, коргардонон ва мутахассисони кинематографияи ватанӣ сӯҳбат кард.

-- Кино барои мардум ва ҷомеаи мо соҳаи хеле мураккаб, муҳим мебошад, -- таъкид кард Шавкат Мирзиёев. -- Қаблан киностудияи "Ӯзбекфилм" дар ҳолати ногувор буд. Бисёр манзил ва биноҳо ба иҷора дода шуданд. Ва ҳоло ҳама чиз ба соҳибон - ходимони кино баргашт.

Аз сабаби набудани таваҷҷӯҳ дар синамои кишварамон рукуд ба вуҷуд омад. Аксаран филмҳои тиҷории сатҳӣ дар мавзӯъҳои начандон баланд эҷод карда шуданд ва рушди соҳа дар маҷмӯъ аз сатҳи ҷаҳонӣ ақиб мондааст.

Ба туфайли таваҷҷӯҳ ва дастгирии охирин мундариҷаи филмҳо тағйир ёфт. Аз ҷумла, чунин филмҳои таърихӣ, ба мисли "Имом Термизий", "Исломхӯжа", "Элпарвар", "Қӯқон шамоли", "101", "Ибрат" ба навор гирифта шуданд.

-- Ҳарчанд теъдоди филмҳои дар солҳои охир ба навор гирифташуда ночизанд, аммо онҳо маънои бештар доранд, -- қайд кард Шавкат Мирзиёев.

Қайд гардид, ки бинандаи ватанӣ набояд зери таъсири сериалҳои телевизиони хориҷӣ афтад, балки баръакс таърих, санъат, адабиёт, арзишҳои худро донад ва дар ин рӯҳия тарбия ёбанд.

-- Кино асоси тарбия мебошад. Мо бояд мактаби кинематографӣ кушоем. Ҳоло филмҳои баландсифат намерасанд, аммо хоҳиши ба навор гирифтани асарҳои хуб вуҷуд дорад. Ҳатман бояд филме дар бораи таърихи Ӯзбекистон бошад. Вақти ин расидааст, -- таъкид кард роҳбари давлат.

Тавсия дода шуд, ки рӯйхати 100 филми беҳтарини ватанӣ тартиб дода, дар телевизионҳои давлатӣ ва хусусӣ намоиш дода шавад.

Барои абадӣ гардонидани хотираи арбобони фидокори кинои миллӣ, Президент пешниҳод кард, ки ба мактабҳои миёнаи ҳар минтақа номи актёрон ва ҳунарпешаҳои машҳур, ба мисли Раззоқ Ҳамроев, Шукур Бурҳонов, Набӣ Раҳимов, Ҳамза Умаров, Лутфихоним Саримсоқова дода шаванд.

Дар бораи омӯзиш ва татбиқи дастовардҳои соҳаи саноати кинои ҷаҳонӣ, дар бораи рушди тахассуси филмсозон, алахусус, тайёр кардани ҷавонон дар Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягӣ фикрҳо баён карда шуданд. Ғояи ташкил кардани киностудияи бачагона ба миён гузошта шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: