ПРЕЗИДЕНТ БО БУНЁДКОРИҲОЕ, КИ ДАР ТОШКАНД АМАЛӢ МЕШАВАНД, ШИНОС ШУД

14 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд татбиқ мешаванд, ошно гардид

Роҳбари давлат аз қитъаи сохтмони маркази байналхалқии тиҷоратии «Tashkent City», ки дар он ҷо бунёди конгресс-хол ва меҳмонхонаи 21 ошёнаи панҷситорадор идома дорад, боздид ба амал овард. Дар ин ҷо  бинокорӣ моҳи марти соли гузашта оғоз ёфта буд. То имрӯз корҳои бетонрезиву тарҳсозии ин ду иншоот иҷро шудаанд. Ҳоло монтажи тарроҳиҳои филизотӣ, корҳои коммуникатсионӣ, болопӯшонӣ ва ороишоти зоҳирӣ идома доранд.
Ба Президент лоиҳаи берун ва соҳати дохилии конгресс-хол пешниҳод гардид.
Умуман «Tashkent City» ҳамчун маҷмӯи замонавии корчаллонӣ бо марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, идораҳо, манзилҳои бисёрҳуҷра, тарабхона ва иншооти дигар, ки барои баргузории чораҳои дараҷаи олӣ, анҷуманҳои бузурги байналхалқӣ пешбинӣ шудаанд, андешида шудааст.
Шавкат Мирзиёев толори асосӣ ва биноҳои дигари конгресс-холро тамошо кард, ба ороишот ва муҷаҳҳазсозии ояндаи онҳо, шароитҳое, ки дар ин ҷо барои меҳмонон фароҳам оварда мешаванд, рағбат зоҳир намуд. Бобати муҳайё намудани шароитҳои хуб барои буду боши меҳмонони олиқадр ва дигар иштирокдорони чорабиниҳо, кор ва истироҳати онҳо, баргузор кардани гуфтушунидҳои ду ва бисёрҷониба бо назардошти он, ки дар ҷараёни ҳамоишҳои байналхалқӣ дар ин ҷо бисёр ҳайатҳо ҷойгузин карда мешаванд, супоришҳо дода шуданд.
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки ороишоти ошёнаи якуми конгресс-хол бояд ба анъанаҳои замонавии зиннатдиҳӣ мувофиқат кунанд, ороиши ошёнаи дувум бояд бо усули классикӣ иҷро гардад. Вай пешниҳод намуд, ки роҳраву долонҳо бо беҳтарин асарҳои рассомони ватанӣ зиннат дода шаванд.
Лоиҳаҳои вобаста ба меҳмонхонаҳое, ки дар шафати конгресс-хол бунёд меёбанд, низ муаррифӣ гардиданд. 
Президент аз Қасри бозиҳои болои яхи «Humo Arena», ки дар ин ҷо охирин корҳо анҷом мепазиранду дар қарибии «Tashkent City» бунёд мегардад, боздид ба амал овард.
Роҳбари давлат лоиҳаи маҷмӯи мазкурро 3 феврали соли 2017-ум маъқул дониста, ба пойдевори он санги нахустинро гузошта буд. Дар муҳлати кӯтоҳи сипаришуда дар ин ҷо маҷмӯи бисёрҷанбаи варзишӣ, ки барои шаҳрсозии ватанӣ навгонӣ мебошад, қомат рост кард.
Маҷмӯъ, ки 9 гектар заминро дарбар мегирад, дар буришгоҳи кӯчаҳои Афросиёб ва Бешёғоч бунёд ёфтааст. Дар он технологияҳои замонавии муҳандисӣ муҷассам буда, барои тамошои бозиҳои зиёди болои ях 12500 ҷойи нишаст, машқгоҳ барои 200 нафар, толори дорои тренажёрҳо, осорхонаи варзиш ва бисёр иншооти дигар мавҷуданд.
Саҳнаҳои асосӣ ва машқгоҳ ҳар кадом 60x30 метр андоза доранд, онҳо имкон медиҳанд мусобиқаҳо дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ гузаронида шаванд.
Ба шарофати нишастгоҳҳои мобилӣ (зудтағйирёбанда) дар маҷмӯъ метавон чорабиниҳои дигарро низ баргузор кард. Чунончӣ, ғайр аз мусобиқаҳои байналхалқии оид ба хоккей, кёрлинг, рақси болои ях, шорт-трек майдон метавонад мусобиқаҳои доир ба баскетбол, волейбол, гандбол, футзал, бокс, таэквондо ва намудҳои дигари варзишро дар сатҳи баланд гузаронад. Дар ин ҷо барои баргузор намудани чорабиниҳои тантанавӣ, консертҳо, намоишгоҳ ва анҷуманҳо шароит фароҳам оварда шудаанд.
Маҷмӯи нав ба рушди варзиш, оммавӣ гардидани хелҳои зимистонии он дар мамлакати мо, дар сатҳи нави байналхалқӣ ба роҳ мондани тайёркунии варзишгарон такони пурқувват хоҳад бахшид.
Президент бобати истифодаи самарабахши маҷмӯъ, таъмин сохтани бехатарӣ ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, кабудизоркунии ҳудуди он супоришҳо дод.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: