Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд

  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд
  • Президент бо бунёдкориҳои Самарқанд шинос шуд

Имконияти баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳои байналмилалӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди кишвар мебошад. Натиҷаи рушди комплексии минтақаҳост, ки солҳои охир чунин чорабиниҳои густурда на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар шаҳрҳо низ баргузор мегарданд.

Дар моҳҳои наздик Самарқанд як катор чорабинихои сатҳи байналхалқӣ барпо мегардад. Ҳоло ба онҳо тайёрии калон дида мешавад.

Сарвари давлат зимни сафар ба вилоят ин равандро аз назар гузаронд.

Дар шаҳри Самарқанд бисёр биноҳои охири асри XIX — ибтидои асри XX мавҷуданд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар чунин биноҳои таърихии кӯчаҳои Алишер Навоӣ ва Шоҳрух осорхонаҳо бахшида ба дӯстии байни миллатҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ бунёд карда шаванд.

Президент  ин нақшаҳоро тасдиқ намуда, ҷиҳати ғанӣ гардонидани мундариҷаи осорхонаҳо, инъикоси робитаҳои зич бо кишварҳои шарик дастур дод.

Дирӯз, 23 август дар вилояти Самарқанд маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” баргузор шуд. Дар ин маҷмӯъ чорабиниҳои калони байналхалқӣ барпо мегардад.

Сарвари давлат бо шароите, ки дар конгресс-холл ва меҳмонхонаҳои марказ фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.

Дар ин ҷо ду меҳмонхонаи панҷситорадор ва шаш меҳмонхонаи чорситорадор мавҷуданд. Масоҳати умумии толори конгресс тақрибан 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он метавонад 3,5 ҳазор касро гунҷоиш диҳад. Дар ин ҷо барои мутобиқсозии самарабахши кор дар рафти конференсияҳо маркази вазъиятӣ низ ташкил карда шудааст.

Президент оид ба беҳбуди шароити будубоши ҳайатҳои хориҷӣ ва баргузории мулоқотҳои дуҷониба тавсияҳо дод.

Бо ҳамин сафари сарвари давлат ба вилояти Самарқанд анҷом ёфта, Президент ба Тошканд баргашт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: