Президент бо чемпиони дукаратаи Паралимпиада сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Бобур Омонов, ки дар Бозиҳои паралимпии Париж аз рӯйи намуди ядропарронӣ медали тилло ба даст оварда, чемпиони дукарати Паралимпиада гардид, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлатамон Бобур Омоновро бо гирифтани унвони фахрии чемпиони дукаратаи Паралимпиада ва нав кардани рекорди паралимпии соли 2021 аз таҳти дил табрик гуфта, таъкид кард, ки ин натиҷа дар таърихи ҳаракати паралимпии Ӯзбекистон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Ба мураббиён ва пайвандони варзишгар, ки барои дар бозиҳои навбатӣ намоиш додани маҳорати баланд кумак расондаанд, миннатдорӣ баён кард.

Бобур Омонов хурсандии худро аз сафед кардани боварии мардуми кишвар иброз намуда, таъкид кард, ки муваффақияти дастаи мунтахаби миллӣ, аз ҷумла комёбии ӯ ба туфайли эътибор ва шароитҳое мебошад, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент ба онҳо фароҳам карда мешавад.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин варзишгарони дигарро, ки дирӯз ҷоиза ба даст овардаанд, табрик гуфта, ба ҳамватанонамон, ки дар мусобиқаҳои имрӯза иштирок хоҳанд кард, барор орзу кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: