Президент бо дигаргуниҳои маҳалла шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи Саховати ноҳияи Сергелӣ дидан кард.

Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи Саховати ноҳияи Сергелӣ дидан кард.

Масоҳати маҳалла, ки соли 2016 ташкил шудааст, 18 гектарро ташкил медиҳад. Дар 41 бинои истиқоматӣ беш аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо як мактаб ва ду муассисаи томактабӣ мавҷуданд.

Пештар маҳалла дар ҳолати таассуфовар буд. Имсол дар доираи барномаи "Маҳаллаи обод" ҳудуди маҳалла пурра обод карда шуд. Гузари маҳалла, боғи "Саховат", мағозаҳо қомат афрохтанд. Роҳравҳо ба тартиб дароварда, майдончаҳои бозӣ ва ҷойи исти мошинҳо ташкил карда шуданд.

Роҳбари давлати мо бо ин кори созанда шинос шуд.

Мушкилоти иҷтимоӣ дар маҳалла мақсаднок ҳал карда мешаванд. Ба шахсони ҷудогонаи эҳтиёҷманд манзил ва субсидия дода мешавад. Лоиҳаи арзишаш 5 миллиард сӯм оид ба таъмини шуғли занон ва ҷавонони бекор амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба кор даровардани корхонаи тавлиди мебел ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлат инчунин аз мағозаи хӯроквории маҳалла дидан кард.

Дар сӯҳбат бо сокинон дар бораи тағйиротҳои имрӯза, арзиши сулҳу амонӣ мулоқот сурат гирифт.

-- Мо дар Сергелӣ бисёр хонаҳо сохтем, корхонаҳои нав пайдо шуда истодаанд. Муҳимаш он аст, ки ин дигаргуниҳо дар ҳаёти одамон эҳсос шаванд. Акнун ҳар як маҳаллаи ноҳия бояд ҳамин хел обод бошад. Одамон бояд дар ин ҷо сайругашт кунанд, пиёда гарданд ва саломатии худро мустаҳкам намуда, хушбахтона зиндагӣ кунанд -- мақсади мо ҳамин аст. Хушбахтии шумо хушбахтии ман аст, -- гуфт Президент.

Имсол дар доираи барномаи "Маҳаллаи обод" ба Тошканд 1,3 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби ин дар маҳаллаҳо 937 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ, қубурҳои газ ва шабакаҳои барқ, канализатсия, 545 километр роҳҳои дохилӣ сохта ва таъмир карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: