Президент бо имкониятҳои корхонаи нав шинос шуд

Сарвари давлати мо Шавкат Мирзиёев дар заводи металлургии Тошканд бо раванди технологӣ шинос шуд.

Сарвари давлати мо Шавкат Мирзиёев дар заводи металлургии Тошканд бо раванди технологӣ шинос шуд.

Аз ҷиҳати муҷаҳҳазсозии техникӣ ва технологӣ корхона яке аз калонтарин маҷмӯъҳои саноатии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо таҷҳизоти истеҳсоли 27 кишвар, аз ҷумла Италия, Олмон, Русия, Австрия, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ насб шудааст. Системаҳои автоматикунонӣ ва назорати равандҳои истеҳсолӣ, банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд.

Аз ҳама муҳимаш, дар ин ҷо технологияҳои "сабз" татбиқ карда мешаванд. Корхона бо мақсади коҳиш додани партобҳо ва риояи қатъии меъёрҳои экологӣ бо таҷҳизоти замонавии ҷамъоварии газҳои ихроҷшуда, тозакунии оби ифлос ва дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад.

Намояндагони завод дар бораи системаи кооператсия нақл карданд. Кайд карда шуд, ки аллакай аз даҳҳо корхонаҳо фармоишҳо мерасанд.

-- Аз сабаби мушкилоти дастрасӣ ба ашёи хоми металлӣ дар саноати мо занҷири истеҳсолот мавҷуд набуд. Бо ба кор даромадани ин завод як силсилаи истеҳсоли маҳсулоти металлургии серхаридор ташаккул меёбад. Барои бунёди садҳо корхонаи нав дар минтақаҳо заминаи мустаҳкам пайдо мешавад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат инчунин ба толори намоишгоҳи завод ташриф оварда, намунаҳои маҳсулотро аз назар гузаронд.

Сипас Президент ба шарафи ифтитоҳи завод дарахт шинонд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: