Президент бо корхонаи замонавии истеҳсоли пойафзол шинос шуд

  • Президент бо корхонаи замонавии истеҳсоли пойафзол шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи “UzShoes” дар минтақаи хурди саноатии шаҳри Қаршӣ шинос шуд.

Дар Қашқадарё чарми хом бисёр аст. Сарвари давлат зимни сафари пешинааш ба вилоят дастур дода буд, ки аз ин имконият барои истеҳсоли маҳсулоти чармӣ истифода кунанд. Пас аз он дар вилоят 4 лоиҳа ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, корхонаи “UzShoes” дар ҳамкорӣ бо тоҷирони Белорус бо сармояи 6 миллион доллар бунёд шудааст. Дар ин ҷо таҷҳизоти Олмон, Италия ва Австрия насб гардида, 350 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 500 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Ҳоло барои мардон, занон ва бачагон 10 хели пойафзоли чармин тайёр карда мешавад. Ин маҳсулот бо хусусиятҳои сифат ва тарҳрезии худ ба осонӣ маҳсулоти воридотиро иваз мекунад.

Дар баробари ин, пойафзоли истеҳсоли Қаршӣ дар беш аз 100 мағозаи кишварҳои Аврупо ба фурӯш гузошта мешавад. Бо мамлакатҳои ҳамсоя ва Ҳиндустон созишҳо ба даст оварда шудаанд.

Сарвари давлат раванди истеҳсоли пойафзолро аз назар гузаронида, бо занони дар ин ҷо коркунанда сӯҳбат кард.

Ҳамчунин муаррифии лоиҳаи таълими варзишӣ баргузор гардид. Вазири рушди варзиш аз рафти иҷрои вазифаҳое, ки сарвари давлат 1 апрел дар ҷаласа оид ба рушди варзиши оммавӣ миёни ҷавонон ба миён гузоштааст,  гузориш дод. Ба масъулин дастур дода шуд, ки мутахассисони хориҷиро ҷалб карда, корҳои селексия ва раванди таълимро  дуруст ба роҳ монанд.

Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев сафарро ба вилояти Қашқадарё ба анҷом расонда, ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: