Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд

  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 21 январ бо корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд, амалӣ мешаванд, шинос шуд.

Дар ноҳияи Юнусобод, чорроҳаи шоҳроҳҳои Шаҳрисабз ва Амир Темур сохтмони маҷмӯи бисёрфунсионалии Tashkent Central Park идома доранд.  Лоиҳаи мазкури сармоягузорӣ мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 декабри соли 2018 татбиқ мегардад.

Маҷмӯъ аз се бинои 15-ошёна иборат аст. Дар он меҳмонхонаи панҷситорадор, офисҳо, толори конфронс, мағозаҳо ва тарабхонаҳо ҷойгир хоҳанд шуд. Дар наздикии он боғи ландшафт ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ташкил карда мешавад.

Бунёди чорчӯбаи биноҳо анҷом ёфтааст. Маҷмӯъ соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасонӣ дастур дод.

Президент инчунин аз маркази савдои Tashkent City Mall, ки дар кӯчаи Олмазор сохта мешавад, дидан кард.  Маҷмӯъ аз меҳмонхонаи 29 ошёна, маркази тиҷоратии 30-ошёна, маркази савдо ва фароғатии 4-ошёна иборат аст. Сохтмони онҳо бо суръат идома дорад ва интизор меравад, ки то соли 2023 ба анҷом расад.

Бо ташаббускорон ва сармоягузорони лоиҳа суҳбати кӯтоҳ сурат гирифт. Зимнан зикр гардид, ки маҷмӯъ ба яке аз калонтарин марказҳои савдои минтақа табдил ёфта, дар ин ҷо ва дар минтақаҳои наздик 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, имкониятҳои фароҳам овардашуда ба рушди соҳибкории хурду миёна такони қавӣ мебахшад.

Президент Шавкат Мирзиёев ба маркази вазъиятӣ, ки дар ҳокимияти Тошканд ташкил карда шудааст, ташриф овард.

Иншоот барои хидматрасонии замонавӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Бинои чорошёна аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ба миқдори 110 миллиард сӯм сохта шуда, бо 60 сервер, девор-видеои васеъформата ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Марказ бо системаҳои биллингӣ ва порталҳои беш аз 60 идораҳои қувваи барқ, таъминоти газ, обу гармӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва бехатарии ҷамъиятӣ муттаҳид шудааст. Ба шарофати ин имкони бо истифода аз геопозитсия пайгирӣ кардани вазъи дахлдор дар тамоми мавзеъҳо ва кӯчаҳои шаҳр ҳаст. Мутахассисони ба ноҳияҳо вогузошташуда вазъиятро дар режими вақти реалӣ назорат карда, дар мавриди зарурӣ сари вақт чораҳои ҷавобӣ меандешанд.

Маркази вазъиятӣ инчунин бо вазифаҳои стратегӣ, аз қабили таҳлил ва банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ машғул хоҳад шуд. Нақшаҳои ҷойгир кардани беморхонаҳо, мактабҳо ё боғчаҳои бачагон, таъмиру сохтмони роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ тартиб дода мешаванд. Дар марказ қариб 100 нафар мутахассисони соҳибихтисос кор мекунанд.

Президент дастур дод, ки ин таҷриба дар дигар минтақаҳо паҳн карда шавад.

Дар ин ҷо оид ба масъалаҳои ташкили низоми кор дар қисмати маҳаллаҳои шаҳри Тошканд низ ҷамъомад барпо гардид.

Дар мамлакатамон бобати ба ҳар як маҳалла расондани ислоҳот кор пеш бурда мешавад. Ҳамин тариқ, дар Тошканд раёсати ҳудудии Агентии кори маҳаллабай ташкил карда шуда, дар 579 маҳалла фаъолияти ёварони ҳокимон ва пешвоёни ҷавонон оғоз ёфтанд.

– Намояндагони ин ду низом, яъне ёварони ҳокиму губернаторон ва пешвоёни ҷавонон дар маҳалла ислоҳотхоҳ хоҳанд буд. Мо аз шумо дар беҳтар гардондани ҳаёти аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, таълим ва бо кор таъмин кардани ҷавонон умеди калон дорем, –   гуфт  Шавкат Мирзиёев.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки барои ҳар як маҳалла асосҳои иқтисодӣ таҳия намуда, дар он самтҳои рушд ва касбомӯзии бекоронро ба назар гиранд.

Муайян карда шуд, ки имсол барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳои Тошканд аз буҷа 500 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Давлат барои рушди соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо низ 476 миллиард сӯм қарз ва субсидия медиҳад. Маблағҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ва коммуналӣ, инчунин ба лоиҳаҳои соҳибкорон бинобар тавсияҳои ёварони ҳокимон равона карда мешаванд.

Ба ҳокимияти шаҳри Тошканд супурда шуд, ки барои 271 маҳаллаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба нақша гирифта нашуда лоиҳаҳо таҳия намоянд ва ба онҳо сармояҳо ҷалб кунанд. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби роҳандозии лоиҳаҳои нави саноатӣ имкони ду баробар афзоиш додани содироти пойтахт имконпазир аст.

Сарвари давлат дар суҳбат бо раисони маҳаллаҳо, ёварони ҳокимон ва пешвоёни ҷавонон таъкид кард, ки вазифаи асосии онҳо аз баланд бардоштани самаранокии кор, омӯхтани вазъи ҳар як оила ва расонидани ёрии ҳамаҷониба ба шахсоне, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари занон» ва «дафтари ҷавонон» ворид карда шудаанд, хуллас, таъмини манфиатҳои инсон иборатанд.

Таъкид гардид, ки пешвоёни ҷавонон бояд ба таври доимӣ имкониятҳои навро ҷӯянд ва дар болои худ кор кунанд, мунтазам ба ҳокимони ноҳияҳо пешниҳодҳои нав вороид созанд.  

Лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ, ки дар маҳаллаҳо сохта мешаванд, низ баррасӣ шуданд.

Тақдимоти кори анҷомдодаи ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот», натиҷаи ҷорӣ намудани низоми автоматиконидашудаи баҳисобгирӣ ва назорати истеъмоли гази табиӣ ба амал омад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: