Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд

  • Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд
  • Президент бо корҳои созандагии деҳаи Белтов шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷамоати шаҳрвандони авули “Белтов”-и ноҳияи Тахтакӯпири Қароқалпоқистон ташриф овард.

Дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Авуле, ки аз маркази ноҳия 40 километр дур аст, пас аз корҳои ободонии дар чаҳорчӯби барномаи «Деҳаи обод» анҷом додашуда қиёфаи дигар гирифт.

Бинои ҷамоати шаҳрвандон, маркази маданият, пункти тиббӣ ва боғчаи бачагон аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳаммом сохта шуд. Қубури об кашида шуда, таъминоти оби нушокӣ беҳтар гардид. Фарши роҳҳо беҳтар гардонда шуданд. Дар канали “Оржап” купруки пиёдагардҳо сохта, роҳраву заҳбурҳо ба тартиб оварда шуданд. 5 километр шабакаи барқ нав карда, трансформатори нав гузошта шуд.

Шавкат Мирзиёев корҳои созандагиро аз назар гузаронда бо сокинон суҳбат орост.

– Таваҷҷуҳи хоса ба Қарақалпоқистон, ба кор андохтани қувваю захираҳои зиёд дар солҳои охир натиҷаи худро дода истодааст. Одамон ба дурустии роҳи мо боварӣ доштанд. Ҳоло мо дар назди худ мақсадҳои нав мегузорем. Ҳамаи роҳбарон дар Қароқалпоқистон хастанд. Ин дар таърих бори аввал аст. Онҳо бо захираҳои худ, дастаҳо омадаанд, лоиҳаҳои мушаххасро таҳия мекунанд. Мо бояд шуҳрати пештараи Тахтакӯпирро барқарор кунем, – гуфт Президент.

 Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии занон алоҳида таваққуф намуд.

– Мо бояд дар кишварамон ҷомеае бунёд кунем, ки дар он ашки занон намерезад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бо ёварони навтаъини ҳоким ва пешвоёни ҷавонон мулоқот баргузор гардид. Онҳо оид ба ҳалли мушкилоти маҳаллаҳо, бо ҷойи кор таъмин намудан пешниҳодҳои худро баён карданд.

Дар ин ҷо Президент бо журналистон суҳбат кард.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: