Президент Шавкат Мирзиёев сафари худро ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз шиносоӣ бо иқтидори саноатии вилоят оғоз намуд.
Корхонаи муштараки “Nukus Eleсtroapparat” соли 2017 ба истифода дода шуда, барои шабакаҳои барқ таҷҳизоти қудратӣ истеҳсол мекунад. Моҳи июни соли равон дар ин ҷо лоиҳаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ ба маблағи зиёда аз 10 миллион доллар оғоз гардид. Таҷҳизот аз Ҷумҳурии Куриё оварда ва насб карда шудааст. Раванди истеҳсолот пурра автоматӣ кунонда шудааст. Иқтидори солонаи лоиҳа 273 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ин ба минбаъд дар мамлакати мо ҷорӣ намудани энергияи алтернативӣ мусоидат мекунад. То имрӯз дар биноҳо ва хонаҳои гуногун панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 600 мегаватт насб шудаанд. Ин раванд идома дорад.
Дар баробари маҳаллигардонии маҳсулоти дар бозори дохилӣ серхаридор корхонаи муштарак тавонист ба маблағи 4 миллион доллар маҳсулот содир кунад. 70 нафар бо кор таъмин карда шуданд.
Сарвари давлатамон бо раванди технологӣ шинос шуда, бо коргарон суҳбат кард. Ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани шумораи чунин корхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дорои талаботи зиёд дар бозор супоришҳо дода шуд.
Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ низ намоиш дода шуд.
Дар худи завод панелҳои офтобии иқтидорашон 125 киловатт насб карда шудаанд. Неруи барқи ҳосилшуда барои эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мешавад ва зиёдатӣ ба шабакаи барқи минтақавӣ фурӯхта мешавад.
Дар тӯли солҳои охир дар кишварамон аз ҳисоби сармояҳо ба миқдори 2 миллиард доллар 10 неругоҳи офтобӣ ва шамолӣ ба кор андохта шуд, ки иқтидори умумии онҳо 2,6 гигаватт мебошад. Ҳамчунин оид ба 32 лоиҳаи "сабз"-и иқтидораш 18,6 гигаватти арзиши умумиаш 19 миллиард доллар корҳо амалӣ карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, то соли 2030 ба 40 фоиз расондани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар баланси энергетикӣ пешбинӣ шудааст.