Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд

  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд
  • Президент бо минтақаи нави саноатӣ дар Намангон шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба минтақаи хурди саноатӣ ва соҳибкории «Баркамол авлод»-и шаҳри Намангон ташриф овард.

Дар мамлакатамон ба мақсади дастгирии соҳибкорӣ технопаркҳо ва минтақаҳои хурди саноатӣ ташкил карда мешаванд. Дар вилояти Намангон шумораи ин гуна маҷмааҳо ба 73 адад расид.

Дар маҳаллаи Баркамол авлод соҳибкорону ҳунармандон зиёданд. Аммо онҳо маҷбур буданд, ки дар шароити хона кор кунанд, ки имконоти ба амал татбиқ намудани иқтидори онҳоро маҳдуд мекард.

Аз ин рӯ, дар паҳлӯи маҳалла дар майдони 10 гектар маҷмааи саноатӣ бо инфрасохтори зарурӣ ташкил карда шуд. Дар ин чо 46 лоиҳа ба амал бароварда мешавад. Дар 18 корхона кор ба охир расида, аллакай ба фаъолият шурӯъ намуда, зиёда аз 2000 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Сарвари давлат дар корхонаҳои «Мастер класс дизайн», «Сифат ёғоч саноат», «Баланс текс»  бо равандҳои технологӣ шинос шуд.

Корхонаи якум соле 150 ҳазор адад пойафзоли чармин истеҳсол менамояд. «Сифат ёғоч саноат» дар як сол 1,2 ҳазор комплект мебел, «Баланс Текс» 400 ҳазор дона маснуоти бофандагӣ истеҳсол карда метавонад. Дар онҳо ҷавонону занони маҳаллаҳои ҳамсоя, ки қаблан бекор буданд, кор  мекунанд ва даромад ба даст меоранд. Маҳсулот аз рӯи сифат ва арзониашон ҷойи маҳсулоти воридшавандаро иваз мекунанд.

— Мо одамони ташаббускор, серғайрат дорем. Ҳамин тавр, мо шароит фароҳам овардем ва кор пеш рафт. Акнун мо бояд ба истеҳсолкунандагон кумак расонем, ки арзиши аслиро кам кунанд. Арзиши аслӣ масъалаи "ҳаёту мамоти" соҳибкор мебошад. Агар арзиши аслӣ кам шавад, ба содирот баровардан осон мешавад, тиҷорат тавсеа меёбад, имкони бештар ҷалб намудани  коргарон фароҳам оварда мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар дигар лоиҳаҳои минтақаи саноатӣ таҷҳизот насб карда мешавад. Умуман, дар ин ҷо вусъат додани истеҳсоли либоси тайёр, маҳсулоти чармин, масолеҳи бинокорӣ, мебел, коғаз, хӯрокворӣ ва маҳсулоти кимиё ба нақша гирифта шудааст. Зиёда аз 6 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳои Баркамол авлод, Яккатут, Янгиҳаёт, Обжувоз, Лола, Чаман бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Президент дар ин ҷо бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатии дар Намангон истеҳсолшуда шинос шуд. Супориш дода шуд, ки дар баробари соҳаҳои пешқадам занбури асалпарварӣ, заргарӣ, мевавусабзавотпарварӣ ривоҷ дода шавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: